Муин овозхони саршиноси Эрон буда, сурудҳои ӯро тақрибан дар чил давлати дунё гӯш мекунанд. Зодаи шаҳри Исфаҳони Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад. Онҳо дар оила 13 нафар, чор бародару ҳафт духтар мебошанд.
Дар хурдсолӣ сураҳои Қуръонро аз худ мекарду шеърҳои шоирони форсизабонро аз бар менамуд. Аз он ки давлати онҳо исломӣ буд, наметавонист ошкоро суруд хонад ва баъд аз оне, ки шуҳрати овозхонии ӯ паҳн шудан гирифт, маҷбур Эронро тарк кард, зеро дигар роҳ надошт. Аз он вақт инҷониб ӯ дар Лос-Анҷелоси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сар мебарад. Атрофи зиндагии шахсӣ ва ҳаёти эҷодии ӯ суҳбате доштем, ки фишурдааш чунин аст:
-Шуморо мухлисонатон аз Тоҷикистон мепурсанд, оё имкон доред, чанд лаҳза вақти худро ҷудо кунед, то ки ба саволҳои ҳаводорони сурудҳоятон посух мегуфтед?
- Бошад…
- Субҳгоҳон кай аз хоб бедор мешаведу рӯзро чӣ гуна оғоз мекунед?
-Ҳар субҳ ду бор аз хоб бедор мешавам. Яке вақти бомдод ва дубора баъди баромадани офтоб. Рӯзамро бо шунидани хабарҳои Эрон оғоз мекунам.
-Субҳонаатон бештар қаҳва аст ё чой?
-Чой.
-Кадом намуди чойро бештар менӯшед?
-Намудҳои зиёд аст. Ҳарчанд духтур иҷозат надода бошад ҳам, вале қолабро шикаста наметавонам.
-Ҳангоми дар хона будан чизе омода мекунед ё ҳамсаратон бештар ин вазифаро иҷро мекунанд?
-Ҳар вақте дастам расад, худам мепазам.
-Будани кӣ ё чӣ шуморо хушҳол месозад?
-Дӯстону аҳли байтам.
-Вақти тамошо кардани ТV доред?
-Албатта, бештар филмҳое, ки ба ҳаёти ситораҳо рабт дорад, тамошо мекунам. Ошиқи ситораҳоям.
-Ба тамрини бадан машғул мешавед?
-Бале, ҳафт сол аст, ки мегӯям, саҳар хеста аввал машқ мекунам, вале намекунам. (механдад)
-Ҳайвоноти хонагиро дӯст медоред?
-Бале, вале дар хона надорам, чунки вақти бо онҳо машғул шудан нест.
-Сафар карданро меписандед?
-Албатта, мехоҳам домани куҳ, лаби чашмаю шар-шара бошад, дур аз телефону интернет, ҷои ором бошад.
-Муин чандсола аст ва дар оила фарзанди чандум мебошад?
-67- сола ва фарзанди ҳафтум ҳастам.
-Чӣ хушҳолатон месозад?
-Сулҳу сафову ҳама чизе, ки хубу хуш бошад.
-Чӣ нороҳататон мекунад?
-Дурӯягию носипосӣ.
-Дӯстонатон зиёданд?
-На он қадар.
-Оиладор ҳастед ё муҷаррад?
-Оиладорам. Банда ду бор хонадор шудаам. Ҳамсари аввалаам исфаҳонӣ буданд, ҳамсари дуюмам эрониёни амрикоӣ .
-Сабаби ҷудошавӣ аз оилаи аввалаатон чист?
-Мушкилии фарҳангӣ буд.
-Бо ҳамсари дуюматон чӣ қадар шуд, зиндагӣ мекунед?
-25 сол аст ва як фарзанд аз ӯ дорам. Ӯ духтар аст. Дар маҷмуъ ду духтар, ки яке аз ҳамсари аввалаам аст, дуюмӣ аз оилаи дуюмам.
-Чаро сароянда шудед?
-Аз хурдсолӣ бо мусиқӣ алоқа доштам ва то имрӯз онро идома дода истодаам.
