Падар не, меҳмон
Вақте ки падарашон аз Русия баргашт, Ҳасану Ҳусейн аллакай дусола ва дадагӯяк шуда буданд. Манзураи баъди чил рӯзи арӯсӣ се сол дар хонаи хушдоман танҳо мондан шавҳарашро сахт пазмон шуда буд ва намехост, ки падари фарзандонаш дигар лаҳзае аз онҳо дур шавад, аммо Фурқат ҳамагӣ ду моҳ истода, боз роҳи Русияро пеш гирифт. Вақти гусели шавҳараш Манзура зор-зор гиря карда, зориву тавалло менамуд, ки ӯро низ ҳамроҳи писарчаҳояш бо худ барад, аммо Фурқат “занак, дар як хона мо 10-12 мардак зиндагӣ мекунем, охир, чӣ хел ман туро ба он ҷо мебарам?” гӯён, рад намуд....
Шавҳардори бе шавҳар
Манзура, ки боз ҳомила шуда буд, баъди ҳафт моҳи рафтани шавҳараш духтарчаи заркокулеро ба дунё овард. Фурқат барои духтарчааш гӯшворчаи тиллоӣ, либосҳои зебои кӯдакона ва барои худи Манзура гарданбанди гаронбаҳое фиристода бошад ҳам, чун дафъаи пешин ба аёдати зану фарзандаш наомад. Падару модар ва хусуру хушдоманаш дар бараш бошанд ҳам, Манзура худро танҳои танҳо эҳсос мекард. Бо сеткаҳои пур ба таваллудхона ба аёдати зану фарзандашон омадани мардҳои дигарро дида, як аламаш сад алам мешуд. Як умр шавҳардори бе шавҳар будан ба дилаш зада буд. Мехост мисли дигар занҳо шавҳараш дар бараш бошад ва фарзандашро ба оғӯш гирифта, меҳрубонӣ кунад, аммо...
Дидори ишқи аввал
Ҳасану Ҳусейн шашсолаю духтарчаи ҷингиламӯйи Манзура-Омина аллакай сесола шуда буд, вале аз шавҳараш ҳанӯз дарак набуд. Манзура дар тӯли ҳафт соли шавҳардори бе шавҳар будан ба чунин зиндагӣ одат карда буд, вале як вохӯрии тақдирсӯз ҳаёти ӯро дар як лаҳза дигаргун намуд.
Рӯзе Манзура ба бозори Корвон рафт, то ки барои кӯдаконаш либоси зимистона харад. Бо се кӯдаки хурдсолу халтаҳои пурбор ба автобус нишастан бисёр душвор буд, аз ҳамин хотир, дар бозгашт ӯ таксиеро манъ кард. Ҷавонзан бо фарзандонаш овора буд ва ҳатто ба рӯйи ронанда нигоҳ накарда ба мошин нишаст. Ҳаво боронӣ ва чунон хунук буд, ки аъзои бадани одам дарақ-дарақ меларзид.
-Манзурахон, хунук хурдед, ҳозир дар печка алов мемонам, гарм мешавед, -ронанда инро гуфта, тугмачаи асбоби гармидиҳандаи автомобилашро зер кард.
Садо ба гӯшаш ким-чӣ хел шинос расид ва Манзура сарашро бардошт. Дар оинаи мошин симои ошноеро дида, дилаш дар қафаси сина мисли мурғи нимбисмил ба бозӣ даромад. Ронанда ишқи аввалаш Ҳомид буд. Аввал хост мошинро нигоҳ дошта фарояд, вале андешаи он ки кӯдаконаш дар ин рӯзи хунук дар зери борон монда азоб мекашанд, ӯро боздошт. Раҳораҳ Ҳомид дар бораи зиндагии Манзура пурсон шуда, аз ину он чақчақкунон ӯро то таги дари хонааш оварда монд...
Оташи зери хокистар
Ҳамон шаб нав сар ба болин монда буд, ки телефонаш занг зад. Манзура бо гумони он ки шавҳараш занг мезанад, телефонро бардошт, вале аз он ҷониб садои ишқи аввалаш Ҳомид ба гӯш расид.
-Манзураҷон, чӣ хелӣ? Туро дидаму оташи ишқ дар дилам аз нав аланга зад. Ту намедонӣ, ки ман туро чӣ қадар ёд кардаам...
-Ҳомид, бас кун, айб аст, охир ману ту дигар кӯдак нестем. Ман зани шавҳардор, шукри Худо се фарзанд дорам, ту ҳам ба фикрам кайҳо зан гирифта, бачадор шудӣ. Байни ману ту чизе, ки буд, гузашт. Ин гапҳо дигар чӣ лозим?
Манзура хост телефонро хомӯш намояд, вале Ҳомид “муж не стена, жена не помеха” гӯён, зориву тавалло мекард, ки ақаллан телефонӣ бо вай гоҳ-гоҳ суҳбат намояд, то ки алови дилаш андаке ҳам бошад, пасттар шавад...
Васвасаи шайтон
Ҳамин тавр онҳо аввал тариқи телефон соатҳо суҳбат намуда, баъдан дар ҷойҳои хилват мулоқот мекардагӣ шуданд. Манзура, ки дар тули ҳафт соли шавҳардорӣ танҳо се-чор моҳ бо шавҳараш буду халос, аз меҳрубониҳои Ҳомид обу адо мешуд. Оғӯши гарм ва навозишҳои ширини ин марди номаҳрам ақли ҷавонзани қуръонхонро тира намуда, ба кӯйи хиёнату бевафоӣ кашид. Манзура ҳар бори ба вохӯрӣ рафтан пеши худ қавл медод, ки ин охирин дидораш бо Ҳомид хоҳад буд ва тавба карда, дигар ин гуноҳи азимро такрор намекунад, аммо шайтони лаин “шӯят дар он ҷо сад беваи урус дорад, барои ҳамин туро суроғ намекунад, чаро барои як марди бевафо умри ҷавонатро беҳуда хазон мекунӣ” гӯён, дар дилаш оташи рашку шаҳватро фурӯзон мекард ва ӯро боз васваса карда, ба кӯйи зино мебурд...
Ҳосили гуноҳ
Баъди се-чор моҳи мулоқотҳои ошиқона бо ишқи аввалаш сари Манзура чарх мезадагӣ шуд ва эҳсос кард, ки аз Ҳомид ҳомиладор шудааст. Ҷавонзан мисли мурғи посӯхта ба худ ҷойи нишаст намеёфт. Вай боз бо баҳонаи ба бозор рафтан аз хона баромада, ба Ҳомид занг зад ва ин хабари нохушро расонд. Ҳомид аллакай чор фарзанд дошт ва бачаи ҳаромии Манзура дар ду дунё ба ӯ лозим набуд. Аз ҳамин хотир, вай аз як духтури шиносаш дору гирифта, ба маъшуқааш фармуд, ки тифли батнашро несту нобуд созад, аммо...
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)