arzon replenishment
Ҷавонзани 23-солаи тоҷик дар Сурхандарёи Ӯзбекистон худкушӣ кард?
6760

Тавре ки як сокини деҳаи Қаратоғи ҷамоати Қаратоғи Шаҳринав бо номи Аюбҷон ба хабарнигори сомонаи Оила-ТЧ хабар дод, Салима ном ҷавонзани тоҷик дар ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон даст ба худкушӣ зада, худро ба дарё партофтааст.

Аз рӯйи гуфти ин мард, Салима се сол пеш бо ишқу муҳаббат ба як ҷавони узбек ба шавҳар баромада, ба Вилояти Сурхандарёи Узбекистон рафтааст. Падару модари духтар ба издивоҷи фарзандашон бо ҷавони бегона аслан розӣ набуданд, аммо дилдодагон барои ишқу муҳаббати худ муборизаи тӯлонӣ бурда, билохира ба мақсад расидаанд. Аюбҷон мегӯяд, рӯзи тӯй ба ҷойи ба духтараш дуои сафед додан, падари Салима бо қаҳру ғазабу нафрат ба арӯс нигариста гуфтааст: “Гумон накун, ки ту хушбахт мешавӣ. Боварӣ дорам, ки бо ин шӯйи хушкардаат рӯзат дар мулки мардум сиёҳ мешавад, вале фикри дубора ба хонаи ман баргаштанро накун. Дониста мон духтар, ки агар қаҳр карда ба хона биёӣ, поятро зада мешиканам...”
Ҳамин тавр бе дуои неки волидон Салима ба хонаи бахташ қадам мениҳад ва ба ҷойи хушбахт шудан бадбахт мешавад. Шавҳараш аз рӯзҳои аввали зиндагӣ мудом Салимаи арӯсакро бо ҳар баҳона зери мушту лагад гирифта, сари ҳар як қадам таъна мезадааст, ки ту ҳатто ба падару модарат даркор нестӣ, онҳо аз дидори ту барин фарзанд безоранд...
Аюбҷон мегӯяд, шавҳари ӯзбекаш ба андозае бераҳм ва беинсоф будааст, ки маъшуқаҳояшро ба хона оварда, дар пеши чашми Салима бо онҳо ишқварзӣ мекардааст.
Аз як тараф мушту лагади шавҳари хушкарда ва аз ҷониби дигар оташи сӯзони рашк ҷавонзанро дарун ба дарун хӯрда, билохира боиси даст ба худкушӣ задани Салимаи 23-сола мегардад.
Як рӯз пеш аз маргаш ин тоҷикдухтари аз карда пушаймон бо сару рӯйи аз зарби мушту шаттаи шавҳар сиёҳу кабуд тасодуфан бо Ситора ном раққосаи тӯйгарди тоҷик во хӯрда, саргузашташро ба ӯ нақл мекунад.
Салима зор-зор гириста аз Ситора хоҳиш кардааст, ки сарнавишти ғамангези ӯро ба ҳама духтарҳои тоҷик нақл кунад, то панд гирифта, хатои ӯро такрор накунанд.
“Ишқу ошиқӣ ҳамааш дурӯғ будааст. Ба ваъдаҳои хому гапҳои подарҳавои ҷавонони ҳозира бовар накунед, духтарҳо. Ин ваъдаҳо ҳамааш то гузаштани тӯйи арӯсӣ аст, ҳамин ки харашон аз об гузашт, ин Маҷнунҳои асри нав симои аслии худро нишон дода, ончунон бемеҳр ва беинсофу золим мешаванд, ки рӯзи занро аз шаби тор ҳам сиёҳтар мекунанд....” гуфтааст Салима бо оби дида.
Пас аз сӯҳбат бо ин раққосаи тоҷик, ки ба Сурхандарё ба як тӯйи арӯсӣ рафта будааст, Салима худро ба дарё мепартояд. Ба гуфти Аюбҷон, ин ҷавонзани бадбахти тоҷик дар батнаш фарзанд доштааст, аммо ҳомиладориаш низ натавонист ӯро аз худкушӣ боздорад. Салима хуб медонист, ки барои ӯ дигар роҳи бозгашт ба Ватан ба назди волидон вуҷуд надорад, аз ҳамин хотир маргро аз зиндагии пур аз дарду ғам дар мулки бегона авлотар дониста, худро ба дарё партофтааст...
Аюбҷон мегӯяд, пайвандони шавҳараш ҳатто ҷасади ин ҷавонзанро ба пайвандонаш надода, Салимаи нокомро дар Сурхандарё дафн кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Амирҷон 2019-07-09, 18:56
Оила раҳмат.Ин як дарс аст ба он духтарони бенангу номус.
Посух
Али 2019-08-15, 00:47
Охи ягон Точик набуд гирадша ба узбак додиянш
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Амирҷон 2019-07-09, 18:56
Оила раҳмат.Ин як дарс аст ба он духтарони бенангу номус.
Посух
Али 2019-08-15, 00:47
Охи ягон Точик набуд гирадша ба узбак додиянш
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД