Sebiston new 2024 october
Лайло зани Пӯлод Алендор аст ё маъшуқааш? (Видео)
14.05.2019
Р. Азимӣ
2145

 

Номи Лайло имрӯзҳо вирди забони хурду калони кишвари мост, зеро ин зебосанами сериали “Водии гургон” бо ҷасорату зиракии нотакрораш ҳатто мардони майдонро ба як нӯл мезанад.
cigdem-batur-kimdir
Ҷавонмардон баъди тамошои ин сериал ба духтарчаҳои нав ба дунё омадаашон бо умед Лайло ном мениҳанд, то мисли Лайло ҷасуру бебок шавад, ҷавононе, ки ҳанӯз хонадор нашудаанд, орзу мекунанд, ки Худованд барояшон Лайло барин арӯси соҳибҷамолу вафодорро насиб гардонад, хонумҳо бошанд, рӯю мӯяшонро мисли Лайло орову торо медиҳанд, то каме ҳам бошад ба ин зани идеалӣ монанд шаванд. Муҳаббати бепоёни мардум ба Лайло ва зангҳои пай дар пайи муштариёни ҳафтанома моро ба он водор намуд, ки ба шумо, хонандагони азиз дар бораи зиндагии пасипардагии ин бонуи беназир маълумот диҳем.

Даричаи ошноӣ:                       
Номи асосӣ: Оиша Ҷигдем Ватур

Саннаи таваллуд: 13-июли соли 1982
Ҷои таваллуд: Анталияи Туркия
Дарозии қад: 1, 68 см
Филми дӯстдоштааш: “Долина Волков”, “Западня”, “Серебро”
Шуғли дӯстдоштааш: сарояндагӣ
Бурҷаш: саратон

CePPZZnWQAABngN

Эркачаи падару модар

 

Оиша Ҷигдем аз зумраи актрисаҳои машҳури Туркия ба ҳисоб меравад. Аиша 13-июли соли 1982 дар машҳуртарин мавзеи Туркия-Анталия дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш дар радиои “Митрубис” ба сифати коргардони овоз фаъолият мекунад, модараш бошад, директори Литсейи “Харвалин” аст. Оиша аз замони наврасияш бисёр духтарчаи зираку чолок ва эркаю азизи волидон буд. Падару модараш тамоми чизҳои дилхоҳашро дарҳол муҳаё мекарданд, чунки Худованд ба онҳо танҳо ҳамин як фарзанд дода буду халос. Оиша баъди хатми мактаби зодгоҳаш Дюзҷе ба мактаби олӣ дохил шуд. Ин нозанину ҷасур аз хурдӣ дар орзуи карераи журналистӣ буд, вале хатми факултаи рӯзноманигорӣ низ ӯро дар ҷодаи орзуҳояш муваффақ нагардонд. Дар журналистика комёб нагашта бошад ҳам, як тасодуфи тақдирсоз номи Оишаро вирди забони мардум гардонд.

GG0nNPSk

 3000 зебосанамро мағлуб кард

Ҳамааш аз он сар шуд, ки коргардонҳои филми “Водии гургон” барои пайдо кардани чеҳраҳои нав кастинг эълон намуданд ва Оиша ҳамту, барои бахташро санҷидан ба қувваозмоӣ рафт. Аслан дар гӯшаи хаёли духтарак набуд, ки аз байни чанд ҳазор довталаб офаридани нақши Лайлоро маҳз ба ӯ бовар мекунанд, вале хост як бор худашро санҷад. Кастинг чанд рӯз давом кард, вале аз байни 3000 довталаб коргардонҳо ҳеҷ духтари ба нақши Лайло мувофиқро интихоб карда наметавонистанд. Дар байни довталабон актриссаҳои касбӣ, моделҳо ва дигар хонумҳои машҳуру соҳибҷамол аз Туркия ва ҳатто аз хориҷи кишвар хеле зиёд буданд, вале коргардонҳо чаҳор нафар буданд ва ба як хулосаи ягона омаданашон бисёр душвор буд. Соҳибҷамоле агар ба Нил Мандати амрикоӣ писанд афтад, ба Мустафо Севки маъқул намешуд, дигариро Осман Синав ё Сардор Акар “аз нигоҳи чашмони барроқи Лайло бояд шарора борад, ин духтар бошад, ким-чихел хоболуд метобад” гӯён, қабул намекарданд. Ниҳоят пас аз чанд шабу рӯзи навбатпойӣ ба Оиша иҷозат доданд, ки ба толоре, ки коргардонҳо нишаста буданд, ворид шавад. Вақте ки ин духтараки зебо, мағрур ва ҷасур аз дар даромад, ҳар чаҳор коргардон якбора аз ҷояшон бархоста якбора бо як овоз нидо карданд:

-Лайло! Лайло бояд ана ҳамин хел зебо, мағрур ва ҷасур бошад!

 

Духтаре, ки аз хун наметарсад
Ҳамин тавр нақши зани қаҳрамон Лайло насиби Оиша Ҷигдем гашт. Касби асосиаш журналист бошад ҳам, Оиша тавонист аз оғози филм дар соҳаи синамо беназир буданашро исбот намояд. Зебосанам натанҳо аз уҳдаи офаридани нақш баромад, балки аз Лайло маликаи орзуҳои миллионҳо одамонро офарид. Коргардонҳо аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд, зеро ба шарофати Лайло ва Пӯлод серриалашон дар саросари ҷаҳон машҳур гашта, бо тиражи калон ба фурӯш мерафт. Баъдтар, журналистон аз Оиша пурсиданд:

-“Водии гургон” филмест пур аз куштору хунрезиҳо, вақти ба навор гирифтани ин сериал худи шумо ба даҳшат намеафтидед?

Оиша бо табассуми дилкаш посух додааст:

 

-Ман аслан духтари тарсончак нестам, на аз хун метарсам, на аз куштор. Умуман, тарс набояд дар вуҷуди актёр ҷой дошта бошад, чунки ин эҳсосот боварии инсонро ба худ коста месозад. Одаме, ки дар дилаш тарс лона дорад, мисли кӯдаки хурдест, ки нав ягон-ягон қадам зада, шеваи роҳгардидро меомӯзад. Тарс намегузорад, ки вай озодона қадам зада ба зудӣ ба манзили муродаш бирасад. Ман, агар мисли дигар зебосанамҳо дар дилам тарсу ҳарос медоштам, яқин коргардонҳо маро ҳам “хоболуд” гуфта, навмед гусел мекарданд.

 

Лайло маъшуқаи Пӯлод аст?

 

Дар қисмҳои аввали серриали “Водии гургон” Лайло прокурор аст, баъдтар маъшуқаи Пӯлод Алендор мешавад ва билохира ба ӯ ба шавҳар мебарояду парастории духтарчааш Элифро ба зиммаи худ мегирад. Муносибати наздики ин ду қаҳрамон дар филм боиси паҳн гаштану сару садоҳои зиёде гашт. Бисёрирҳо гумон доранд, ки дар зиндагӣ низ Лайло маъшуқа ё ҳамсари Пӯлод Алендор аст. Вақте то куҷо ҳақиқат доштани ин овозаю ҳангомаҳоро аз Оиша пурсон шудем, даст афшонда гуфт:

 

-Шумо журналистонро хуб медонед-ку, барои равнақ ёфтани корашон аз пашша фил месозанд! Сериали “Водии гургон”-ро тамошо карда, баъзе тамошобинони зудбовар гумон карданд, ки ман дар ҳақиқат зани Пӯлод Алендор ҳастам, рӯзноманигорон бошанд, ҳамин гапу калочаҳоро дастак карда, аксҳои ману Пӯлодро дар саҳифаҳои аввали газетаҳояшон чоп мекарданд.

 

-Наход Пӯлод барин марди зебо ба дили шумо роҳ наёфта бошад?

 

-Ману Пӯлодро танҳо як ришта бо ҳамдигар мепайвандад-кино! Дар ҳаёти воқеӣ ҳар кадоми мо сарнавишти худро дорем. Пӯлод оиладор аст, ман ҳам марди орзуҳои худро дорам. Ҳар чи мардум дар бораи мо мегӯянд, дурӯғ аст, Пӯлод на ошиқи ман аст, на шавҳарам.

 

-Кист он ҷавонмарди хушбахт, ки дили маликаи орзуҳои ҳазорон-ҳазор мардони майдонро ба даст овардааст?

 

-Артин Филип. Мо ҳанӯз соли 2011 хонадор шуда будем. Шукри худо як духтарчаи зебо дорем ва ҳамдигарро бо тамоми ҳастӣ дӯст медорем.

 

-Ба фикратон чаро “Водии гургон” ин қадар машҳур гашт?

 

-Се сол мешавад, ки ин филм дар экранҳои ҷаҳонӣ рафта истодааст. Сабаби шуҳрат ёфтани “Водии гургон” дар он аст, ки дар ин филм таърихи мухолифатҳои сиёсати кишвари мо таҷҷассум ёфтааст. Аслан аз рӯйи сенария ин филм танҳо аз як мавсим, яъне 20 серия иборат буд, вале мухлисони бешумор пайдо карданашро дида коргардонҳо онро идома доданду “Водии гургон. Ироқ” ва “Водии гургон. Террор”-ро ба навор гирифтанд.

 

-Наметарсед, ки филм дилбазан мешавад?

 

-Дилбазан намешавад, чунки сериали “Волии гургон” ҳамқадами давру замон аст. Ҳодисаҳое, ки дар ин филм рӯй медиҳанд ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо бисёр монанд ҳастанд, шояд аз ҳамин сабаб мардум баромадани серияҳои нави филмро бесаброна интизорӣ мекашанд.

 

-Мо ба шумо парвозҳои нав ба нави эҷодиро таманно дорем. Ҳамеша чунин зебо, машҳур ва маҳбуб бимонед! 

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД