Комилҷон Зарипов, писари сарояндаи мардумии Тоҷикистон Қобилҷон Зарипов , ки миёни ҷавонон хеле маҳбубият дорад, намоҳанги навбатии худро бо унвони "Яғнобӣ" пешниҳоди мухлисонаш гардонид.
Дар ин бора худи Комилҷон Зарипов ба хабарнигори сомонаи "Oila.tj" чунин гуфт:
Намоҳанги навбатии банда бо номи “Яғнобӣ” муддати се рӯз мешавад, ки тариқи сомонаи "YouTube" дастрасӣ мухлисон гардид ва мутмаинам, ки эшон онро хуб қабул карданд.
Ҳамчнин Қомилҷон илова намуд, ки ин намоҳанг дар манзараҳои зебои Қаратоғ аз ҷониби студияи “ Raw-Production” рӯи навор омадааст.
Ногуфта намонад, ки дар ин намоҳанг блогери машҳури Тоҷикистон Сабринаи Назрӣ ҳамроҳи банда нақш офаридааст.