Sebiston new 2024 october
Саидкул Билолов
2220

 Даричаи ошноӣ:

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов 5 октябри соли 1953 дар Кангурти вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон. Директори дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбари бадеии ансамбли «Дарё». Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ. Хизматҳояш дар соҳаи ҳунар бо ордени «Дӯстӣ» ва медали «Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» қадр карда шудаанд. Маҷмӯаи таронаҳояш дар шакли девон бо номҳои «Дарёи суруд» ва «Дилнома» ба табъ расиданд. Оиладор, падари 4 фарзанд: Фирӯз, Фаридун, Райҳона ва Иқлима.

– Устод, чаро дар тарҷумаи ҳолатон ҳамагӣ се соли таҳсил дар мактаби миёна қайд шудаасту халос?

– Соли 1963 бо воситаи радио аз таъсисёбии мактаби махсуси мусиқӣ барои ҷавонони болаёқат хабар доданд. Моҳи октябри ҳамон сол ба мактаби мо аз пойтахт як гурӯҳ меҳмонон барои пайдо кардани бачаҳои боистеъдод омаданд. Ман, ки аз хӯрдӣ ба шеъру суруд шавқу ҳавас доштам, шод шуда дар озмун иштирок намудам. Таронаи сурудаи ман, ки бо чунин мисраҳо оғоз меёфт, ба аъзои ҳакамон писанд омада баҳои баланд гузоштанд:

Духтари помирии бо нози ман,

Ёри санъаткори хушовози ман.

Мо, чанд нафар ҷавонони боистеъдодро пас аз озмун ба пойтахт оварданд. Ҳамин тавр, «бачаи шаҳрӣ» шудам ва аз синфи 4 то 10 дар мактаби мусиқӣ таҳсил намудам. Мо аввалин хатмкунандагони мактаби мусиқии пойтахт ҳастем.

– Шуморо ҳам дар доираҳои фарҳангӣ ва ҳам дар байни мардум ҳамчун ҳунарманди соҳибмактаб мешиносанд ва эътироф менамоянд. Дар чанд соле, ки роҳбари ансамбли овозадори «Дарё» ҳастед, шогирдонатон, яъне ҳунармандони ансамбл ба кадом дастовардҳо ноил гаштанд?

– Дар давраи роҳбарии ман дар ин ансамбл, ки зиёда аз 50 нафар ҳунармандон дар он фаъолият менамоянд, бисёр дигаргуниҳо ба амал омаданд. Дар ин муддат 4 нафар ҳунармандон бо унвони олии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва 12 нафар бо унвони Ҳунарманди шоиста сазовор гаштанд. Ҳукумати кишварамон хизматҳои ду ҳунарманди «Дарё»-ро бо ҷоизаи ба номи Рӯдакӣқадрдонӣ намуд, ки ин,албатта, нишонаи пешравии ансамбл аст.

– Солҳои охир дар бораи нақш ва мақоми зан дар ҷомеа бисёр мегӯянду менависанд. Мехостем назари Саидқул Билолов барин марди муваффақро нисбати зан бидонем…

– Аз назари ман, зан бояд боиффат бошад, хоса бонувони тоҷик набояд духтари шарқӣ буданашонро аз ёд бубаранд, зеро зан, пеш аз ҳама, модар аст. Модари ман, модари шумо, модари ҳамаи мо, модари инсоният! Ҳусни зан дар шарму ҳаё ва иффати ӯст. Беҳуда нагуфтаанд: «Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст».

– Шоҳ ва лашкаркаши машҳур Наполеон Бонапарт, ки нисфи ҷаҳонро зери рикоби худ дароварда, шуҳраи олам гашта буд, иқрор шудааст: «Дар паси муваффақиятҳои ҳар як марди машҳур сояи наҳифи зани оқилае ниҳон аст». Шумо ба ин андеша розӣҳастед?

– Сад дар сад розиям! Зани оқила мардро МАРД мекунад. Шайх Саъдии бузург беҳуда нагуфтааст:

Зани хубу фармонбару порсо,

Кунад марди дарвешро подшо.

Зани оқила ба сару либос ва хӯрду хӯроки шавҳараш диққати махсус дода, аз мардаш шоҳзода месозад. Зани қобилу оқил сарвати мард аст. Сарвати бебаҳое, ки на ба ҳар мард муяссар мегардад. Марде, ки дар симои занаш ёрдамчии хубе дорад, албатта, пеш меравад ва комёбу машҳур мешавад.

– Маълум, ки ҳамсаратон аз зумраи бонувони оқила аст?

– Бале, ман аз модари фарзандонам розиям. Нисфи муваффақиятҳои ман дар зиндагӣ бо шарофати занам аст.

– Сарвари давлатсоли 2015-ро «Соли оила» эълон намуданд. Шумо ин иқдоми Президентро чӣ гуна қабул кардед?

– Воқеан, ин иқдоми сарвари давлат бисёр иқдоми саривақтӣ буд, чунки оила такягоҳи инсон аст. Ояндаи ҳар кадоми мо аз имрӯзи оила сарчашма мегирад. Пешрафту шукуфоии давлат ба саодати ҳар як хонавода ва дараҷаи илму ҳунаромӯзии насли наврас вобастагӣ дорад, аз ин хотир,ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ бояд ба масъалаи оила ва тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Ман имсол чанд таронаи хуб эҷод намудам дар васфи зан-модар, аз ҷумла «Алла», «Гулнабера», «Фардои зиндагӣ», «Алвидоъ эй 5-у 4-и кӯдакӣ». Гумон мекунам, ки ин сурудҳо беҳтарин дастовез дар «Соли оила» мешаванд.

– Устод, андак дер бошад ҳам шуморо бо ҷашни милодатон аз номи аҳли эҷод ва хонандагони сершумори «Оила» муборакбод мегӯем! Ҳамеша хушбахту сарбаланд бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД