Абрӯ Шаҳин ҳанӯз 25 сол дорад, аммо дар тамоми ҷаҳон машҳур гаштааст.
Ӯ пас аз нақшофарӣ дар силсилафилми “Ишқ ва нафрат” ба қатори ситораҳои овозадори турк дохил гашт. Ҳеҷ кас гумон надошт, ки ин силсилафилм ба Абрӯи нав ба ҷодаи синамо қадам гузошта ин қадар шуҳрату маҳбубият меорад.
Ин зебосанам зодаи Истамбул бошад ҳам, дар худи ҳамин шаҳр факултаи варзишии Донишгоҳи Истамбулро хатм кардааст. Ҳайратовар он аст, ки ин духтараки ҷингиламӯй аз дунёи синамо тамоман дур буда, бо чеҳраи дилкашу ҳусни мафтункунандааш тавассути ширкат дар рекламаву таблиғоти телевизионӣ тавонист диққати тамоми киносозонро ба худ ҷалб кунад. Режисёрони ҳушёру зирак Абрӯи нозанинро ба ҳамкорӣ даъват карда, нақши қаҳрамони асосӣ Реянро дар филми “Ветренный” ба ӯ сазовор донистанд. Пеш аз ин, ӯ дар филми “Пулҳои хунин” нақш бозида буд, вале филми мазкур ба ӯ муваффақият наоварда буд.
Нафароне, ки силсилафилми «Ветренный»-ро тамошо кардаанд, гумон мекунанд, ки филми қадима аст, вале он ҳамагӣ чанд моҳ пеш рӯи навор омад. Соли 2019 Абрӯ дар филми “Ветренный” нақши асосиро бозид. Ӯ дар ин филм нақши Реян Садоғлуро бозида, на танҳо мухлисони туркашро ба ваҷд овард, балки тамоми дунё ошиқи ҳусни зебояш гаштанд. Бояд гуфт, ки маҳз филми “Ветренный” Реян ва Миранро машҳури дунё гардонд.
Қаҳрамони ин филм, Реян духтарест, ки таҳти фишори тезу тунди аҳли оила ва наздиконаш қарор гирифта, баъди азобҳои пай дар пай ва шикасту рехтҳои зиёд ба орзуҳояш мерасад. Ошиқони Абрӯ аз тамоми гӯшаҳои дунё ба ин актриса мактубҳои ошиқона менавиштанду ӯро бар ивази пули калон ба мулоқотҳояшон даъват мекарданд. Пас аз машҳур гаштан, ҳоли актриса табоҳ гашт. Ӯ акнун аз хонааш бо муҳофиз берун мешуд. Дар кӯчаҳои шаҳр қариб, ки намегашт, чунки мухлисонаш мисли селлаи замбӯр аз пасаш медавиданд, то бо актриса аксҳои хотирмон бигиранд.
Бархе аз ошиқони ҳунараш медиданд, ки бо актриса мулоқот карда наметавонанд, ба сомонаҳои иҷтимоӣ ворид гашта, дар куҷо ва бо кӣ вохӯрдани актрисаро донистан мехостанд.
Абрӯ ба журналистон ошкоро гуфтааст, ки якчанд муддат бо ҳунарпешаи турк Умит Кантардҷилар зиндагии якҷоя дошт, вале бо мурури замон аз ӯ ҷудо гашта, бо ошиқи наваш, ҳунарпешаи машҳур Толга Сариташ, ки ба қавле “красавчик” и Туркия ба ҳисоб меравад, қиссаи ишқу ошиқияшро оғоз кард. Душманонаш пайти муносиб ҷуста, онҳоро дар даромадгоҳи “дискокулуб” масту махмур дида, аксҳояшонро гирифта ба шабакаҳои интернетӣ мепартоянд, аммо..
Аксҳову сабти видеоии Абрӯ ва Толга, ки ҳарду дар ҳолати айшу ишрат ҳамдигарро оғӯш карда, аз лабони ҳамдигар мебӯсиданд, худи ҳамон шаб дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид.
Мухлисонашон дар интернет ба ду гурӯҳ ҷудо гашта буданд. Гурӯҳи аввал Абрӯ ва Толгаро барои пинҳонӣ ишқварзӣ намуданашон нафрин мекарданду дар ғайбашон онҳоро фоҳишаву майхора унвон медоданд. Гурӯҳи дигар аз муносибати ин ду чеҳраи шинохта хурсанд гашта, ба ин ду дилдода бахти ҳақиқӣ ва зиндагии хушбахтонаро таманно мекарданд.