Ин ҳаҷвнигори машҳурро дар ватанаш ба “Рӯйхати сиёҳ” дохил карда буданд
Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Обид Агзамович Асомов (Obid Asomov).
Санаи таваллуд: 22 октябри 1963.
Маҳали таваллуд: Тошкант, Ӯзбекистон.
Санаи фавт: 14 декабри 2018.
Қад: 156 см.
Бурҷ: Мизон, (Мутобиқи солшумории шарқӣ: Харгӯш).
Самти фаъолият: Комик, ҳаҷвнигор, актёр.
Обид Асомов, ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон яке аз маъруфтарин ҳунарпешаи ҳаҷвнигор ва комик дар Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт. Саҳначаҳои ҳаҷвии Асомовро дар «Кривое зерколо» ва «Аншлаг», ки тариқи Телевизиони Русия пайваста пахш мегарданд, миллионҳо одамон бо шавқ тамошо карда, ба ин марди сар то по ҳунар аҳсанду офарин мехонданд. Пас аз марги Обид Асомов бисёр сирру асрори ҳаёти ин ситораи ҳаҷв кушода шуд, ки қаблан мухлисонаш аз он дарак надоштанд. Имрӯз мо чанде аз ин розҳои ниҳонро ба шумо мекушоем.
Рассоме, ки актёр шуд…
Обид Асомов соли 1963 дар яке аз маҳаллаҳои Тошканд ба дунё омадааст. Ӯ ибтидо ба рассомӣ шавқу ҳавас дошт ва соли 1982 Омӯзишгоҳи рассомии ба номи Бенковро хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи рассомии ба номи Сурикови шаҳри Маскав супорид. Чун ин донишгоҳи маъруф имтиҳони сангини қабул дошт, барои ин ҷавони тошкандӣ дастнорас монд, Обид аз конкурс нагузашт.
Обид аз хурдӣ шӯх буд, зиёд китоби бадеӣ мехонд ва қариб ҳамаи маҷаллаҳои маъруфи Маскав ва Ӯзбекистонро мутолиа мекард. Ҳамин боис гардид, ки озодона ва бо танз суҳбат карда, ҳанӯз аз овони ҷавонӣ барандаи тӯю маъракаҳои дӯстонаш бошад. Чун баромадҳои ӯро дар тӯю маъракаҳо мардум меписандиданд, оҳиста-оҳиста ба ин касб муҳаббат пайдо намуд ва кӯшиш кард, ки ҳамчун актёр ба саҳнаи ҳунар ворид шавад.
«Бобоям Эшони Аббосхон равшанфикр ва асосгузори мактаби типи нав дар Ӯзбекистон буданд. Падарам роҳбалади поэзд шуда кор мекарданд ва ҳар сафар маҷаллаҳои «Советский экран», «Искусство кино», «Крокодил»-ро меоварданд. Мо бо бародарам Собит ҳарф ба ҳарф ин маҷаллаҳоро мехондем. Рӯзҳои якшанбе бошад, ҳамаи аҳли оила ҷамъ шуда, вақти субҳона аз радио барномаи «Субҳ ба хайр»-и Регина Дубовитскаяро гӯш мекардем. Ман он замон ҳатто тасаввур намекардам, ки баъди чанд сол дар театри «Аншлаг»-и Регина фаъолият мекунам»,- дар яке аз суҳбатҳояш ба хотир овардааст ин ҳунарпешаи номдор.
Ҳамин тавр, соли 1983 Обид Асомов ба Донишкадаи театрии шаҳри Тошканд дохил шуд, вале онро низ то охир нахонд, зеро аллакай дар замони донишҷӯияш маъруфият пайдо карда буд. Ин ҳунарманди ҷавонро ба филми муштараки шӯравиву ҳиндии «Бо қонунҳои ҷангал» (реж. Латиф Файзиев) даъват намуданд. Ҳангоми сабти ин филм Обид бо актёри машҳуртарини Ҳиндустон Митхун Чакраборти ва продюсер Умеш Мехра шиносоӣ пайдо кард.
Маҳбубият дар Русия
Соли 1989 ҳаҷвнигорони маъруфи рус Михаил Задорнов ва Леон Измайлов бо сафари ҳунарӣ ба Тошкант омаданд. Дар ин давра аллакай Обид дар кишвари худ ҳамчун ҳаҷвнигор ва стендапер маъруф буд. Дар қасри «Дӯстии халқҳо»-и Тошкант, ки Задорнову Измайлов консерт доштанд, бегоҳиҳо Обид Асомов низ барномаи ҳунариашро пешкаши мухлисон мекард.
Задорнов бо мақсади шиносоӣ бо ҳунари ҳамкасби ӯзбекаш ба консерти Обид ташриф овард. Вай забони ӯзбекиро намефаҳмид, вале аз чеҳраи мухлисон қонеъ буданашонро пай бурда, дарк кард, ки дар консерти артисти муваффақ ҳузур дорад, бинобар ин, баъди консерт ба пардозхонаи Обид рафта, бо овози Горбачёв ӯро табрик намуд.
Соли баъдӣ ба Тошкант дар ҳайати «Театр плюс»-и Леон Измайлов ва Игор Христенко ба Ӯзбекистон сафар карданд. Дар ин сафар Обид бо Христенко шинос шуд ва дӯстии онҳо то охири умри Обид идома ёфт. Маҳз ҳамин шиносоӣ сабаб шуд, ки Обид ба Маскав даъват шавад ва дар ҳайати театри «Аншлаг»-и Регина Дубавитская ҳунарнамоӣ кунад. Фаъолияти ин ҳунарманди узбек дар «Аншлаг» дер идома накард ва Обид ба Ӯзбекистон баргашт, аммо…
«Кривое зеркало»
Соли 2000-ум дар ҳаёти эҷодии Обид Асомов тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Фаррух Зокиров ба Обид Асомов пешниҳод намуд, ки дар сафари ҳунариаш ба Олмон ӯро ҳамроҳӣ намуда, дар барномаи консертиаш ровӣ шавад. Асомов ин пешниҳодро пазируфта, дар ҳайати гурӯҳи «Ялла» ба 9 шаҳри Олмон аз Франкфурт то Гамбург сафари ҳунарӣ анҷом дод. Ҳамон шабу рӯз Евгений Петросян низ бо сафари ҳунарӣ ба Олмон омада буд ва овозаи комики ӯзбекро шунида, Обид Асомовро ба Маскав даъват кард ва ӯро ба тамошобини рус муаррифӣ намуд.
«Артисти қадпаст»-и ӯзбек дар муддати кӯтоҳ қалби ҳазорон мухлиси русро тасхир намуда, ба саҳнаи калон роҳ ёфт.
Баъди чанд сол бо пешниҳоди Евгений Петросян консерти якҷояи Асомов ва Петросян дар Тошкант баргузор гардид, ки бисёр хотирмон ва муваффақона гузашт.
Пас аз ин, Петросян театри «Кривое зерколо»-ро таъсис дод ва Обид Асомовро ба ҳайати эҷодии ин театр ҷалб кард.
Ҳамин тавр, шурӯъ аз солҳои 2000-ум Обид Асомов дар ҳайати театри «Кривое зерколо» шуҳрати бемисл ба даст овард. Ҳаҷвҳои шарқиёнаи ӯ мухлисонро ба ҳаяҷон меоварданд. Пайдо шудани ин «артисти қадпасти узбек» дар саҳна кофӣ буд, ки толорро мавҷи қарсакҳои пурмавҷ фаро гирифта, дар лабони мардум табассум гул кунад…
«Рӯйхати сиёҳ»-и Ислом Каримов
Обид Асомов ҳамчун ҳунарпеша дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ маҳбубияти зиёд дошт, аммо аз ватанаш Ӯзбекистон ҳеҷ дил канда наметавонист. Бо вуҷуди фишорҳои зиёд ӯ Тошкантро тарк накард.
Обид Асомов ҳамеша дар мусоҳибаҳояш таъкид менамуд, ки ӯ шахси сиёсӣ нест ва ба сиёсат кор надорад, аммо ҳукумати қаблии Ӯзбекистон бо фишори президенти собиқи ин кишвар Ислом Каримов номи ӯро ба «рӯйхати сиёҳ» ворид кард. Иштироки Обид Асомов дар чорабиниҳои давлатӣ манъ буд ва ин ҳунарпешаи маъруф солҳои дароз наметавонист дар ватани худаш озодона баромад кунад.
Филмҳое, ки Асомов нақш мебозид ба бозор намебаромаданд ва ҳатто дар филмҳое, ки солҳои шӯравӣ нақш бозида буд, чеҳраи ӯро «қайчӣ» мекарданд…
Ғам даруни синаву…
Ҳунарпешаи машҳур маҷбур шуд, ки барои пеш бурдани зиндагиаш тӯйгардӣ карда, гоҳ-гоҳ дар дубляжи филмҳо ширкат варзад….
Шояд ҳамин чизҳо ба қалби ҳассоси ҳунарпеша таъсири бад расонид, ки дилаш бемор шуд…
Танҳо баъд аз оне, ки Ислом Каримов аз дунё гузашт, президенти нави Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Обид Асомов имконияти эҷод фароҳам овард, пахши барномаҳои ӯро тариқи телевизионҳои кишвараш ба роҳ монд ва ин ҳунарпешаи шуҳратёрро ба вазифаи сардори «Студияи филмҳои мултипликатсионӣ» таъин намуд. Обид Асомов дубора ба назди тамошобини ӯзбек бо кулвори пур баргашт, аммо умр ба ӯ вафо накард…
Падари чор духтар ва 20 тӯтӣ
Обид Асомов оиладор ва соҳиби чор духтар буд. Ӯ фарзандонашро ҳамчун инсонҳои комил ба воя расонид, аммо дӯст намедошт, ки аҳли оилаашро ба васоити ахбори омма нишон диҳад ё дар бораи онҳо ҳарф занад.
Обид Асомов тӯтиро ниҳоят дӯст медошт ва дар хонааш зиёда аз 20 навъи тӯтиро нигоҳубин ва парвариш мекард. Дӯстонаш низ аз коллексияи ӯ огоҳ буданд ва аз сафарҳо барояш тӯтӣ ҳадя меоварданд.
Бародари Обид Асомов Собит ҳам актёри кино шуда, дар филмҳои зиёде нақшҳои хурд иҷро кард, аммо дар оғози солҳи 90-ум аз олам даргузашт.
Марги ҳунарманд
Санаи 11-уми декабри соли 2018 Обид Асомов бо дарди дил ба беморхона интиқол дода шуд. Табибон хеле кӯшиш карданд, ки ҳунарпешаи маъруфро наҷот диҳанд, зеро ВАО аз бемории Обид Асомов хабардор шудаву журналистон ҳар лаҳза аҳволи ӯро ҷӯё мешуданд.
Санаи 14-уми декабр ҳунарпеша ба дард тоб оварда натавониста, дунёи фониро падруд гуфт.
Маросими дафни Обид Асомов дар Тошкант хеле бодабдаба гузашт. Меҳмонон аз Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои хайрбод бо ин ҳунарпеша машҳуру маҳбуб омада буданд.
Марқади Обид Асомов дар қабристони «Камолон»-и Тошкант ҷойгир аст.
Филмҳое, ки Обид Асомов нақш бозидааст:
«Шералӣ ва Ойбарчин» (1989), «Бу нима бу, или хара-кири против Кинг-Конга» (1990), «Кӯзагар ва гулдон» (1990), «Марди оҳанин» (1991), «Камми» (1991), «Бо қонунҳои ҷангал» (1991), «Алиф Лайло» (1992), «Кӯдаки ғароиб бод или тиллоӣ» (1998), «Алпомиш» (2000), «Тоҳир ва Зӯҳро» (2000), «Кӯҳи бахт» (2001), «Бадҳайбат ва майдаҳак» (2003), «Саргузашти Чатранг» (2008), «Ин филми девонаи девона» (2009), «Саргузашти нави Аловуддин» (2011).