arzon replenishment
Сарнавишт: Ғуломи хушдоман
4338

-Аз зиндагӣ безор шудаам, мехоҳам худамро ба дор овехта кушам, лекин тарси ҳаром мурдан ва андешаи тақдири ҳамин ду кӯдаки бегуноҳам, ки баъди сари ман бе модар пеши пойи мардум хору зор мешаванд, маро нигоҳ медорад,- оҳи сард кашид ҷавонзан.

Ба шунидани ин суханони талх як қад паридам. Ҳайрон будам, ки ин зани гул барин зеборо кӣ ё чӣ аз зиндагӣ ин қадар дилсард кардааст.

-Хоҳарҷон, қасди ҷони ҷавони худ намудан роҳи ҳалли масъала нест. Бо мурдан касе ба муроди дилаш нарасидааст, ки шумо бирасед. Беҳтараш бигӯед, ки чӣ мушкилот доред, агар аз дастамон ояд, дар ҳаллаш кӯмак мерасонем, наояд, ба назди касоне мефиристем, ки қудрату имкони ба шумо мадад расонданро доранд,-Бо ин суханон андаке меҳмонро таскин дода, номашро пурсидам. Ҷавонзан, ки Маҳбуба ном доштааст, саргузашти талхашро бо дард ҳикоят кард.

 Фарзанд ба хотири медали тилло

Ман дар оилаи серфарзанд ба дунё омадаам. Падарам ба қавле як деҳқони хокпош, модарам зани хонашин бошанд ҳам, ба хотири медали тиллоии “Қаҳрамонмодар ”-и давлати шӯравӣ 13 фарзандро ба дунё овардаанд. Ман дар оила фарзанди кенҷагӣ ва бетолеътарин ба шумо меравам. Яксола нашуда будам, ки давлати советӣ барҳам хӯрда, ҷангу ҷидол ва қаҳтию гуруснагӣ сар шуд. Ёдам ҳаст, ки чӣ тавр падари раҳматиам барои чор дона хлеб шабҳо то саҳар навбат мепоид ва субҳ нонро ба хона оварда ба ҳамаамон як бурдагӣ тақсим мекард. Аксар вақт ба падару модарам нон намерасид, бечораҳо гуруснаю ташна менишастанд, то мо, фарзандонашон аз гуруснагӣ намурем.

 Хазони орзуҳо

Зиндагиамон, ки аз аввал пуразоб буд, ҳаёти душвори падару модари бесаводамро дида, ман пеши худ мақсад гузоштам, ки албатта хонда, соҳиби обрӯ ва ному нон мешавам, вале Амина-холаам ба рӯйи ҳама умеду ормонҳоям хати батлон кашид. Модарам дар бисоташ ҳамагӣ як апа дошт ва вақте ки холаам барои писараш Барот маро хостгорӣ намуд, хоҳишашро рад карда натавонист. Ҳарчанд гиряву нола кардам, ки ман нав ба 17 қадам гузоштааму ҳоло вақти шавҳар карданам нест, бояд аввал хонам, касбу кор омӯзем ва равиши хонадориро омӯзам, касе садои диламро шунидан нахост. “Духтара чию хонданаш чӣ” гӯён, волидонам маро ба писари холаам ба шавҳар доданд, то риштаи хешу табориашонро мустаҳкамтар созанд, вале....

 Хола хушдоман шуду душман гашт

Холаам то тӯй сад бор садқаю бандаи қаду қомати баланду чашму абрувони зебо ва дастони   пурҳунари ман мегашт, вале баъди он, ки ҳамчун келин ба остонааш қадам гузоштам, муносибаташ тағйир ёфт. Аллакай субҳи рӯзи дуюми арӯсиам хола-хушдоманам маро соати чори саҳар аз хоб бедор карда гуфт:

-Ин ҷо хонаи очаат нест, ки то нисфирӯзӣ баҳузур хоб кардан гирӣ, минбаъд ҳар рӯз пеш аз намоз хеста, барои мо оби таҳорат мегирӣ ва тамоми кору бори хонаро мекунӣ!

Тӯри арӯси дар сар бо аломати ризо сар ҷунбондам.

 Духтарҳои тайёрхӯр

Холаам мисли модарам серфарзанд, аниқтараш соҳиби 8 духтару 2 писар аст. Келини калониаш аз ҷабру ситами хоҳаршӯйҳо ду кӯдакашро партофта баромад рафта буд ва парастории бачаҳои зиндаятими вай низ бар дӯши ман афтид. 5 хоҳаршӯям ба шавҳар баромада бошанд ҳам, танҳо ду нафарашон дар хонаҳои худашон ҳастанд, 3 қайсингилам аз шавҳар ҷудо шуда дар хонаи падарашон зиндагӣ мекунанд, шавҳари яки дигараш қариб 10 сол боз дар Русия бе ному нишон аст. Хулоса, шаш хоҳари шавҳарам дар ин хона зиндагӣ кунанд ҳам, дасташонро ҳатто ба оби хунук намезананд. Корашон рӯз то бегоҳ худро орову торо додан ва ғайбат кардан аст.

 Келин ё канизак?

Нигоҳубини гову мол, хонаю ҳавлирӯбӣ, хӯрокпазӣ, нонпазӣ, ҷомашӯӣ, хулоса тамоми кору бори ин хонаводаи калон танҳо ба зиммаи ман аст. Аз соати 4-и субҳ то12-и шаб ҷумбуҷӯл мекунам, вале дар тӯли 10 соли зиндагиам на аз шавҳарам ягон бор сухани хуб шунидам, на аз модару хоҳаронаш, ҳамеша ягон айб монда, як пора нони мехӯрдаамро дар танам заҳр мекунанд. Хола ба ҷойи модар аст мегӯянд, вале холаи ман аз рӯзе, ки хушдоманам шуд, пӯстинашро чаппа пӯшида ба душмани ҷонам табдил ёфт.

 Ҳунар, беҳ аз шавҳар

Шавҳарам ҷойи кори доимӣ надорад, танҳо фасли тобистон ба Русия рафта дар сохтмон кор мекунаду тирамоҳ ба хона бар мегардад. Дар бадали ҳамин қадар сол вай ба ман ҳатто як ҷӯроб нахаридааст. Хайрият, ки ҳунари дӯзандагӣ дораму аз ҳисоби чор танга пули бо меҳнати худ меёфтаам, рӯзгори худаму бачаҳоямро пеш мебарам, вагарна бо умеди ин мардаки муштзӯр шуда, кайҳо аз гуруснагӣ мемурдем. Шабҳо баъди ба анҷом расонидани тамоми кору бори хона дар сари мошини дарздӯзӣ мешинам. Ҳама масти хобанд, ман бошам, то соати ду ва гоҳо то саҳар курта медӯзам, то аз ҳисоби дастмузди худ барои бачаҳоям айнаву собун, ширу шакар, либосу пойафзол ва дигар лавозимоти заруриро бихарам. Шавҳарам як пули пучак ҳам намефиристад, бар замми ин, ҳамон чор суми меҳнатии маро низ базӯр аз дастам зада мегирад

 Қайсингилҳои муштзӯр

Ростӣ, ба ҳама каму кости зиндагӣ тоқат мекардам, агар муносибати шавҳарам ва аҳли оилаашон бо ман хуб мебуд, вале онҳо маро одам ҳисоб намекунанд. Хушдоману хоҳаршӯйҳоям дар симои ман келин не, ғуломро мебинанд. Ғуломе, ки вазифадор аст чиркашон шӯяд, хӯроку нонашонро пазад, гову молашонро нигоҳубин намояд, вале ягон чиз талаб накунад ва санги осиёбро ба сараш гардон намоянд ҳам, овоз набарорад. Хоҳарони шавҳарам чандин маротиба маро зада аъзои сиёҳу кабуд карданд. Сабаб-бачаҳояшон бо кӯдакони ман ҷанҷолу ҳақоратгӯӣ намудаанд. Аслан айб дар бачаҳои ман ҳам нест, кӯдакон аз забони бибию бобо ва аммаю амакҳояшон танҳо дашномҳои қабеҳ шунида, мисли тутӣ ин гапҳои ҳаромро азёд кардаанд ва ҳамин, ки ҷанҷол шуданд, ҳамон гапҳоеро ба забон меоранд, ки ҳар рӯз аз калонсолон мешунаванд.

