Formula september
Ба 44-хона хостгор фиристодам, касе маро нагирифт
4150


Дарди дили домоди кал

Ман, як ҷавони 29- сола имрӯз мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат бипурсам. Гап дар сари як “мерос”-и аҷдодӣ меравад, ки ҳаёти маро талх гардонидааст.

Падарам ва бобову бобокалонҳоям ҳама тоссар будаанд. Сари кал аз онҳо ба ман мерос мондааст. Замони дар мактаби миёна хонданам бачаҳо маро “кали хунук” гуфта, мазоқу масхара мекарданд, баъди хатми мактаб бошад, мавриди тамасхури донишҷӯён қарор гирифтам. Ҳамкурсҳоям бовар намекарданд, ки ман нав мактабро хатм карда ба донишгоҳ дохил шудаам. Ошкоро дар рӯи ман мегуфтанд, ки ту аз мо 15-20 сол калон менамоӣ. Ба автобус савор шавам, ҷавонон дарав “ака, биёед шинед” гӯён, ба ман ҷой медоданд. Аз шарм замин намекафид, ки дароям…

Хуллас, вақти зангириам фаро расид, вале падару модарам бо нияти хостгорӣ дари даҳҳо хонаи духтардорро кӯфта бошанд ҳам, ба мақсад нарасиданд. Духтарҳои деҳа ҳамин, ки номи маро шуниданд, дарҳол доду фиғон мебардоштаанд, ки зани он кали хунук намешавам. Модари бечораам навмед шуда, рӯ ба шаҳр овард, аммо дар пойтахт низ муроди мо ҳосил нашуд. Одамони шаҳр нисбатан бомаданияттар ҳастанд, онҳо ошкоро “писаратон кал будааст” нагуфта бошанд ҳам, бо дидани акси ман дарҳол баҳона пеш меоварданд, ки духтарашон ҳанӯз хурд аст ё аллакай номзад дорад.

Кафшҳои падару модарам аз келинкобӣ дарида бошад ҳам, то ҳол ягон арӯси муносиб наёфтаанд. Бовар мекунед ба 44-хона хостгор фиристодам, касе ба ман духтар намедищад. Якто-нимто духтардорон розӣ мешаванд, вале духтарҳояшон кар, кӯр ё шал ҳастанд. Ман ба ғайр аз сари калам дигар ягон айб надорам, чӣ хел зани инвалид мегирам?!


Зане, ки имрӯз мо дар борааш қисса мекунем, зани дуюм аст. Зиндагии ин зан то андозае пардаро аз рӯйи рӯзгори сангини занҳои дуюм мекушояд...

 


Синну солам аз зангирӣ гузашта истодааст, аз ҳамин сабаб бо умед ба “Оила” муроҷиат намудам, ки шояд бо воситаи ин сомонаи розшунав дари бахтам кушода мешавад. Дар байни хонандагони газета агар духтаре бошад, ки ба сурат не, ба сифати инсон дил бандад ва арӯси ман шавад, як умр ӯро тоҷи сар хоҳам кард!

Мирзошариф, хонандаи “Оила”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД