arzon replenishment
Нуруллои таксист: Сарма вайрон кардӣ, занак!
8891


Ман Нурулло, сокини шаҳри Душанбе. Маълумоти олӣ дошта бошам ҳам, мисли аксари ҷавонардони тоҷик дар ягон идораи давлатӣ кори муносиб наёфта, рӯзамро бо таксистӣ пеш мебарам.

Ба назари аксари мардум шояд чунин намояд, ки таксистҳо пули бисёр кор мекунанду кордашон мудом болои равған аст, вале дар асл чунин нест. Азобе, ки мо мекашем, фақат худамон медонему худо!

Газ бихар, бензин бихар, балон бихар, мошин таъмир кун, болои ин “доля”-и милисаю литсензия ва дигару дигарҳоро дода ист. Хулоса, ҳазору як хароҷот дорад таксисти бечора ва баъзан пуле, ки аз саҳар то шом ҷон канда, кор мекунӣ, ба хӯроки шикамат ҳам намерасад.
Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, як зани баднафси морзабон дорам, ки ҷонамро ба лабам мерасонад. Дар ин гармии тоқатфарсо рӯзи дароз мошин ронда, чунон монда мешавам, ки базӯр то хона мерасам. Ҳанӯз аз дар надаромада, занам ду даст дар миён ба дағдаға сар мекунад:
-Мардак, канӣ киссаҳота такон, чи қадар пул кор кардӣ? Дар хона ягон хӯрданӣ нест, қариб аз гушнагия мурда будем...
Уфф гӯён, тамоми маблағи кор кардаамро бароварда медиҳам, вале ба ҷойи меваю сабзавот ва гӯшу тухм зани чизпарастам мудом ба худаш куртаю рӯймолҳои навбаромад мехарад. Вақте мефаҳмам, ки занам як матои ношуди синтетикиро ба 800-1000 сомонӣ харидааст, фиғонам ба фалак мепечад. Атру упияшро намегӯед, инаш моли Мерикей, ваяш аз Эйван, инаш Биллараю ваяш Шаннел гӯён, як духии зормондаро ба 300-400 сомонӣ харида, баъд дар назди дугонаҳояш худнамоӣ мекунад. Чанд бор ҷанг кардам, ки ин қадар беҳуда хароҷот накун, охир дар раҳу рӯ дарахти пул намеӯяд, ки ман аз шохаҳояш ҳар рӯз доллару сомонӣ чида биёрам. Медонед дар ҷавоб чӣ мегӯяд? Мардак шуда аз ӯҳдаи таъмини зану фарзанд, ки набароӣ, барои чӣ зан гирифтӣ?!



-Баръакс, солҳост, ки оҳангҳои маро дигарон медузданд. Аввалин оҳанги ман “ Аз манӣ” –ро, ки трио бо Меҳрубону Садриддин буд, сарояндаи доғистонӣ Элдар Долгатов дуздида буд.


Бовар кунед, субҳ надамида ба роҳ мебарояму баъди торик шудани шаб ба хона бармегардам, вале бо ин зани бадхарҷу беандеша ҳеҷ як тинам ду тин намешавад. Ҷонам аз дасти ин зани бадтол ба лабам расидаасту чи кор карданамро намедонам.
Ҳамсари ман рӯзи дароз телефонбозӣ карда тамоми сомонаҳоро мехонад. Дар куҷо чи гап шудааст, кӣ киро кушту кӣ киро зад, ҳамаашро медонад. Аз ҳамин хотир бо воситаи сайти Оила ба зани олуфтаам гуфтаниям:
-Сарма вайрон кардӣ, занак! Ҳамин хел кардан гирӣ, аз баҳри таксистӣ гузашта, мошинро мефурӯшам ва ба Русия мераваму ягон беваи русро ёфта мегирам. Он гоҳ ту медонию бачаҳоям, чи хеле, ки мехоҳӣ, зиндагӣ кардан гир!

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
мехрона Абдулова 2019-08-21, 17:41
бародар гунахгор худтон занатонро бахолаш мондед вахтеки мард дархона боша занхакнадора пуликоркардаи мардапурса холоонки азкистаатбароргуяд занатонро пулмаст кардед дигар башумо ахмият намедихад факат фикрихудашромекунад
Посух
Сомонӣ 2019-08-21, 22:10
Ҳаму занак буромада ягон ҷо ба кор кунад баъд ба қадри пулу меҳнати шавҳараш мерасад,дар хона хӯрда маст шудагӣ
Посух
Бахтак 2019-08-21, 22:24
Айби хдтай бародар зана тарбия када натонистай. Бояд дар оила сухани мард хамчун мард садо диад. Хамаш малум наход ай зант дар рузнома жалоб кни хама чо дод бгуй ин рафтори мардона нест бародар.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
мехрона Абдулова 2019-08-21, 17:41
бародар гунахгор худтон занатонро бахолаш мондед вахтеки мард дархона боша занхакнадора пуликоркардаи мардапурса холоонки азкистаатбароргуяд занатонро пулмаст кардед дигар башумо ахмият намедихад факат фикрихудашромекунад
Посух
Сомонӣ 2019-08-21, 22:10
Ҳаму занак буромада ягон ҷо ба кор кунад баъд ба қадри пулу меҳнати шавҳараш мерасад,дар хона хӯрда маст шудагӣ
Посух
Бахтак 2019-08-21, 22:24
Айби хдтай бародар зана тарбия када натонистай. Бояд дар оила сухани мард хамчун мард садо диад. Хамаш малум наход ай зант дар рузнома жалоб кни хама чо дод бгуй ин рафтори мардона нест бародар.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД