arzon replenishment
 Турсунзода: Янга хоҳаршӯйро кушт
11.06.2019
Р. Азимӣ
6584

 

Дар деҳаи Камунаи ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода янга қайсингулро зада куштааст.

Як ҳамсоядеҳаи Сангиной ба хабарнигори “Oila.tj” тамос шуда, бо шарти ошкор накардани ному насабаш ин бора дар ин бора маълумот дод ва чунин қисса кард:
“Сангиной Тоғоева аслан зодаи деҳаи Қади Ҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав аст. Бо ҳукми тақдир вай дар деҳаи Камуна ба шавҳар баромада буд. Шавҳараш мисли ҳазорон ҷавонмардони тоҷик ҳамасола ба Русия мардикорӣ рафта меомад.
Ду рӯз пеш аз ид вай ба номи хоҳараш, ки аз шавҳараш ҷудо шуда дар хонаи падару модар зиндагӣ мекард, пул фиристода, хоҳиш мекунад, ки маблағро ба занаш диҳад, то ки Сангиной барои худ ва фарзандонаш сару либоси идона харад ва дастархони идона орояд. Хоҳаршӯи Сангиной маблағи фиристодаи бародарашро ба ҷайби худ зада, ба янгааш пули ночизе медиҳад. Сангиной аз хоҳаршӯяш хоҳиш мекунад, ки маблағи фиристодаи шавҳарашро ба пурагӣ диҳад, чунки бо ин пул ҳатто барои харидани пояфзоли бачаҳояш намерасад, аммо қайсингилаш аздодани пул саркашӣ мекунад. Ҳамин тавр аз рӯи пул байни янгаву қайсингил моҷаро бархоста, Сангиной дар сари қаҳру ғазаб хоҳаршӯяшро бо кедман зада мекушад. Ҳамсояҳо садои доду фиғонро шунида, ба сӯи ҳавлии онҳо медаванд, аммо вақте, ки онҳо аз дарвоза медароянд, кор алакай аз кор гузашта, хоҳаршӯйи Сангиной ғарқи хун мехобид ва кайҳо ҷон дода буд...”

Аз рӯи гуфти ин шоҳиди ҳодиса Сангиной ҷавонзани 37 сола буда, ҳамагӣ як ҳафта пеш аз сар задани ин ҳодисаи хунин падараш аз дунё гузашта будааст. Азбаски Сангиной бисёр оромтабиат буд, ҳамсояҳо ҳеҷ интизор надоштан, ки ин ҷавонзани хапак одам кушта метавонад. Овозае низ мавҷуд аст, ки Сангиной ба куштори хоҳаршӯяш ягон алоқа надошта, ӯро тамоман каси дигар ба қатл расонидааст.

Айни ҳол нисбати Сангиной Тағоева парвандаи ҷиноӣ боз гашта, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД