Arzon march 2024
13-сабаби хостгор нафиристодани мард
3699


Муносибатҳои ошиқонаатонро чанд сол шудаасту хешу таборон дар интизории тӯйи арӯсии шумо чандин кафшу маҳсӣ дарронданд, вале ҷавони дӯстдоштаатон ҳеҷ падару модарашро ба хостгорӣ намефиристад?

Донистан мехоҳед, ки чаро ӯ чунин зебосанамро ба занӣ гирифтан намехоҳад?

1)Аллакай оиладор будагист
Вақтро беҳуда нагузаронда аз ҷавони дӯстдоштаатон шиносномаашро талаб кунед. Шояд дар деҳаи Гулбутта аллакай зану панҷ фарзанд дошта бошад.

2)Варианти эҳтиётӣ ҳастед
Бонуи дигареро дӯст медорад, вале шуморо барои рӯзи мабодо нигоҳ медорад. Дар сурати бо он арӯсаш издивоҷ накардан, шояд шумо ба ёдаш расед, агар не, ҳаволаатонро ба худо месупорад.

3)Мошин харидан мехоҳад
Шумо гунаҳкор нестед, ки модараш дар кӯдакӣ мошинчаи дилхоҳашро нахарида буд. Дониста бошед, ки писарбачаҳо очаю духтарбозиро дӯст намедоранд. Интизор шавед, агар мошинча ба дилаш зад, шуғли дигар меҷӯяд ва шояд он ҳаваси мардона бо шумо издивоҷ кардан бошад.

4)Шуморо лӯливу шаттоҳ мешуморад
Дар ҳақиқат чунин бошаду аз оташи ғазаби шумо тирезаҳои хонаатон мешикаста бошанд, беҳуда нест, ки ҷавон аз издивоҷ мегурезад.

5)Пул надорад
Кампулии мард ду натиҷа дорад. Дарҳол зани падараш пулдорро меҷӯяд ё камбағалияшро ба гардан гирифта, то пул кор накунад, зан намегирад. Беҳтараш ба чунин мард дили тиллоиву қалби зебо доштанатонро нишон надиҳед. Ин тоифаи мардон хеле хуб медонанд, ки ба дили тиллоӣ ангуштарини тилло илова кардан лозим асту ба қалби зебо манзили зеборо.


-Як рӯз вақти писарамро ба боғча бурдан, гиря карда, зорию тавалло кард, ки дигар Аҷузкампир нашавед.

 


6)Моргазида аст
Як тоифаи мардон барои он зан намегиранд, ки ҷароҳатҳояшон шифо наёфтаанд. «Моргазида аз ресмони ало метарсад» мегӯянд, марде, ки як бор шаттаи зани шаттоҳро хӯрдааст, тарсӯ мешавад. Бовар кунед, дар ҷаҳон мардони фариштахисол кам нестанд, мутаассифона ин тоифа ба доми аҷузаҳо афтида, хеле дер ба худ меоянд.

7)Мухлиси ашаддии бозиҳои компютерӣ аст
Гумон мекунед, ки ҳамроҳатон дар мағозаҳои атриёт гаштан ба чунин мард хуш меояд? Ба ҳеҷ ваҷҳ! Вақте ӯ ба бозиҳои компютерӣ гӯшу ҳуш мешавад, шуморо на дидан мехоҳаду на шунидан, албатта то лаҳзаи танаффус.

8)Озодиро аз даст додан намехоҳад
Эхтимол мард бо дӯстонаш нишастану дилхушӣ карданро аз шумо авлотар медонад. Намехоҳад бо дасти худаш ба гарданаш банд баста, аз чунин лаҳзаҳои гуворо маҳрум гардад.

9)Аз домод шудан метарсад
Ҷавон дар назди хушдоману хусур худро одами хуб нишон додан намехоҳад, барои ҳамин зан намегирад.

10) Дӯстонашро дӯст медорад
Ҷӯраҳояш ҳайрон мешаванд, ки ӯ дар шумо чӣ ёфтааст. Дӯстонаш намехоҳанд, ки шумо ба ҳар кори ӯ бинӣ халонед. Дӯстдоштаатон ба гапи дӯстонаш гӯш диҳад, аз ҳамин саба хостгор намефиристад.

11)Мардро асабӣ мекунед
Кам бо ӯ дар тамос бошед, тоқат карданаш мумкин аст, вале аз субҳи содиқ тамоми мушкилиҳоятонро аз дарди сару нараки рӯй сар карда, то попӯшии наву малҳаму гелҳоятон муфассал ба ошикатонақл мекарда бошед, бовар кунед, ки ба зудӣ шумо ин мардро аз даст медиҳед.

12)Танҳоӣ
ӯ одат кардааст, ки мурғро дар танҳоӣ хӯрда, дар бистар танҳо мехобаду танҳо зиндагӣ мекунад. Хеле хуб медонад, ки зан ба хӯрдану хобидану истироҳаташ халал мерасонад. Агар ба танҳо зистанаш монеъ нашавед, аз имкон дур нест, ки мурғро тақсим карда, ягон рӯз шуморо ба идораи ақди никоҳ мебарад.

13) ӯ шуморо дӯст намедорад
Ҷавон васфи ҳусну малоҳататонро мекунад, вале ҳеҷ гоҳ дар бораи нақшаҳояш оиди зангирӣ, фарзанддоршавӣ намегӯяд. Барои он хомӯш аст, ки зебову меҳрубон буданатонро медонад, вале табъи дилаш нестед. Мутаассифона, ин мард ошиқ нест ва ба хотири шумо аз осмон ситора овардан намехоҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД