Sebiston new 2024 october
Нони бой арра дорад....
3290

 

Соли таҳсил ба охир расиду дугонаам Адолат бо ман хайрухушкунон ишорат намуд, ки дар давраи таътил ҳамроҳи модараш ба хонаи мо меҳмонӣ меравад.

Мақсади дугонаамро ба зудӣ пай бурдам, чунки ҳар бори ба хонаашон рафтанамон модари Адолат “келини худам омад” гӯён, садқаю бандаи ман мешуд. Ин хабарро шунида ҳам хурсанд шудаму ҳам зиқ, чунки волидони ман як хоначаи одии хоксорона доштанд, ки солҳои дароз рӯйи таъмирро надида буд, падару модари Адолат бошанд бою бадавлат буданд.

Духтари ҳамакора

 Дар ҳафтаи аввали таътил дасту остин бар зада ба таъмири хонаамон сар кардам. Часпу талоши маро дида, аҳли оилаамон ҳамагӣ ба ин кор шавқманд гаштанд. Дар муддати ду ҳафта ҳавлию дарамон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфта, зебову диданӣ шуд. Нав таъмирро ба охир расонида будем, ки Адолат ҳамроҳи модараш ба хонаи мо меҳмонӣ омаданд. Дастурхонҳои калон-калонашонро дида, аҳли оилаамон дарҳол мақсади меҳмонҳоро пай бурданд. Падарам гӯсфанд кушта онҳоро зиёфат дод, модарам бошад, таърифи зиндагии серу пури Адолатиноро аз забони хоҳарам шунида ба худ ҷойи нишаст намеёфт, ки чунин одамони бообрӯ ба хонаи ӯ хостгорӣ омадаанд ва духтараш шавҳари бою бадавлат карда, шоҳона умр ба сар мебарад.

Хуллас, волидонам дар ҳамон дафъаи аввали хостгорӣ розигӣ доданд ва маро ба бародари дугонаам фотиҳа карданд, вале қарор шуд, ки тӯйи мо як сол пас барпо мешавад, чунки домодшаванда дар курси охирини донишгоҳ мехонд ва ин давра дар ҳаёташ ҳалкунанда буд. Волидонаш намехостанд, ки ҳушу ёди Усмонҷон ба зану зиндагиаш банд гашта, дар таҳсил саҳлангорӣ кунад, барои ҳамин тӯйро ба соли дигар мавқуф гузоштанд.

Домоди камгап

Бори аввал ману Усмонҷон пас аз се моҳи фотиҳа шуданамон дар саҳни омӯзишгоҳ ҳамсуҳбат шудем. Вай ба хабаргирии хоҳараш омада бо ман низ чанд сухан раду бадал кард. Аз шарм ба рӯяш нигоҳ карда натавониста, ман танҳо бо сари хам ба саволҳояш, ки бештар дар мавриди хонданам буданд, кӯтоҳ-кӯтоҳ ҷавоб медодам.
 Минбаъд се-чор маротибаи дигар мулоқот кардем, вале бояд иқрор шавам, ки суҳбати мо ҳеҷ гоҳ ошиқона набуд, ман ҳатто наметавонам вохӯриҳоямонро дӯстона номам, чунки хеле кӯтоҳу бемазмун буданд...

Арӯси бе пою қадам

Соли таҳсил ба охир расид ва волидони Адолат ба хонаи мо сарупои қиматбаҳои арӯсию дигар лавозимоти тӯёна оварда, санаи тӯйро таъин намуда рафтанд. Модарам бо дили моломоли орзую ҳавасҳои ширин маъракаҳои туқузбинон ва пахтарезонро гузаронида, барои ман чанд тахт кӯрпаю болин дӯхт ва хешу таборро ба тӯй хабар кард. Адолатро низ ба як хешашон фотиҳа карда буданд ва бояд тӯйи ҳардуямон дар як рӯз барпо мегашт, аммо ба бахти бади дугонаам ду рӯз пеш аз никоҳ номзади ӯ ба садама гирифтор шуда, дар ҷойи ҳодиса ҳалок гашт.

Ҳамин тавр тӯйи мо ба азо табдил ёфт ва маро бе савту наво, хапу хомӯш арӯс карда ба хонаи шавҳарам бурданд...

Нони бой арра дорад

Дар хонадони Адолатино келин шудан пас фаҳмидам, ки нони бой арра доштааст. Дар ин оилаи серу пур ва бою бадавлат одамизод ба андозаи як пашша қадр надошт. Хоҳарони Адолат ба ҳар як меҳмони аз дарашон даромада албатта ягон лақаби таҳқиромез монда ба ҳолаш механдиданд. Онҳо ҳатто байни худ носоз буданд ва сояи ҳамдигарро аз девор метарошиданд. Хушдоманам, зани сарсафеди умраш ба ҷое расида, ба ҷойи духтаронашро насиҳат кардан онҳоро баръакс балво медод ва худаш ҳам шавҳарашро ба қадри як саг писанд намекард, хусурам бошад, барқасди занаш мудом маъшуқабозӣ карда мегашт. Хулоса, дар ин хона ҳама чиз фаровон бошад ҳам, ҳурмату эҳтиром ганҷи камёфт буд, аниқтараш умуман вуҷуд надошт...

Нағмаҳои “занкалон”

Шавҳарам Усмонҷон аввалҳо нисбати ман бисёр ғамхор буд, аммо меҳрубониаш дер девом накард. Хоҳаронаш ба муносибати мо ҳасад бурда, лақаби “занкалон”-ро ба номи Усмонҷон часпонданд. Ин ба вай сахт расида, нисбати ман дағал ва номеҳрубон гашт. Акнун ӯ мисли пештара ҳар бегоҳ ба хона намеомад. Серкориашро баҳона карда шабҳо дар шаҳр мемонд. Мо шаҳу арӯси нав бошем ҳам, дар як ҳафт а танҳо як бор ҳамдигарро медидем. Шабе ба шавҳарам рози дил карда гуфтам:

-Усмонҷон, чӣ мешавад, ки маро ҳам ҳамроҳи худатон ба шаҳр баред?

Бо шунидани ин гап вай якбора оташ гирифта, девонавор аррос зад:

-Номаъқул кардӣ! Ман ҳеҷ гоҳ падару модарамро танҳо гузошта, туро ба шаҳр намебарам. Мурда-мурда дар ҳамин ҷо зиндагӣ карда, хизмати онҳоро мекунӣ. Номи шаҳрро тамоман аз хотират барор!

Аз тарс дарақ-дарақ ларзида гиря кардам ва рӯямро ҷониби девор гардонда, хобидам.

Дугона душмани ҷонам шуд

Дугонаам Адолат, ки пештар ҳатто як мавизро бе ман намехӯрд, баъди келин шуда ба хонаашон омаданам душмани ҷони ман гашт. Вай дар фоҷиаи ба сараш омада маро гунаҳкор карда мегуфт: “Ҳамааш айби ту аст шумқадам, бо касофатии ту шавҳаршавандаи ман ба садама гирифтор шуда ҷавонмарг гашт. Мани сода, агар тӯямро пеш аз тӯйи ту мемондам, ин фоҷиа рӯй намедод ва имрӯз хушбахт мебудам... “

Дилаш хун аст гӯён, талху пичингҳои дугона ва хоҳаршӯямро хомӯшона гӯш карда, дар ҷавоб чизе намегуфтам, ҳол он ки дар марги номзади ӯ ман ягон зарра гуноҳ надоштам, баръакс аз рӯйи онҳо шуда, тӯйи мо ба мотам табдил ёфт ва маро бевақаторӣ бе навои карнаю сурнай ва рақсу бозӣ ба хонаи бахтам гусел намуданд...

Хушдоман не, балои дупо

Бо мурури замон ба Адолат хостгори дигар пайдо шуд ва падари сарватмандаш дар беҳтарин тарабхонаи шаҳр базми осмонкаф ороста, ӯро ба хонаи бахташ гусел кард. Ду хоҳари дигари шавҳарам низ дар ҷойҳои хуб ба шавҳар баромада, соҳиби бахту тахт шуданд, вале то ҳол муносибаташон бо ман хуб нест. Ҳар гоҳ ба хонаи падарашон меҳмонӣ биёянд, албатта ягон гапи нешдор зада, дили маро хун мекунанд. Хушдоманам низ аз духтарҳояш монданӣ надорад, рӯзе нест, ки вай бо ягон баҳона бо ман ҷангу ҷанҷол карда, бо тахлу пичингзанӣ оби чашмамро дар бари рӯям накунад. Духтарҳояш дар ҷойҳои нағз келин шудаанд ва шавҳаронашон онҳоро рӯйи даст бардошта мегарданд, аммо ин кампири ношукр мудом бо ман ситеза карда мегӯяд:

-Худо ба ту додааст, гадодухтари гушнамаст, дар хонаи бою бадавлати мо каттагӣ карда, думбаро намехӯрӣ, ки бӯй мекунад, духтарҳои бо гули чиз калонкардаи ман бошанд, дар қишлоқи бадбӯй афтида, хору зор аз субҳ то шом дар оғилу каҳдон саргини гов чинда мегарданд...

Хусурам аз беэҳтиромӣ ва морзабонии занаш ба ҷон расида, ҳамеша шаҳр ба шаҳр мегардад, то рӯйи ин аҷузкампирро камтар бубинад, шавҳарам низ аз паси кору бори худаш овора аст ва қариб ки ба хона намеояд, неши забони хушдомани дилозорам танҳо ба ман мерасад. Кампир рӯзи дароз маро дуою дашном карда чунон гапҳое мезанад, ки забони кас ба такрор карданаш намегардад, аммо ман гӯшамро ба карию чашмамро ба кӯрӣ зада чунон вонамуд мекунам, ки ӯро намебинаму намешунавам, вале..

Сари кафида зери тоқӣ

-Сурайё, ту ба орзуят расидӣ, келини хонадони сарватманд, зани бойбача шудӣ, лекин мудом чеҳраат тираву ғамгин аст, чаро? Шавҳарат барои кор карданат иҷозат намедиҳад, барои ҳамин зиқ мешавӣ?-Ҳар дафъа мепурсад хоҳарам Лайло, ки баъди аз худ кардани касби дӯзандагӣ ба як ҷавони ронанда ба шавҳар баромада, зиндагии хушу хуррамона дорад.

-Ба назарат ҳамин хел менамояд, охир ман дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ надорам, барои чӣ ғамгин шавам, -мегӯям дар ҷавоб ва рӯямро ҷониби дигар мегардонам, то чашмонам маро нафурӯшанд. Шарм медорам бигӯям, ки ман дар хонаи бою бадавлати шавҳарам ба андозаи саг қадр надорам ва ба зиндагии хоксорона, аммо пур аз шодию фараҳ ва ҳурмату эҳтироми онҳо ҳасад мебарам. “Сари кафида зери тоқию дасти шикаста зери остин” гӯён, сирри ҳаёти талхамро пинҳон карда гаштаам, вале дилам аз ғам қариб ба кафидан расидааст. Метарсам, ки дилам ба заҳри забони хушдоман ва дағалию номеҳрубонии шавҳари сарватмандам тоб наоварда мекафад ё хун ба мағзи сарам зада, як умр маъюбу маслуқ мешавам.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Сурайёи раҳгумзада.


 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Амина 2023-08-04, 13:10
Хохари азиз ин зиндагии бе маьно ба шумо чи лозим? Шумо барои хуштоман ва кайсингилхоятон зиндаги карда истодаед? Солхо паи хам гузашта рафта истодааст умри одам кутох аст хубаш баромада равед аз ончо хонед дониш омузед кор кунед. Хушбахтиятон дар дасти худатон аст шумо метавонед хамаашро дигар кунед!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Амина 2023-08-04, 13:10
Хохари азиз ин зиндагии бе маьно ба шумо чи лозим? Шумо барои хуштоман ва кайсингилхоятон зиндаги карда истодаед? Солхо паи хам гузашта рафта истодааст умри одам кутох аст хубаш баромада равед аз ончо хонед дониш омузед кор кунед. Хушбахтиятон дар дасти худатон аст шумо метавонед хамаашро дигар кунед!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД