Шаби 7 ба 8-уми июл аз Русия боз як тобути хунин ба Тоҷикистон омад. Муҳоҷири 30-солаи тоҷик Ҳанонов Мададро дар шаҳри Маскав бераҳмона ба қатл расонида, ҷисми бе ҷонашро ба Ватан фиристоданд.
Ин ҷавонмарди 30-солаи тоҷик ҳамагӣ як моҳ қабл барои дарёфти ризқу рӯзии аҳли хонаводааш ба Русия ба мардикорӣ рафта буд.
Яке аз пайвандони марҳум бо шарти ошкор накардани ному насабаш ба хабарнигори сомонаи Оила-ТЧ гуфт, ки як рӯз қабл аз маргаш Мадад ба яке аз дӯстони наздикаш занг зада шиква кардааст, ки барояш маблағи зиёде лозим аст, агар чунин пули калон ёфта натавонад, ӯро мекушанд. Пул ба Мадад барои чӣ лозим буд, маълум нест, зеро баъди ҳамин ҷумла алоқа якбора канда шудааст. Дӯсташ ҳарчанд кӯшиш мекунад, наметавонад дубора бо ӯ дар тамос шуда, аз асли моҷаро огоҳ гардад.
Рӯзи дигар аз Маскав хабар расид, ки Мададро бераҳмона ба қатл расонидаанд ва ҷасадашро ба Ватан мефиристанд. Қотили ин ҷавонмарди тоҷик кист ва чаро Мададро чунин бераҳмона ҷазо доданд, то ҳол маълум нест.
Мадад Ҳанонов сокини деҳаи Чангоби ҷамоати Хонақоҳи кӯҳии Ҳисор буда, ба варзиш, хоса гӯштин ва футбол шавқу завқи хеле зиёд дошт. Дӯстонаш аз ӯ чун як ҷавонмарди шӯхтабъ ва меҳрубону ширинсухан ёд карда, мегӯяд Мадад бо касе душманӣ надошт ва то метавонист ба дигарон дасти ёрӣ дароз мекард.
Субҳи имрӯз ҷанозаи ин муҳоҷири тоҷик дар зодгоҳаш баргузор гашта, аҳли оила ва фарзандонаш бо доду фиғони ҷигарсӯз тобути ӯро ба водии хомӯшон гусел намуданд.
Ҷисми беҷони ин ҷавонмарди ормониро дар оромгоҳи деҳаи Чангоб ба хок супурданд. Аз Мадад Ҳанонов чаҳор фарзанди кӯчак ятим монд.