-Агар сароянда намешудед, чӣ касберо интихоб мекардед?
-Нуҷумшинос, ситорашинос.
-Кадом сол аз Эрон берун шудед?
-1980-и мелодӣ.
-Аввалин бор дар куҷо суруд хондаед?
-Ҳамагӣ 12-сол доштам ва дар толори Паҳлавӣ суруд хондаам.
-Суруди аввалини худро дар хотир доред?
-Албатта, шеъри «Алиф», ки ба қалами устод Эраҷ тааллуқ дорад ва чунин оғоз мешавад:
Алиф мигам абрут камуне, эй каму абрӯи ман,
Барот мегам болот кунам, эй гулаки хушбӯи ман…
-Аввалин албоми шумо чӣ ном дошт?
-«Мепарастам.»
-Маҷмӯи албомҳоятон то имрӯз ба чанд расидааст?
-Бештар аз 20-то.
-Худатон чанд оҳанг сохтаед?
- «Якеро дӯст медорам, «Каъба», «Чӣ гуне, чӣ гуне», «Ба ту мебахшам» ва ғайраҳо, ки дар маҷмуъ 5-6 то ...
-Ягон асбоби мусиқиро навохта метавонед?
-Бале, ин асбоби мусиқӣ «Ул» ном дорад ва дар сурудҳои наве, ки сабт мекунам, бо садои ин асбоби мусиқӣ оғоз мешавад.
-Аввалин консертатон кай ва дар куҷо буд?
-Соли 1986 дар Амрико. Консерти бошукуҳам соли 1990 доир гашта буд.
-Бештар бо кадом студияҳои сабти овоз ҳамкорӣ доред?
-Дар хонаам чунин студия дорам, ки бештари сурудҳоям ин ҷо сабт мешавад.
-Дар як рӯз чанд соататонро ба сабти суруд мегузаронед?
-Вақти ман вобастагӣ ба оҳанг дорад. Агар оҳанги ҷадид бошад, то соати 1-2-и шаб ба он машғул мешавам.
-Албоми ҷадидатон кай ба дасти мухлисон мерасад?
-Умедвор мекунам, ки имсол дастраси ҳаводоронам месозам, ки аз 10 суруд иборат аст.
-Чаро ба паёмҳои Инстограматон ҷавоб намедиҳед?
-Чунки хеле зиёданд, вале албатта вақт ҷудо мекунам, то ба онҳо посух гӯям.
-Чаро бештар бо айнак мегардед?
-Чунки дар синни ҷавонӣ чашмамро ҷарроҳӣ карданд. Баъд аз ҷарроҳӣ бемории тӯлонӣ доштам. Духтур тавсия дод, ки бояд бо айнак гардам.
-Вақтҳои охир шуморо дар клипҳоятон бо риш мебинем…
-Албатта. Ман дар Исфаҳонам будам, риш мегузоштам. Баъдан онро тоза мекардам. Вақтҳои охир ин эҳсосот пайдо шуд, боз гузоштам.
-Дар дасти чапатон ангуштарин аст, ки қариб дар ҳама маврид ба чашм мерасад? Чӣ таърих дорад?
-Як дӯсте доштам, ки муддати 30-сол бо ҳам рафту омад доштем. Инро ӯ бароям ҳадя кард.
-Барои ҷавонҳое, ки сароянда шудан мехоҳанд, чӣ маслиҳат доштед?
-Пеш аз ҳама бояд садои хуб дошта бошанд, баъдан истеъдод худ пайдо хоҳад шуд.
-Шуҳратро мепарастед ё маҳбубиятро?
-Маҳбубиятро.
-Агар имкони дубора даст диҳад, куҷоро барои зиндагии доимӣ интихоб мекардед?
-Эронро.
-Чӣ дархост аз мардум доред?
-Бо сулҳу сафо зиндагӣ кунанд, бо ҳамдигар меҳрубон бошанд, дурӯягӣ дар миёнашон ҷой надиҳанд.
-Ташаккур барои суҳбати самимӣ.