Ҳодисаи гушношуниди падарашро мурданивор лату кӯб кардани як ҷавон дар шаҳри Конибодом даҳон ба даҳони мардум мегардад.
Яке бо шунидани ин ҳодиса гиребони тавба медорад, дуюмӣ ба писари нохалаф лаънат мехонад, саввумӣ бошад, гуноҳро ба сари ҷабрдида зада иддао мекунад, ки ӯ як майзадаи ҷангҷӯй буда, моҷароро худаш сар кардааст. Барои фаҳмидани асли ҳодиса мо роҳ ба сӯйи шаҳри Конибодом пеш гирифтем.
Ҷарроҳ:
Китфи муйсафед шикаста, банду буғумҳояш ҷудо шуда буд.
Сароғоз мо ба беморхонаи марказии шаҳри Конибодом рафта, бо духтури табобатии падари аз писар шатта хӯрда ҳамсӯҳбат гаштем. Ҷарроҳ Раҳим Махкамов зимни сӯҳбат чунин гуфт:
-Рӯзи 16-уми ноябр ба беморхонаи мо як муйсафеди тахминан 70-соларо дар ҳолати ниҳоят вазнин оварданд. Азбаски аҳволи бемор ниҳоят баду ҷонаш дар хатар буд, сароғоз ӯро дар шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ намуданд. Пас аз ду шабонарӯз мӯйсафед каме ба худ омад ва ӯро ба шӯъбаи мо гузарониданд. Бовар кунед, вақти китфи муйсафедро меқапидем мисли барфро пахш кардан “ғижжос” мекард. Гӯши мӯйсафед даридаю китфҳо чунон шикаста буданд, ки тамоми банду буғумҳояш аз ҳам ҷудо шудаанд...
Писар гӯши падарро дарронду...
Ҷамшед Комилов, мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони беморхонаи марказии шаҳри Конибодом дар робита ба ин ҳодиса мегӯяд:
-Муйсафеди 76-сола Абдухалил Сабуров, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Лоҳутии шаҳри Конибодом бо эмфеземияи зерипӯстӣ, шикастани қабурғаи чап бо буридани пардаи прелавӣ, хунравии зери пардаи дил, даридани гӯши чап ва дигар ҷароҳатҳо санаи 18-уми ноябр ба шӯъбаи мо интиқол ёфт. Ҷарроҳӣ бо усули блавр, яъне найчагузорӣ ба ковокии қафаси сина гузаронида шуд.
Аз рӯи нақли шоҳидони ҳол гуноҳи мӯйсафеди бечора танҳо ҳамин будааст, ки ба писараш “чаро говро нигоҳ накарадӣ?” гуфта, каме баланд гап задааст. Барои ҳамин қадар гап писари бераҳм падарро зери мушту лагад гирифта, чунон лату кӯб мекунад, ки мӯйсафеди бечора дар хуни худ ғарқ шуда, дар ҳолати вазнин ба бемористон меафтад...
Барои фаҳмидани асли ҳодиса мо роҳи деҳаи Лоҳутии шаҳри Конибодомро пеш гирифтем, то ки бо писари падарозор ҳамсӯҳбат гашта, сабаби ба сари падар даст бардоштанашро пурсон шавем, аммо...
(Идомаи мавзуро дар ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед!
Фарзона Муродӣ