Sebiston new 2024 october
Мансур Ҷаъфарӣ: Телефонфурӯше, ки ситораи машҳури дунё шуд  
4631

 Сарояндаи номвари эронитабори муқими Амрико Мансур Ҷаъфарӣ ба Тоҷикистон меояд ва дар фестивали тобистонаи Душанбе – 2019 дар ҳузури сокинони пойтахт ҳунарнамоӣ хоҳад кард. 


Ин сеюмин сафари Мансур ба Тоҷикистон аст ва мухлисонаш ӯро баъди 8 сол дигарбора дар саҳнаи Душанбе хоҳанд дид.

Дар ин муддат чӣ навгониҳо дар рӯзгори Мансур ба вуқӯъ пайваст, чӣ роҳҳоеро сароянда тай кард, ки шуҳрати ҷаҳонӣ ба даст орад, ба ин ва дигар суолҳо дар ин матлаб посух хоҳед ёфт.

Тифли Инқилоб ва ҷанг

Мансур Ҷафарӣ, сароянда, композитор, актёр ва моделери эронитабори Амрикост. Ӯ 28 июли соли 1971 дар шаҳри Теҳрон дар оилаи эрониии озаритабор таваллуд шудааст.

Кӯдакии Мансур ба давраи душвор, дар гирудори инқилобҳо ва ҷангҳои шадид рост омад. Нахуст соли 1978 – 1979 дар Эрон табаддулоти давлатӣ ба вуҷуд омад ва ҳукумати шоҳ барканор шудаву ҷойи онро ҳукумати Исломӣ гирифт. Дигар ин, ки соли 1980 байни Эрон ва Ироқ ҷанг шурӯъ шуд. Дар ҳамин гирудорҳо оилаи Мансур ба Амрико кӯчид ва ба сафи миллионҳо муҳоҷири Эронӣ пайваст шуд.

Мансур аз кӯдакӣ ба мусиқӣ рағбат дошт ва дар ҷавонӣ дар мактаб аллакай истеъдоди баланди худро нишон медод. Ӯ дар байни ҷомеаи ирониёни Амрико чун ҳунарманди ҳаваскор, ки дар шабнишиниҳои гуногун баромад мекард, шуҳрат пайдо кард. Пеш аз хатми мактаб, Мансур ба худ қарор медиҳад, ки овозхони касбӣ шавад.

Аммо барои расидан ба ҳадаф ӯ мебоист хеле ва хеле талош кунад. Бинобар ин, Мансур нахуст дар Калифорния мағозаи телефонҳои мобилӣ ва гаджетҳоро боз кард ва барои сабти албоми нахустинаш маблағ ҷамъ овард.

Аз “Фирфираҳои бебод” то “Қаиқи қоғазӣ”

Фаъолияти касбии ҳунарии Мансур аз соли 1991 шурӯъ мешавад. Ӯ дар ин давра мекӯшад, ки албоми нахустини худро пешкаши шунаванда кунад, аммо ин хоҳиши ӯ то соли 1994 тӯл мекашад. Сабаб дар он буд, ки Мансур дар ин давра бо сарояндаҳои мухталиф равуо карда, аз ҷараёни сохтани албомҳову нозукиҳои мусиқии Ғарб таҷриба андӯхт ва бо бастакорону шоирон ва оҳангсозон, ки дар оянда сурудҳои ӯро менавиштанд, шинос шуд.


Рене Фалкнер, журналисти олмонӣ дар рӯзи иди «Қурбон» ба таври ғайримунтазира меҳмони якчанд хонадони тоҷик шуд.

 


 

Ҳамин тавр, соли 1994 нахусталбоми Мансур “Фирфираҳои бебод” пешкаши мухлисон шуд. Ин албом таваҷҷуҳи насли нави форсизабонони муҳоҷирро, ки ба мусиқии ғарб дода шуда буданд, ба худ ҷалб кард. Албом зуд машҳур гардид ва ба Мансур имкон дод, ки се албоми нав: “Тасвири охир”, “Дарича” ва “Қаиқи коғазӣ”-ро барорад.

Соли 1999 Мансур ба суруднависӣ машғул мешавад ва албоми панҷуми худ “Фақат ба хотири ту”-ро мебарорад. Ҳарчанд ки он аз лиҳози молиявӣ фоидаи зиёд овард, вале ба мунаққидон писанд наомад ва шадидан интиқод шуд.

Моҳи ноябри соли 2002, Мансур албоми машҳури худ “Девуна” -ро баровард, ки дар байни дигар кишварҳои форсизабон, ба хусус Тоҷикистону Афғонистон шуҳрат пайдо кард. Ду суруди ин албом “Азизи диламӣ” ва “Девуна” диққати аҳли санъатро дар Баҳрайн, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Қатар, Қувайт ва Туркия ба худ ҷалб кард.

Ҳамин тавр, роҳи Мансур ба дунёи мусиқии Шарқ боз шуд, гарчанде эҷодиёти ӯ аз мусиқии Ғарб маншаъ мегирад.

Оила бароям муқаддас аст

Бо вуҷуди шуҳрати ҷаҳонӣ ва мухлисони зиёд доштан Мансур хеле шахси хоксору самимӣ аст. Ӯ соли 2011 зимни сафари дуюмбораи худ ба Душанбе дар суҳбати радиоие дар мавриди оилааш гуфта буд:

“Бо вуҷуди кори зиёд, ман кӯшиш мекунам, ки ба оилаам наздик бошам. Оила барои ман хеле ва хеле муқаддас аст. Ман мекӯшам, ки на танҳо ба ҳамсару фарзандон, балки бо хоҳаронам ҳам меҳрубон бошам, зеро онҳо бароям азизанд”.

Мансур феълан соҳиби оилаи солим ва се фарзанд аст. Писаронаш Ҷуно ва Илоижо дугоник ҳастанд. Фарзанди сеюми ӯ духтар буда, Даниэлла ном дорад. Ҳамсари Мансур Согул шавҳари маъруфашро дӯст медорад.

“Ҳамсари ман ба ман рашк намекунад, зеро ӯ маро хуб мешиносад ва медонад, ки ман аҳли хиёнат нестам ва болои ӯ по намегузорам,”-гуфта буд Мансур зимни як мусоҳиба.

Дар мавриди таваҷҷуҳи духтарон ва бонуҳои зебо, ки мухлисон ва шефтаҳои сарояндаанд, ӯ мегӯяд:

“Мухлисон барои ман маънии ҳаёт ва ҳама дороии ман ҳастанд. Ман ба онҳо як хел нигоҳ мекунам, чун бародару хоҳар ва волидайну фарзанд. Албатта, ба ман туҳфаҳо мекунанд, баъзеҳо ҳатто мехоҳанд, ки ҳамроҳашон хӯрокхӯрӣ ва истироҳат равам, аммо ман хеле дӯст медорам вақте фосила риоя мешавад, вақте чун сароянда байни туву мухлис фосила нест, аммо чун инсон ҳар кас пушти кори худ аст. Риояи ин фосила душвор аст, аммо ман мекӯшам, ки он вайрон нашавад”.

Мансур айни замон дар Лос-Анҷелес зиндагӣ ба сар мебарад ва фаъолияташро дар ин ҷо давом медиҳад. Ӯ зуд-зуд ба шаҳрҳои Амрикову Канада, Аврупо, Австралия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунад.



Мегӯянд, ки актёри ӯзбек ба ин зебосанами тоҷик ошиқи зор гаштааст ва рӯзҳои наздик Фарзнонаю Адиз тӯйи дакаданг ороста расман зану шавҳар мешаванд.


 

“Сафар хуб аст, кашфи ҷаҳони нав, дарёфти мухлисони нав ва дидор бо мухлисони пешин гуворост. Ман дар миёни сафарҳои худ сафарҳоям ба Тоҷикистонро ҳамеша ба некӣ ёд мекунам,”- мегӯяд Мансур.

Мансур дар Тоҷикистон

Бори аввал Мансур ба Тоҷикистон соли 2004 омада буд. Бори дуввум бошад соли 2011 ӯ ба Душанбе ташриф овард ва санаи 17 июли ҳамон сол дар “Кохи Борбад” консерти бошукуҳе таҳия кард.

Мансур, овозхони эронитабори муқими Омрико, рӯзи 17 июл дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе консерт дошт.

Ӯ он замон аз саҳнаи “Кохи Борбад” муҳаббаташро ба Душанбе чунин ироа карда буд:

Хушҳолам, ки фурсати дигар шуд ва дубора дар Тоҷикистони азиз ҳастам ва аз дидани ҷойҳое, ки қаблан дида будам, шод шудам, чун дар Душанбе хеле аз ин маконҳо тағйири назаррасе кардааст.

Баъд аз ҳафт сол омадаму бо як Душанбеи нав, бо як Душанбеи бисёр тозаву зеботаре рӯ ба рӯ шудам, ки воқеан хеле бароям шигифтангез буд.”

Сафари сеюми Мансур низ ба Душанбе дар фароварди тобистон аст. Ӯ ин сафар ба Душанбеи комилан нав ошно хоҳад шуд, Душанбее, ки аз соли 2011 то ба имрӯз қабои худро ба куллӣ дигар кардааст.

Он замон Мансур дар Душанбе сурудҳои “Дунё-дунё", “Дивуне”, “Зиндагӣ чист?”, “Мехоҳам бароят бирақсам”, “Надидӣ ту хобам”, "Мисоли ман ошиқ”, “Қарорамон ёдат наре”, “”Фақат ба хотири ту”, “Чашмон сиёҳ” ва монанди инро иҷро карда буд, ки ҳар яке баъдан дар Тоҷикистон вирди забонҳо шуданд.

Таассуроти Мансур аз консерти Душанбе чунин буд:

“Консерти ман хеле хотирмон буд. Маро тоҷикистониҳо хуб ва гарм пешвоз гирифтанд. Гулҳои зиёд ҳадя карданд, ҳатто касе ба ангушти ман ангуштарӣ гузаронид ва нафаре ба ман гарданбанди гаронбаҳо туҳфа кард. Ҳамаи ин маро водор мекунад, ки дар бораи Душанбе дар бораи Тоҷикистон ҳамеша фикр кунам.”

Зимни сафари худ Мансур ҳатто кӯшиш кард, ки ба шеваи тоҷикӣ суҳбат кунад.

“Ман аллакай баъзе калимаҳои хоси шеваи шуморо омӯхтам. Масалан калимаи “раҳмат”-ро ҳамчун синоними “ташаккур” ё “мерси” ва “мухлис”-ро бар ивази “ҳаводор”. Тоҷикон “аппортемент”-ро “баландошёна” мегӯянд, ки хеле зебост.

Ин омадурафтҳо сабаб шуд, ки дар солҳои баъдӣ Мансур бо сарояндагони тоҷик равуо кунад. Махсусан ҳамкориҳои ӯ бо Садриддин Наҷмиддин ва Шабнами Сурайё самар овард ва онҳо консертҳои якҷоя ҳам баргузор намуданд.

Мансур дар мавриди тоҷикон мегӯяд:

“Ман ин ҳарфҳоро самимӣ мегӯям. Тоҷикон мардуми тарбиядида ва самимӣ ҳастанд, бинобар ин, ман онҳоро дӯст доштам. Ман тӯли солҳои кори эҷодӣ бо мардуми зиёде кор кардам, аммо муҳаббати воқеиро дар Тоҷикистон дидам, дидам, ки инсонҳо чӣ тавр бо ҳам меҳрубон ҳастанд ва аз ҳама ҷолиб меҳмонро чӣ қадар эҳтиром мекунанд. Ин бузургии шумо тоҷикон аст.”

Инак, сафари сеюми Мансур ба Тоҷикистон дар пеш аст. Ӯ рӯзҳои 17-18 моҳи август дар Фестивали тобистонаи Душанбе, дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Дар ин фестивал дар баробари ҳунарнамоии Мансур барномаҳои ҷолибе сокинони пойтахтро интизор аст. Даромад ба ин фестивал тариқӣ «CityCard» - кортҳои автобусҳои Душанбе сурат мегирад ва чиптаи он то 30 сомонӣ арзиш дорад. Барои кӯдакони то 10 сола даромад озод аст.

alt

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД