Дар шаҳри Турсунзода як ҷавони 23-соларо падар ва бародарони духтари дӯстдоштааш зинда ба зинда гӯр кардаанд. Субҳи имрӯз дар бораи ин ҳодисаи даҳшатангез Гулсифат ном сокини шаҳри Турсунзода ба хабарнигори сомонаи ОИЛА-ТЧ хабар дод.
Тавре ки Гулсифат мегӯяд, ҷавони ба чунин ҷазои сахт ва гӯшношунид маҳкумгашта сокини ҷамоати деҳоти Батоши шаҳри Турсунзода буда, Хусрав ном доштааст. Хусрав бо Санам ном духтари зебо аз ҳамсоядеҳа муносибаҳои ошиқона доштааст. Санам маҳбубашро шабона ба мулоқоти ошиқона даъват менамояд. Падар ва бародарони духтар ин ду дилдодаро, ки мисли кабӯтарони ошиқ дар зери пардаи тираи шаб ҳамдигарро бо меҳру муҳаббат навозиш мекарданд, дастгир менамоянд.
Ӯ авбоши гузаро буд, вале зиндаги "Шохҳо"-и ӯро шикаст...
Аз касе пӯшида нест, ки ишқварзии духтар бо марди бегона барои халқҳои тоҷику ӯзбек масъалаи бисёр ҳасос буда, боиси рехтани обрӯй ва бадномии натанҳо волидон, балки тамоми авлоди зан мегардад. Падару бародарони Санам низ тобу тоқати бардоштани чунин доғи сиёҳи номусро накарда, ба таври худ ошиқи духтарашонро ҷазо медиҳанд. Онҳо сароғоз Хусравро бо арматур зада ба хун оғӯшта месозанд ва сипас чуқурӣ кофта, зинда ба зинда то гӯлӯ дар хок гӯр мекунанд. Дар ҳамин ҳол падар ва бардарони духтар кордро ба гулӯи Хусрав ниҳода бо таҳдид аз Маҷнуни ба чанг афтида талаб менамоянд, ки Санамро ба занӣ бигирад, вагарна ӯро ҳамин сон зинда ба зинда зери хок хоҳанд кард. Ҷавон аз тарси ҷон пешниҳоди пайвандони духтарро қабул мекунад ва онҳо ӯро раҳо месозанд, аммо...
Пас аз бозгашт ба хона Хусрави дар хун оғӯшта, соати 4-и субҳ худро дар оғилхонаи манзили падараш ба дор меовезад.
Қазияи марги ин ҷавони ошиқ аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ санҷида мешавад.
Ногуфта намонад, ки Хусрав аз як оилаи сарватманд буда, ин моҷарои хунин метавонад пайомадҳои зиёдеро барои ду авлод ба бор оварад.