arzon replenishment
Янга не, балои ҷон (қисми2)
3239

Вақте Собира-хола чашм кушод, худро дар хона болоӣ ҷойгаҳи хобаш ва духтаронашро дар гирдаш гирён дид.

  -Хайрияте, чашм кушодӣ,-гуфт Кибриёву аз рухсори модар бӯсид.
  -Чӣ гап шуд?-пурсид хастаҳолона модар.
  -Доду войи келинат ҳушатро аз сар парронд,-ба таври худ шӯхӣ кард Лайло.
 Аммо банди дасташро сахтакак пӯчидани апааш Зебӣ ӯро хомӯш гардонд.
    Собира-хола қуввату мадори аз ҷой боло шуданро дигар надошт. Ӯро ҳарчанд мехостанд ба беморхона баранд, вале розигӣ намедод. Дар ҳафтаи дуюм бемориаш хурӯҷ карду дар болоӣ дасти писар ҷон дод. Ӯ ду рӯз пеш аз вафот писарашро назди худ хонда, зорӣ кард, то ҷилави ҳамсарро ба даст гираду хоҳаронашро пӯшту паноҳ гардад. Зани бечора аз аламу дарду ҳасрат ба қавле бармаҳал ғуссамарг шуд.
    Рӯзи ҷанозаи Собира-хола, келин аз духтарон дида, балантар навҳа мекашиду дар нолаҳои худ бо “во ҳасрат”, арз медошт, ки гӯё хушдоманаш аз пӯшти ноӯҳдагии духтаронаш  дарун ба дарун сӯхтаву ниҳоят обу адо гашт.
    Суханони янга дар байни мардум Кибриёву Зебиро сархаму музтар гардонд. Духтарони бечора дигар наметавонистанд, ки дар пеши ҷисми модар гиря кунанд.
  -Хайрият, ки Сайёраҷон  мурдаи хушдоманашро обод кард. Набошад духтарони раҳматӣ не лаб доштаанду не даҳон,-миш-миш мекарданд занони гапу хабаркуни деҳа байни худ.
   Хоҳарон ин миш-мишҳоро фаҳмида, бадтар дар хиҷолат ғуттавар мешуданд...
   Собира-холаро гӯру чӯб намуданду дар як мижа задан маросимҳои баъди маргӣ ҳам гузашта рафт.
     Дар хона ҳукмрони мутлақ дигар Сайёра  гашта буд. Қодир, ки табиатан марди ором буд, васияти модарро дар мавриди ҷилави занашро кашидану пӯшту паноҳи хоҳарон гаштан, тамоман аз хотир бурд. Барои вай гапи ҳамсараш қонун буд, на ашки бари рухсори хоҳарону дарду ғамашон.
   Лайло дигар дар ин ғурбатхона истоданро ба худ эб надиду бо кӯмаки муаллимаи мактабашон ҳуҷатҳояшро ба курси ғоибонаи донишкадае дар пойтахт супурд. Муаллима, ки аслан аз шаҳри Душанбе буд, барояш кӯмак кард,  то ҷойи кор ҳам пайдо кунаду дар хонаи хоҳари вай истиқомат намояд.
     Барои Кибриёву Зебӣ аз дуру наздик хостгорҳо мебаромадагӣ шуданд. Зебиро, ки писараш бештар бо тағобачаҳо ҷанҷол мешуд, ба неву нестонаш нигоҳ накарда, бародару янга зуд ба марди занмурдае, ки шаш фарзанд дошту аз худаш бист сол калон буд, ба занӣ доданд.
    Кибриё бо духтараш дар хонаи падарӣ, ки айни ҳол ба бародару зани вай таалуқ дошт, хизматгорро мемонд. Ӯ ҳам дар колхоз кор мекарду ҳам тамоми  кору бори хонаро бегоҳирӯзӣ аз кор хаставу лакот омада, то нисфи шаб анҷом медод. Вале аз янга ба ҷои миннатдорӣ ҳамеша таънаву маломат мешунавид. Духтарчааш Хосият нав шашсола шуда буд, лекин  ба хурдии вай нигоҳ накарда, зани тағо ба ӯ ҳам дар қатори модараш  корҳои вазнин мефармуд. Фарзандони эркатулфораш бошанд, кӯдаки бечораро ҳамеша озору шиканҷа медоданд.
     Рӯзе Кибриёро аз колхоз ба ароба бор карда оварданд. Ӯ дар тобу тасф месӯхту пайваста сӯрфа мекард. Аҳволи хоҳар шояд дили Қодирро ба риққат овард, ки ӯ  Кибриёро ба беморхонаи ноҳияашон бурд. Баъди муоина табибон хабар доданд, ки Кибриё ба бемории сил мубталло шудааст.
  -Беморӣ пештар пайдо шуда будааст, вале шояд бемор аҳамият намедодааст. Акнун ӯро бояд ҳатман ба беморхонаи бемориҳои сил бурда бистарӣ намоем,-хабар дод духтур...
     Кибриё зиёда аз ду моҳ дар беморхонаи бемориҳои сили Мачитон  бистарӣ шуд. Лайлову Зебӣ гоҳ-гоҳ хабаргириаш мерафтанд. Қодир ҳамагӣ се маротиба хабаргириаш рафту бо баҳонаи роҳдурӣ ва надоштани маблағ дигар наомад. Янгааш Сайёра бошад, боре ҳам ӯро аёдат нанамуд.
     Баъди аз беморхона рухсатӣ шудан, табибон таъкид намуда буданд, то вай аз худаш бохабар шаваду доруҳои барои ин беморӣ таъин гардидаро сари вақт истеъмол намояд. Аммо Кибриё баробари ба хона омадан ба кору бори хона часпиду аз сабаби надоштани шароит таъкидҳои табибонро иҷро карда натавонист...
    Вақте ки марг ба гиребони Кибриё чангол андохт, ӯ ҳамагӣ бисту шаш сол дошт. Духтарчаи ятимондааш Хосият акнун пурра бепӯшту паноҳ гардид.        Шавҳари Кибриё чанд деҳа боло зиндагӣ мекарду аз марги вай дарак ёфт Вале ӯ зани дигар гирифта буду фарзандаш аз зани ҷудошудааш барояш лозим набуд.
     Лайло баъди марги Кибриё дигар тамоман ба хонаашон намерафт. Ӯ дар шаҳр ба ҷавони дӯстдошааш издивоҷ карду бо ҳамин аз ғӯрбати янга халос шуд. Зебӣ ҳам бо зиндагии худ банд ба хонаи бародар рафтуо надошт.
     Хосияти бечора дар ғурбатсароӣ тағо ноилоҷ  зиндагӣ мекард. Духтараки бечора аз азобу шиканҷа беморгун гашта буд. Ӯ ҳамагӣ то синфи сеюм дар мактаб хонд. Ба дарсҳо ҳамеша бетайёрӣ мерафту гапи муаллимон хуб ба гӯшаш намедаромад. Бештар дар мактаб гӯшаҳои танҳоиро ихтиёр карда, хомӯш менишаст.   
    Сайёраи шаттоҳ ба ҳама аҳли деҳа, хусусан ба муаллимони мактаб  эълом дошт, ки духтари қайсингули раҳматиаш девонаавзосту дигар имкони хонданро дар мактаб надорад. Аз сабабҳое, ки дар боло нишон дода шуд, ҳама гапи маккораро бовар карданду муаллимони мактаб барои идомаи таҳсили Хосият истодагарӣ накарданд.
     Зани тағо дар синни 14-солагӣ Хосиятро ба як хеши девонаавзоӣ худ ба занӣ дод.
    Шавҳари Хосият гирифтори бемории руҳӣ буду дар вақти хурӯҷи дард на танҳо ҳамсар, балки аҳли хонаводаи худашонро ҳам лату кӯб мекард. Бештари вақт ҳангоми хурӯҷи беморӣ дасту пояшро  баста мемонданд, то ба касе осеб нарасонад. Хосият барои шавҳар бештар парасторро мемонд.            Беҳуда,  “Фарзанд доди Худост”-намегуфтаанд. Ӯ аз чунин шавҳар ду фарзанди солим ба дунё оварду андармонӣ бо ҷигаргӯшаҳояш олами тираашро каме равшан намуд. Хайрият, ки аҳли оилаи шавҳар ба сағерагиву бепӯшту паноҳияш раҳм хӯрда, барояш он қадар номеҳрубон набуданд.Ва ҳамин чиз барои  Хосият аз хонаи ғурбатсарои тағо дида ҳазорон маротиба афзалтар буд...
    Сайёра дар байни мардум худро келини сарсупурдаву сағерапарвар нишон медоду дар маъракаҳо бо забони дароз баён мекард, ки умраш дар бемордории хушдоману қайсингул ва сағерапоӣ гузашту вале ду қайсингули носипосаш аз аҳволи вай он тараф истад, аз аҳволи бародарашон ҳам хабар намегиранд...
   Аммо аҳли деҳа зиндагии хонаводагии Собира-холаро баъзан байни худ муҳокима намуда, ҳамаи шикасту рехти ин оиларо аз  бадгуҳарии Сайёра медонистанду  ӯро “келини бадгавҳар”, ном бурда, гиребони тавба медоштанд, ки Худо касеро ба чунин келин гирифтор накунад.
                     
                                      Наргиси Муродалӣ
   
 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Гулрухсор 2019-07-28, 18:08
Янгахои ин закона хаминхел
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Гулрухсор 2019-07-28, 18:08
Янгахои ин закона хаминхел
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД