Formula novemver 2024
Шабнами Собирӣ: Ҳасудон зиндагии моро «мечтать» мекунанд! (ВИДЕО)
6455

 -Шабнам сароянда шудан орзуи кӯдакиатон буд ё аз сари ҳавою ҳавас қадам ба ин ҷода ниҳодед?

- Аз хурди хонумҳои сарояндаро дида ҳавасам меомад ва мусиқиро баланд монда, ман ҳам суруд мехондам. Ин орзу оҳиста-оҳиста дар дилам бузургтар шуда, билохира маро санъаткор кард.

-Шумо аз рўзи аввалини ба саҳна баромаданатон бо Мансур зану шавҳар будед ё баъди сароянда шуданатон Лайлию Маҷнун гаштед?

ану шавҳарам аввал дўст будем, баъд дўстиамон ба ишқ мубадал гашт ва ба хулосае омадем, ки бо ҳам хонадор мешавем.

-Суруде доред бо номи «Ёри дилозор». Мегӯянд, ки ин суруд аз ҳаёти худатон аст?

-Не, ин тарона ба зиндагии ман ягон алоқамандӣ надорад. Матнаш ба ман писанд омад, ба ҳамин хотир онро сурудам, то дарди онҳое, ки аз ишқ дилашон хун шудааст, андаке бошад ҳам, таскин ёбад.

-Мегӯянд, ки рақобат дар ҷодаи ҳунар бисёр шадид аст. Шабнам душман дорад?

-Душман бегуфтугў дорам. Натанҳо ман, балки тамоми сарояндагон дар баробари дўстону мухлисони бисёр душман низ доранд. Ростӣ аз дасти душманонам зиёд ранҷ бурдам. Азобҳое, ки то имрӯз аз дасти душманонам кашидам, фақат худам медонаму парвардигор, аммо номҳояшонро ин ҷо зикр кардан намехоҳам. Бигзор худованд худаш ҷазояшонро диҳад.

-Аксари занҳои машҳур аз хизмати ҷарроҳон истифда мебаранд. Шумо ягон бор ҷарҳи пластикӣ кардаед?

-Не, ягон бор ҷарроҳии пластикӣ накардаам, вале баъзан ранги мӯямро тағйир дода, зард мекунам. Худовнд ба ман қошу чашми сиёҳ ва лабу даҳони хуштарҳу зебо додааст. Чаро ба додаи худо ношукрӣ карда, ҷарроҳии пластикӣ кунам?!

-Аксари мухлисонатон мехоҳанд манбаи даромади Шабнам ро бидонанд?

-Шабу рўз меҳнат карда суруд эҷод мекунам, бар замми ин, маҳфили хурсандӣ ва тӯю маъракаи мардумро обод карда, щацци хизмат мегирам. Даромади ман асосан аз ҳисоби ҳамин ҳунарам аст.

-Мегӯянд, ки аз байни шумо ва шавҳаратон гурбаи сиёҳ гузаштаасту бо ҳамдигар қаҳриед...

-(Механдад) Ин овозаҳо дурўғанд. Аз байни ману Мансур на гурбаи сиёҳ гузаштаасту на гурбаи сафед. Душманон зиндагии маро “мечтать» мекунанд.

-Зиндагӣ бе пастию баландӣ намешавад. Мабодо байнатон ранҷише ба амал биёяд, аввалин шуда кӣ оштӣ мекунад?

-Конечно шавҳарам, чунки ў бисёр марди меҳрубон аст. Ҳамеша ягон гапи ширин зада, диламро меёбад.

-Рашки шумо нисбати шавҳратон зиёдтар аст ё аз Мансур?

-Аз Мансур дида рашки ман зиёд аст, ду дақиқа садояшро нашунавам зуд ба шавҳарам занг зада мепурсам, ки кай меояд.

-Мабодо шавҳаратон шуморо ба зиёрати ҳаҷ фиристода, ба пуррагӣ аз санъат даст кашиданро талаб намояд, қабул мекунед?

alt

-Ман ҳеҷ гоҳ сухани шавҳарамро намешаканам. Мардакам инро хоҳад, тарки саҳна намуда, ба зиёрати хонаи Худо меравам ва Ҳоҷибибӣ шуда, минбаъд аз хона намебароям.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Бону 2019-08-28, 23:55
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД хушбахти оромиро мехохад.... Одами хушбахт ин кадар бо эхсосот дода намешавад....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Бону 2019-08-28, 23:55
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД хушбахти оромиро мехохад.... Одами хушбахт ин кадар бо эхсосот дода намешавад....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД