sebiston july new
Вақте, ки мурда мегирист
3342

 

         Се сол боз модар роҳи фарзанд мепоид. Омадани ӯро шабу рӯз интизор буд. Кай аз дар «очачон»- гуфта, фарзанди роҳдураш медаромада бошад.

       Бо умеди хонадоркунии ӯ модар дар фазоӣ хаёлоти ширин парвоз мекард. Ба­рои писари роҳдури ба дил наздикаш сандуқи домодй харид. Беҳтарин либосҳои қимату зеборо дар даруни он монд. Барои келини оянда, арӯси писараш, ки онро дар танаш бипушад.

       Охир писари азизаш Дилшодҷон ваъда дода буд, ки моҳи август ба хона меояд. Ӯ розй аст, ки модар ба ӯ ҷомаи домодй пушонад. Падараш - табиби номй - Анвар Қурбонов хеле чавон даргузашт. Қадрасии фарзандаш Дилшодро надид. Модар пас аз марги шавҳар масъулияташ дучанд шуд. Ӯ акнун ба фарзандон ҳам модар буду ҳам падар. Ҳарчанд, ки ҳар кадом ҷои худро дорад. Тарбияи панҷ фарзанд, бе падар кори хеле мушкил буд. Мастона бо умеду орзуҳои зиёд ба қомати балан­ду зебои писараш мувофиқ ҷомаи домодиву рӯймоли дастдӯз дӯхт. То онро рӯзй тӯй ба фарзандаш пӯшонда, ормонҳои чандинсолаи худ­ро шиканад.

         «Писарам аз Россия аз кишвари сардиҳо меояд. Мабодо хунукиҳои сарди Рос­сия ба писарам асар накарда бошад? Писари ҳамсоя, ки ҳамному ҳам фамилия ва ҳамсоли ӯ буд, аз Рос­сия омада, аз шамолхӯрии дарди гурда, баъди даҳ рӯз фавтид. Модару ду кӯдак ва ҳамсари ҷавонаш дар хона ҳайрону гирён монданд».

         Модар барои он ки пи­сараш ба ин ҳол наафтад, рафта як чалакча асали тоза харид, то писарашро аз шамолхурй наҷот диҳад. Бехабар аз қисмати талху сари сахташ.

         ...11-июли соли равон ба хешу наздикон хабари шум расид: дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия чанд нафар ҷавонони тоҷик, дар муноқишаи байни тоҷикону озарбойчониҳо кушта шуданд. Дар байни кушташудагон Дилшод Қурбонови 22-сола аз шаҳри Вахдат низ ҳаст. Дар ин ҷанҷол Дилшод мебинад, ки рақибонашон хеле зиёданд бачаҳои тоҷикро мегурезонад. Медонист, ки муқобилият кардан бефоида аст. Дигаронро гурезонду худ тӯъмаи душман шуд. Ӯро нохост аз пушташ корд заданд. Чанд корди болоиҳа­ми номардон ӯро ба замин хобонд. Дилшодро оғӯштаи хун ба беморхона бурданд. Вале наҷот дода натавонистанд. Дилшод дар беморхо­на ҷон дод.

         Баъди фаҳмидани ин ха­бар наздикон рӯю мӯй меканданд. Ашки худро пок карда ба хонаи Мастона меомаданд, то ки Модар нафаҳмад. Диданд, ки модар ҳанӯз хабар наёфтааст, мегӯяду механдад. Аз Дилшод пурсӣ, шукр мегӯяду пас аз моҳи шарифи Рамазон тӯй доштанашро таъкид мекунад. Дили наздикон аз дидани модари чашм интизор реш-реш мешуду касе ҷуръати гуфтани хабари нохӯшро надошт. То Модар чизеро пайхас накунад, хешону ҳамсояҳо кам меомаданд. Умед доштанд, ки ин хабар нодуруст аст. Ба ҳар ҳол роҳи дур. Ҳарчӣ шуданаш мумкин.

         Ҳамсоязани тоҷири Мо­дар, нақл мекунад, ки як рӯз пеш аз ин воқеа Мастона хоҳиш кард, ки ҳарду ба бозор рафта, барои хонаи домодии Дилшод курпаву кӯрпачаҳои хушрӯю мувофиқ харанд. Ҳамсоя пас аз шунидани ин таклифи Модар «майлаш- майлаш»- гӯён, худро ба зӯр нигоҳ дошта, аз ҳавлӣ берун мешавад.

           Бегоҳирӯзӣ бародари калонии Мастона, ки нав ба осоишгоҳи «Зумрад» рафта буд, ба хона меояд. Аз тез баргаштани бародар Мас­тона ҳайрон шуд. Дилаш аз чизе хавотир ба рӯйи акааш нигарист. Бародар медонист, ки пагох, субх, бояд мурдаи Дилшодро ба хона биёранд, ноилоҷ ба хоҳараш гуфт, ки як хабари нохӯш шунидаму барои ҳамин омадам. Ҳоло давоми гапи ӯ дар даҳон Мастона беихтиёр, «Дил­шодро куштанд!», гуфту аз ҳуш рафт. Вақте ба худ омада чашм кушод, болои сараш пур аз хешону наздикон ва ҳамсояҳо буданд.

           Дили Модар дар ҳол ҳис карда буд ва ин ҳиссиёт рост буд...

...Рӯзи 12 июл бо тайёра танҳо аз шаҳри Санкт- Петербург даҳ тобути ба- чаҳои тоҷикро оварданд, ки дар байни онҳо Дилшод Қурбонови 22-сола низ буд. Модар аз дидани фарзанди оғӯштаи хунаш, фарёди ҷонгудозе кард. Аз рухсо- раҳои заъфарон гаштаи писараш мебусиду нола мекард.

- Оҳ, ҷону ҷигарам, хушқаду қоматам Оҳ, бачаи се сол рӯятро надидаам. Туро бисёр ёд кардам, аз рӯят серӣ надорам. Оҳ, бачаи беинсофаме, дилат барои очаат насӯхт? Ақалан туро зан медодам. Ба қадат ҷомаи домодӣ мепӯшондам, ормонам намемонд. Кош аз ту як нишона мемонд. Фарзандатро ба оғӯш мекашидам, ки бӯйи туро мекард, на ту ормонӣ мемондию на ман. Оҳ, номуродӣ оча, вақте, ки Мо­дар ин нолаҳоро дар бехи гӯши фарзандаш мекард, беихтиёр аз чашмони фар­зандаш, қатраҳои ашк чорӣ шуданд. Мурда баробари модари ҷигарсӯзаш меги- ристу гӯё бо ин гуфтанӣ буд: «Маро бубахш, модарҷон».

                            

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД