Formula september
Писари директори мактаб боиси марги Азизаи 26- сола гашт
12.06.2019
Р. Азимӣ
5115

 

Гунаҳкори марги Азизаи регарӣ-Ирфон Саидов пас аз як сол ба даст афтид. Дар ин бора ба хабарнигори сомонаи “Oila.tj” сокинони шаҳри Турсунзода бародарон Ҷовидон ва Иброҳим хабар доданд.

Санаи 3-юми майи соли 2018  Азиза ном ҷавонзани регарӣ, ки модари ду фарзанди хурдсол буда, аз шавҳараш ҷудо шуда буд, дар оғилхонаи ҳавлии модараш худро ба дор овехт. Ин хабари нохуш ба зудӣ расонаӣ гашта, гуфта мешуд, ки ҷавонзани нокомро моҷарои қарз ба ҳалқаи дор бурдааст. Азиза дар нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо кор мекард.

Ба гуфти Ҷовидон, ки худро шоҳиди ин ходиса меномад, шарики Азиза бо тақаллубкорӣ машғул шуда, ба мусофирон чиптаҳои қалбакӣ мефурӯхтааст. Ин сир фош гашта, мусофирони фиребхӯрда ба мақомот арз мекунанд. Шарикаш пулро ба кисса зада рӯ ба гурез мениҳад ва қарзи калон ба гардани ин ҷавонзани номурод, ки аслан аз сохта будани чиптаҳо хабар надошт, бор мешавад. Азиза аз ӯҳдаи бар гардонидани чунин қарзи калон набаромада, даст ба худкушӣ задааст.

Ниҳоят пас аз як соли худкушии Азизаи ноком гунаҳкори марги ин ҷавонзани бегуноҳ ба даст афтид.

 Ба қавли як сокини шаҳри Турсунзода, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ намуд, шарики Азиза-Ирфон Саидови 37 сола, писари собиқ директори мактаб будааст. Ба қавли ин мард Ирфон ба боварии Азиза, ки роҳбари авиакассаи назди бозори марказии шаҳри Турсунзода буд, даромада, пинҳонӣ аз ӯ сана ва дигар маълумотҳоро иваз карда, ба ба шахсони дигар мефурӯхтааст. Вақте ки ин тақаллубкорӣ ошкор мешавад, Ирфон пулро ба кисса зада рӯ ба гурез мениҳад. Моҷарои чиптаҳои қалбакӣ ба сари Азиза бор гашта, боиси худкушии ин ҷавонзани бегуноҳ гашт. Акнун гунаҳкори марги Азизаи 26 сола, ки аз ӯ ду фарзанди хурдсол ятим монд, дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

Ирфон Саидов зодаи ноҳияи Шаҳринав буда, қаблан бо моддаи 247,қисми 3-и кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст. Шаш соли маҳбас низ ба писари директор дарси ибрат нагашта,баъди ба озодӣ баромадан Ирфон боз даст ба мардумфиребӣ зад.  Ин ҷавон ба 80 нафар чиптаҳои қалбакии ҳавопаймо фурӯхта дар маҷмуъ ба онҳо 75 ҳазор доллар зарар расонидааст.

Яке аз ҷабрдидагон мегӯяд, вакте ки мо ба хонаи падари Ирфон рафта, бар гардонидани маблағи худро талабкардем, дар чашмони муаллим донаҳои калон-калони ашк ҳалқа заданд ва оҳи сарде кашида, гуфт:

 “Фарзанди нохалаф маро дар назди дӯсту душман сархаму шармсор кард. Аз шарм дигар ба рӯйи мардум нигоҳ карда наметавонам. Беҳуда бузургонамон нагуфта будаанд: Фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар!”

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД