Қиссаи никоҳи маҷбурӣ, модари фарзандкуш ва ишқи тақдирсӯзи як зани қуръонхон
Овозаи гӯшхарош
Дар деҳа имрӯз гӯё қиёмат қоим шуда бошад, касе ба манзили худ намедаромад. Ҳамсояҳо дар атрофи хонаи Усто-Юлдош ҷамъ шуда, чашмашонро аз ҳавлии калону зебои усто намеканданд. Кӯдакон бо ҳаёҳуйи худ машғул буданд, занҳо бошанд, лабашонро ҷунбондаю бо гӯшаи чашм ҳар хел имову ишораҳо карда, пичир-пичир мекарданд. Деги ғайбати занҳои деҳа имрӯз чунон тафсида буд, ки ногуфтанӣ...
-Шунидед, зани Фурқат кӯдаки ҳаромӣ зоидааст,-лабашро бурма карда гуфт Хосият.
-Эй нее, ин гап дурӯғ аст, охир Манзура духтари мулло, китобхону қуръонхон аст, наход, ки дидаву дониста зино кунад,-даст афшонд Салима-хола, ки нисбати дигар занҳои деҳа калонсолтар буд.
-Эй холаи Салима, шумо аҷаб занаки сода будаед, охир Манзураи бечораро чанд сол боз шавҳараш нест. Вай ҳоло ҷавон аст, шояд дилаш мард хоста, ин корро карда бошад,-ба суҳбат ҳамроҳ шуд Наргис.
-Одам, ки ба васвасаи шайтон гирифтор гашт, дигар на гӯру қиёмат ба ёдаш мерасаду на гапи мардум,-сухани Наргисро қувват дод Сабоҳат.
-Аслан, ҳамин овозаро авсуни Манзура-Анора бофта баровард. Дар як хона, ки зиндагӣ мекунанд, сирру асрори ҳамдигарро медонанд-дия,- ба суҳбат ҳамроҳ шуд Дилбар.
-Эй, ба гапҳои ҳамон Анораи ғайбатчӣ бовар накунед, авсун ҳеҷ гоҳ ба авсун дӯст намешавад. Беҳуда намегӯянд, ки дар он дунё кундошҳо рӯ ба рӯ меистанду авсунҳо пушт ба пушт, то ки рӯйи ҳамдигарро набинанд. Ин Анора барои обрӯи авсунашро резондан ин гапҳои намешудагиро баровардааст,-Салимахола, ки худ зани покдоман буд, ҳамоно бовар намекард, ки келини Усто-Юлдош, ки шавҳараш Фурқат се сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст, кӯдаки ҳаромӣ зоидааст.
-Хола, ин қадар тарафи ҳамон Манзураро нагиред, агар ин гап дурӯғ мебуд, милисаҳо ба хонаашон намеомаданд,- бо ситеза гуфт Наргис.
-Ман тарафи Манзураро намегирам, лекин охир ҳамаамон духтар дорем, Худо чунин рӯзи сахтро ба сари ягон бандааш набиёрад...
Сухани Салима-хола дар даҳонаш нимкола монд, зеро ин лаҳза милисаҳо Манзураро бо дастони баста пешандоз карда, аз хона бароварданд ва чашми тамоми аҳли деҳа беихтиёр ба ин манзара дӯхта шуд...
Ишқи духтари мулло
Манзура дар хонаи марди тақводор ба дунё омада, аз кӯдакӣ аз гӯру қиёмат бохабар буд. Падараш домуллои номдор буда, аз ҳамин хотир, Манзура ва хоҳаронашро баъди синфи 7-ум аз мактаб гирифта хонашин кард, то ки ба қавли худаш “чашмашон кушода нашавад, аммо...
Ба сахтгириҳои падар нигоҳ накарда, Манзураи қуръонхон дар синни 14-солагӣ ошиқ шуд. Ошиқи зори Ҳомид ном ҷавони таксист. Вай бо баҳонаи ба хонаи холааш меҳмонӣ рафтан аз падару модараш иҷозат гирифта, аз хона мебаромад ва бо азизи дилаш вомехӯрд. Ҳомид Манзураро ба мошинаш шинонда ба тамошо мебурд ва дар гӯшаҳои хилват бӯсаборон карда, ваъда медод, ки ҳатман ӯро ба занӣ мегирад, вале...
Хостгории бе барор
Ҳомид ба ваъдааш вафо карда, се сол пас ба хонаи падари Манзура хостгор фиристод, аммо мулло “мо эшонзода ҳастем ва ба мардуми омӣ духтар намедиҳем” гӯён, дастурхони хостгоронро ҳатто накушод. Манзура аз падараш қадди аҷал метарсид ва ҷуръат накард, ки ба ин ҷавон ошиқи зор буданашро ошкоро бигӯяд.
Ҳамин тавр хостгорони Ҳомид аз хонаи мулло навмед баргаштанд ва ду дилдода бо қалби ҳазин аз ҳамдигар ҷудо шуданд...
Тӯйи бе доира
Аз байн як моҳ нагузашта Манзураро аз деҳаи худашон Усто-Юлдош барои писараш талабгор шуд ва “миллати худамон, падару модараш одамони баобрӯ, зиндагиашон серу пур, ҷавон ҳам бачаи намозхону бамаънӣ аст” гӯён, муллою занаш розигии духтарашонро напурсида, Манзураро ба Фурқат фотиҳа карданд.
Азбаски ҳарду оила тақводор ва ба қавли худашон аз гӯру қиёмат бохабар буданд, аз рӯйи таомули динӣ, як тӯйи бе ҳофиз ва бе рақсу бозӣ ороста, фарзандонашонро бо никоҳи мусалмонӣ хонадор намуданд ва Манзураро ба хонаи бахташ гусел карданд...
Дугоникҳо
Фурқат, ки мисли ҳазорон ҷавонмардони дигар ҳар сол ба Русия ба мардикорӣ рафта меомад ва баъди баромадани чиллаи арӯсию домодиашон Манзураи арӯсакро танҳо монда, рахти сафар барбаст. Манзура дар 40 рӯзи ҳамхонагӣ аллакай ҳомиладор шуда буд ва пас аз нуҳ моҳу нуҳ рӯз дугоник таваллуд карда, сари шавҳари муҳоҷирашро ба осмон расонд. Фурқат аз Русия пул ва туҳфаҳои зиёде фиристода бошад ҳам, омада натавонист, зеро шартномаи сесолаи меҳнатӣ баста буд ва дар сурати рафтан аз ҷойи кори сердаромадаш маҳрум мегашт. Хусуру хушдоманаш Манзураро аз таваллудхона ба хонаи модараш бурданд....
(Идомаи қиссаро соати 21-00 интизор бошед)