 Ленаро диду аз худ рафт

Шавҳарам дар Русия зан дорад. Пештар бо як беваи аз худаш қариб 20 сол калон зиндагӣ карда, тамоми пули меёфтаашро ба ҳамон кампир сарф мекард, вале аз афташ кампираки чаққон ягон марди пулдори дигарро ёфта, ӯро аз хонааш рондааст. Шавҳарам Барот барқасди кампираш духтари 16 солаеро ба домаш афтонда ба занӣ гирифтааст. Аслан дили ман аз шавҳарам чунон хунук шудааст, ки парвои зангириашро надорам, вале ҷонам аз мушту лагадаш ба лаб расидааст. Аз Русия, ки баргашт “Ту мисли Лена хушрӯй нестӣ, ту вай барин дар бистар меҳрубонию навозиш карда наметавонӣ” гӯён, маро мурданивор зада, гоҳ дастамро мешиканаду гоҳ биниамро, ҳатто нармаки гӯшамро шикаста буд. Ҷонам аз ҷабри шавҳари муштзӯр ва модару хоҳарони морзабонаш ба лабам расидааст. Дигар ғуломи шавҳару хушдоман будан намехоҳам...

 Маҳбубаҳо бисёранд, вале...

Ба ин ҷавонзани аз ҷабру ситами аҳли хонаводаи шавҳар ба ҷон расида роҳи ҳалли масъаларо нишон дода, ӯро назди ҳуқуқшиносон фиристодем, то арзашро ба гӯши мақомотҳои дахлдор расонда, ҳуқуқҳояшро ҳимоят намоянд, вале бо ин масъалаи зӯроварии хонаводагӣ ҳал намешавад. Маҳбуба барин занҳои ба ҷабру зулми шавҳар, хушдоман, хоҳаршӯй ва дигар аълои оила гирифтор дар кишвари мо, хоса дар деҳот хеле зиёданд, вале “сари кафида зери тоқӣ ” гӯён, мегарданд, зеро ба мо аз замони кӯдаки талқин менамоянд, ки зан набояд сирри оилаашро ба мардум фош созад. Ин сир пинҳон карданҳо метавонанд оқибатҳои басо нохушро ба мисли худро ба дор овехтан, заҳролуд кардан, дорувориҳои марговар хӯрдани ҷавонзанҳои пайваста дар зери фишору зӯроварӣ қарордошта оварда расонанд. Дар кишварамон кумитаи кор бо занон ва оила, алянси занҳои ҳуқуқшинос ва даҳҳо идораҳои дигаре ҳастанд, ки метавонанд ба занҳои ба зӯроварии хонаводагӣ гирифтор дасти мадад дароз карда, дар дифои ҳуқуқҳояшон кӯмак расонанд, вале мушкилот дар он аст, ки аксари занҳои зери зулму ситами пайвандон қарордошта дар ин бора маълумоти кофӣ надоранд ва ба куҷо муроҷиат карданашонро намедонанд. Аз ин хотир мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар баробари оқибатҳои ногувори никоҳи хешутаборӣ ва тавлиди тифлакони маъюб ба ин масъалаи ҷиддӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем, зеро барои тавлиду тарбияи фарзандони солим пеш аз ҳама муҳити солими хонаводагӣ зарур аст. Муҳити оила бояд саршор аз меҳру муҳаббат ва эҳтироми тарафайн бошад, то кӯдакон маданияти оиладориро аз бобою бибӣ ва падару модар биомӯзанд...

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД