arzon replenishment
Н. Дӯстӣ: Ҷӯрабек баъди шиканҷа даст ба худкушӣ зад
5398

 Ҷӯрабеки 26-сола, як сокини деҳаи Ҷиликули ноҳия Дӯстии вилояти Хатлон  дар наздикии “Клуб”-и маҳаллашон аз шиканҷаҳои пайдарҳам ва таҳдидҳои оилаи духтари дӯстдоштааш маҷбур шуда худро ба дор овехтааст.

Вале шоҳидони ҳол ва наздикони марҳум даъво доранд, ки шикастани гардан ва дигар узвҳои ҳаётан муҳими Ҷӯрабек аз он далолат медиҳад, ки аввал таҳдид, баъдан тақиб карда билохир кушта,ҷисми беҷонашро ба дор кашол кардаанд.

Ҷӯрабек як сол қабл бо як духтари ҳамдеҳаашон шинос мешавад ва духтару писар бо хости якдигар ишқварзӣ ва тез-тез вохӯрӣ мекунанд. Моҳи январи соли 2019 Ҷӯрабек модараш-Соҷидамоҳро ба хонаи духтар ба нияти ба ӯ оила барпо кардан ба хостгорӣ мефиристад. Аммо оилаи духтар пулдор ва доро, ки буданд назарашон Ҷӯрабек ва оилаи ӯро намегирад ва духтарашонро намедиҳанд. Модари Ҷӯрабек барои дар дили писараш армони нашудани ишқи аввалаш чанд бори дигар баъди ҷавоби радро гирифтан ба хонаи духтар сарашро хам карда, пай дар пай хостгорӣ меравад, лекин бенатиҷа.

Ҷӯрабек ва модараш ноумед шуда дигар духтарро хостгорӣ карда ба ӯ хонадор мекунанд. Аз байн шаш моҳ мегузарад, дар ин муддат духтари дӯстдоштаи Ҷӯрабек бо дигар шахс ишқварзӣ карда аз ӯ ҳомила мешавад. Аз ин амали нангин оилаи духтар дарак ёфта духтарашонро гирифта рост ба хонаи апаи Соҷидамоҳ- модари Ҷӯрабек меоянд. Бо алфози қабеҳ баробари дарвозаро бо лагад зада даромадан тамоми аъзои оилаи Ҷӯрабкро дашному ҳақоратҳои гӯшношунид мекунанд ва модари Ҷӯрабекро гаравгон гирифта дар як ҳуҷра қулф мекунанд. Ҷӯрабекро мурданивор лату кӯб мекунанд занаш ва янгаашро шиканҷа ва зарари ҷисмонӣ мерасонанд ва Ҷӯрабекро маҷбур мекунанд, ки занатро дар пеши чашми мо талоқ бидеҳ ва хоҳари моро ба занӣ бигир, вагарна коре мекунем, ки ба мурдан зор мешавӣ. Баъди таҳдиду шиканҷа онҳо баромада мераванд.

  Ҷӯрабек дар банди дор дасту почак мезад, аммо...

Як манбаъи афзудааст, ки “Мо аз наздикии Клуб мегузаштем. Дидем,ки Ҷӯрабек дар банди дор дасту почак мезад, дарҳол ба кӯмакаш омадем, аммо баданаш аз замин хеле баланд овезон буд, дар дастамон корд набуд, ки бандро бурем. Натавонистем кӯмак кунем, баногоҳ чашмамон дар порчаи шифири шикаста афтод, ширифирро гирифтему ба болои криша буромада ба ҳамон шифир бандро буридем. Дар ҳоле ки бо шифири кунд мо бандро мебуридем Ҷӯрабек ҷон медод, вақте бандро буридем Ҷӯрабек ба замин афтод, аммо дигар дер шуда буд ва дар ҳол ба мошини ёрии таъҷилӣ занг зада ва ба аҳли оилааш хабар додем”.

Ба гуфти шоҳидон ва модару наздикони Ҷӯрабек дар бадани марҳум осори латукӯб дида мешуд, доғҳои зарбу лат ва обхуракаш шикастагӣ буданд, ки ба чашм баръало намоён буд. Аммо инҷо савол аст: Ҷӯрабекро ба дор овехтанд? Ё ин ки маҷбур карда ба худкушӣ расониданд?

  Шикаматро пора карда, тифлакатро хӯроки сагон мекунем

Модари ҷигарсӯхтаи Ҷӯрабеки ғӯрамарг ҳолати ба ин бало печидан ва аз ҷони ҷавонаш “сер” шудани писарашро чунин нақл кард:-“Рӯзи 14-июл, бегоҳӣ тахминан соатҳои 19:40 дақиқа буд, ба хонаамон як мошин мардони ҷавону миёнасол зада даромаданд. Мисли ҳайвони ваҳшӣ дар саҳни ҳавлиямон чошу парешон шуда, ҳар кадоме ба як аъзои оилаи мо дарафтоданд. Маро бурда дар хонаи дигар гаравгон гирифта маҳкам кард. Писарам ва ду келинамро латукӯби бераҳмона ва таҳдид карданд, ки писари дар хона будаам Ҷӯрабекро дар хона ва писари дар Русия будаамро дар Русия рафта мекӯшанд. Келини ҳомилаамро таҳдид карданд, ки дар ҳамон саҳни ҳавлиямон шикамашро пора-пора карда, тифли дар батнаш бударо ба сагҳо медиҳанд. Вақте гуфтем, ки ин кори шумо нодуруст, давлат бесоҳиб нест, ки моро ин қадар азоб диҳед. Мо ба милиса хабар медиҳем. Бепарвоёна ба худ баҳои осмонӣ дода гуфтанд: “Бгӯй гуфтан бгӣ. Дар ин ноҳия Сардори милиса ҳам хдмонему прокурорам хдмонем” гуфта озору азият, шиканҷа ва латукӯби зиёд ва таҳдидҳо карданду рафтанд”.

Модари Ҷӯрабеки раҳматӣ бо оҳу афсӯс мегӯяд: Ҳозир замони одамони одамдору пулдор шудааст. Дарди камбағалу бекасро касе намешунавад. Охир як мошин мард ба ҳавлиям зада даромаданд ва ин аз рӯи қонун ҷавобгарӣ дорад. Он дарди бахайр буд. Вале писарамро куштанд ё ба худкушӣ расониданд бароям торик аст. Баъди таҳдид келини ҳомилаам ҳолаташ хуб нест ва худо накарда бачааш афтад болои сӯхта намакоб мешавад.

Ба куҷо арз кунам? Ба кӣ гӯям? Оё ҳақиқат вуҷуд дорад? Оё сабабҳои марги мармузи писари ятимам, ки ҳоло нав оиладор шуда ҷаҳон- ҷаҳон орзуҳо дошт аниқ мешуда бошад?

Ин модар сарашро ба дарахтони боғи ҳавлӣ ва деворҳои хонаи ба мотамхона табдилёфтааш зада мегӯяд:- Бо азобу уқубат ду писари ятимамро калонкарда хонадор кардам, дастам ба домони орзу нарасида сагҳои ваҳшӣ омаданду якешро даронданд. То кай ҳама ҳодиса “худкушӣ” арзёбӣ шуда, ҳақиқат пардапеч мемонад? Умедворам масъулини ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи ва вилояти Хатлон сари ин ҳодиса нохуни таҳлил мезананд.
Бознашр аз "Ахбор"

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД