Sebiston new 2024 october
Фирори Лайло (ВИДЕО)
6458

 

Лайло Фуруҳар ҳанӯз 3 сол дошт, ки дар филмҳо ҳунарнамоӣ мекард. “Султони қалбам”-чунин ном дошт аввалин филме, ки Лайло дар он нақши марказиро офарид. Ин бонуи фариштарӯю ҳамин тавр то соли 1977 дар 47 филм нақш бозида, азизи дили мардум гашт. Ҳамагон интизор буданд, ки Лайло ситораи синамо мешавад, аммо тақдир ин нозанинро бо роҳи дигар бурд.

Имрӯз Лайло Фуруҳарро натанҳо дар Эрон, балки дар саросари олам ҳамчун беҳтарин бонуи сарояндаи Шарқ мешинсанд.

Лайло соли 2004 бо Ризо Аслан, тоҷири иронӣ, ки дар Амрико ба сар мебурд, оиладор шуда, тарки Ватан намуд.

Чаро Лайло аз Эрон фирор кард?

Чаро аз филмофарӣ ба театр рӯ овард?

Лайло чӣ гуна ба Амрико роҳ ёфт ва мавқеи худропайдо намуд?

Ба ин суолҳо худи Лайло Фуруҳар посух медиҳад.    

 

-Хонум Лайло, кадом сол Эронро тарк кардед?

-Соли 1986, вале на ба таври қонунӣ, балки тариқи убури марз ба Туркия ворид шудам.

-Чаро бо роҳи ғайриқонунӣ?

-Чунки шиноснома надоштам. Се рӯз, ки тариқи куҳу пушта савори аспҳо марзро убур мекардем, хеле тарс доштам. Ҳамроҳамон як пирамард буд, ки ҳар лаҳзаву соат маро дилбардорӣ мекард ва тарсро аз ман дур менамуд. Вақте ба Туркия расидем, аввалин коре кардам, либосамро иваз кардам, қаҳва нӯшидам ва ғизо хӯрдам. Бовар кунед то ҳол тамъи ҳамон ғизои туркҳо аз даҳонам нарафтааст. Шояд аҳ он сабаб бошад, ки муддати се рӯз ғизо нахӯрда, хеле гурусна будам. Вақте сер шудам, бе рӯсарӣ ба хиёбон баромадам ва шукри Худои худ кардам, ки баъди 8 соли зиндониҳо аввалин бор озодона роҳ меравам. (гиря гулӯгираш кард)

-Баъд соҳиби шиноснома шудед?

-Бале, аввал ба Анқара рафтам, баъд дар Истамбул муддати се моҳ зиндагӣ карда, шиносномаамро дуруст кардам. Метарсидам, ки Худое накарда, маро дубора ба Эрон баргардонанд, ҳолам чӣ мешуда бошад? Танҳо як бор барои ба модарам занг задан ба берун баромадам ва гуфтам, ки нигарони ман набошед, хуб расидам ва ҳоло ин ҷоям… (гиря кард) Шиносномаамро дуруст карданд, вале бо номи дигар. Рафтем ба консулгарӣ, ҳанӯзам тарс доштам. Ҳамон пирамарде, ки ҳамроҳамон буд, гуфт, ки Лайло тамоми хуни баданат дар чеҳраат омадааст, чаро ин қадар худатро маълум кардӣ, охир инҳо ба ту коре надоранд. Ҳамин тавр, савори ҳавопаймо шудему ба Олмон расидем.

-Чаро кишваратонро тарк кардед?

-Зеро дигар роҳе надоштам. Дар он ҷо дигар барои ман шуғле намонда буд. Ҳар кореро мехостам оғоз кунам, пеши корамро мегирифтанд. Бе ҳеҷ ваҷҳ намегузоштанд, ки корҳои ҳунариамро анҷом бидиҳам. Суруд хондану рақс кардани занҳо дар Эрон мамнуъ буд ва ҳоло ҳам чунин аст. Бароям сангин буд, ки хоки сарзаминамро тарк мекунам, аммо ба ҷуз ин чорае надоштам. Аллакай 31 сол мешавад, ки дар ғурбат зиндагӣ мекунам.

-Ба ҳунари Шумо рӯирост зид мебаромаданд ?

-Бале, баръало. Як рӯз мо бояд ба саҳна мебаромадем, ки 3-4 нафар омаданду назди мудири театр даромаданд ва таҳдид карданд, ки Лайло Фуруҳар дигар наметавонад дар саҳнаҳои шумо нақш офарад ва шумо бояд ин ҷоро бубандед. Маҷбур шудам, ки кори театрро гузораму равам канор, аммо дилам ором намегирифт. Ҳамеша фикр мекардам, ки бояд кореро анҷом диҳам. Кӯшиш карда дипломи ороишгариро гирифтам. Ҳарчанд ин ба касбу кори собиқам алоқамандие надошт, вале бояд барои пешбурди зиндагӣ кореро анҷом медодам, дар Эрон.

-Бо маъмурони пулиси Эрон рӯ ба рӯ шудаед?

-Бале, замоне зиндагии мушкиле доштам ва то имрӯз намедонам, ки чаро маро ҳар рӯз ба зиндон бурда, пурсупос мекарданд, номат чист, номи хонаводаат чист? Чаро ҳунарпеша шудӣ? Чаро падарат туро рӯи саҳна баровард? Дар кишвари ман як зан ба саҳна барояду суруд хонад ва ҳунарманди театр бошад, гунаҳгор буд.

-Бо ин ки ин қадр азобу уқубат доштед, ҳанӯз ҳам ба ватанатон муҳаббат доред?

-Албатта доштам ва то имрӯз дорам. Ин масъаларо бо ҳар рӯзноманигоре суҳбат мекунам, қайд менамоям. Ҳаргиз омода набудам, ки Эронро тарк кунам, вале мутаассифона, иҷоза надоданд. Пас аз фишорҳои зиёд ман ба хулосае омадам, ки дигар барои зиндагӣ кардан дар Эрон барои ман ҷой намондааст.

-Пайвандонатон чӣ ҳол доштанд?

-Модарам, бародарам ва хоҳарам аз Эрон хориҷ шуданду ба Фаронса рафтанд. Он замон ман ҷое кор намекардам, танҳо будам, озодӣ надоштам. Мушкилиҳои зиёде пешорӯи ман буд, ки зиндагиамро хеле сахт карда буд. Маҷбур шудам ман ҳам Эронро тарк кунам.

-Ҳангоми убури сарҳад чизе аз санъати сарояндагӣ ба худ доштед?

-Якчанд навори кӯчаке, ки дар Эрон сабт шуда буд, аксҳои рӯҷилдиам ва як миқдор пул буд, ҳатто як либос ҳам нагирифтам. Маро огоҳ карданд, ки ҳангоми сафар бояд боратон вазнин набошад. Соати 3-и шаб, ҳаво хеле сард буд, мо як гурӯҳи 20-30 нафара ба роҳ баромадем. Ёдам ҳаст, ки вақте ба Фаронса расидам, муддати ду моҳ модарам маро табобат кард.

-Он солҳо паноҳандагӣ гирифтан мушкил набуд?

-На, чунки то вақте мо ба Фаронса расидам, модарам гуфтааст, ки духтарам сароянда аст, ӯ наметавонад дар Эрон зиндагӣ кунад. Вақте баргаштам, ҳамон наворҳои бо худ доштамро пешниҳод кардем. Муддати се моҳ ба ману модарам, хоҳарам ва бародарам паноҳандагӣ доданд ва дубора ба сарояндагӣ баргаштам.

-Шуморо дубора ба Эрон даъват накарданд?

-Солҳои аввали баъди инқилобӣ тариқи рӯзномаҳо хостанд, ки ман дубора ба Эрон раваму бозҷӯӣ кунанд, вале мо, гурӯҳи калони сарояндаҳое, ки аз Эрон ба кишварҳои аврупоӣ омада будем, навиштем, ки дар Эрон наметавонем ҳунари худро сайқал диҳем. Маҳдудиятҳо зиёд шуд, ба хулосае омадам, ки бояд бозигар, яъне ҳунарманди театр бошам. Дар театри Ҳумоюн ба кор шуруъ кардам. Дар ин самт маро падарам Ҷаҳонгири Фуруҳар раҳнамо буд. Фарзонаи Фаридӣ ва чанд нафари дигар як гурӯҳ ташкил додем ва дар як муддати кутоҳ он аз ҷониби тамошобин хуб пазируфта шуд.

-Падаратон мехостанд ҳунарманди театр бошед?

-Падарам бештар мегуфт, духтарам бихон, ҳамеша бихон, одам бо бозигарӣ ба ҷое намерасад, аммо он солҳо дар даҳ филме, ки ба саҳна гузошта мешуд, дар нуҳтояш ман нақш мебозидам.

Вақте ки клипҳои худро сабт кардам, онҷо заҳмати зиёди хоҳарам Фарибо буд, зеро ман аз ин кишварҳо тасаввуроте надоштам. Албоми худро гирд овардаму ба Ҷопон рафтам. Дар консерти ман 3000 нафар тамошобин ҷамъ шуд, ки ҳама ҷавонони эронӣ буданд.

-Гуфтед, ки хоҳарам нақши бештар доранд, хоҳаратон чӣ шуғле дорад?

-Хоҳарам Фаребо Фуруҳар яке аз коргардонҳои собиқадор буда, дар Амрико обрӯи хосе касб кардааст. Бояд қайд намоям, ки дар зиндагиам ҷангро, инқилобро, гуруснагиро дидам. Ду бор зиндагиамро аз сифр оғоз кардам, чунки дар Эрон ҳамаи чизро аз даст додам. Ман занони эрониро хуб дарк мекунам, чунки ман ҳам эрониам, ҳарчанд дар хориҷ ҳаёт ба сар мебарам, вале дар ғурбатам. Дуо мекунам ва умед дорам, ки ҳади ақал ҷавонҳои эронӣ озод бошанд ва хоҳишҳои худро амалӣ созанд. Ҳис мекунам ин ҷо муқимӣ нестам ва орзуи онро дорам, ки рӯзе мерасаду ба Эрон бармегардам ва хоки ватанамро бӯса мезанам.

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД