Sebiston new 2024 october
Ишқи шоҳзода ва асрори зиндагии Толга Сариташ
1948

 

Даричаи ошноӣ

Ном : Толга.

Насаб: Сариташ.

Мучал: Мизон.

Сину сол: 26-сола.

Қад: 175 см.

Макони таваллуд: Истамбул, Туркия.

Вазъи оилавӣ: муҷаррад.

Касб: ҳунарпеша.              

Шоҳзодаи чашмкабуд

Вақтҳои охир на танҳо дар Русия ва собиқ кишварҳои Шӯравӣ, балки қариб дар саросари ҷаҳон филмҳои туркӣ маҳбубияти хоса касб карда истодаанд. Яке аз чунин филмҳое, ки тамоми дунёро тасхир намуд, силсилафилми “Великолепний век” мебошад. Ҳаводорони ин филм чунон зиёданд, ки ҳатто филмҳои машҳури Голливуд ин миқдор тамошобин пайдо карда наметавонанд. Филми мазкур на танҳо бо ҳодисаҳои печ дар печи таърихӣ ва муборизаҳои ошкору ниҳони дарборӣ, балки бо ҳунармандони зебо, хушсалиқа ва бомаҳораташ низ оламиёнро тасхир намудааст. Яке аз чунин ҳунармандони болаёқат Толга Сариташ мебошад, ки дар силсилафилми “Великолепний век” нақши шоҳзода Ҷаҳонгирро мебозад. Ин ҷавони зебои хушқаду қомат бо мӯйҳои заррини офтобию чашмони обиаш дили миллионҳо занону духтарони сайёраро обу адо кардааст.. 

Ошиқи оҳангу тарона

Толга Сариташ 30-юми майи 1991 дар пойтахти Туркия, шаҳри Истамбул ба дунё омадаст. Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ӯ ба оҳангу тарона шавқу ҳаваси беандоза дошт ва ҳар рӯз пас аз дарс ба машғулиятҳои факултативии мусиқӣ мерафт. Дар як муддати кӯтоҳ Толга навохтани гитор ва барабанро ёд гирифта, дастаи ҳунарии худро ташкил намуд. Гурӯҳи мусиқии актёри оянда 5 сол фаъолият карда, гули сари сабади ҷашну маҳфилҳо гашт. Акнун мардум ӯро ҳамчун сароянда мешинохтанд, агар рӯ ба синамо намеовард, шояд Толга Сариташ имрӯз яке аз машҳуртарин сарояндагони турк мешуд, вале..

Дурахши истеъдод

Пас аз хатми мактаб Толга бо нияти оғози фаъолияти актёрӣ ба театри Esenyurt Belediye ба кор омад. Ҳунарпешаи ҷавону боистеъдод бо чеҳраи зебои ғарбиёна ва чашмони шаффофи осмониаш ба зудӣ роҳи хешро дар ҷодаи театру кино пайдо кард. Азбаски маълумоти касбии актёрӣ надошт, аввалҳо коргардонҳо ба Толга танҳо нақшҳои дуюму сеюмдараҷаро медоданд, вале ин ҷавони боҳунар тавонист собит созад, ки истеъдод доди худост, на маҳсули ягон донишгоҳ ё донишкада.

“Абри сиёҳ”-и роҳкушо

Аввалин филме, ки Толга Сотираш дар он нақш офарид “Абри сиёҳ” ном дошт. Дар филми мазкур вай нақши дувумдараҷаро офарида бошад ҳам, маҳз ҳамин филм роҳи ин ҷавони ташнаи ҳунарро ба олами рангини синамо кушод. Пас аз “Абри сиёҳ” боварии коргардон ва филмсозон ба ҳунару маҳорати Толга афзуд ва нақши шоҳзода Ҷаҳонгирро дар силсилафилми таърихии “Великолепний век” ба ӯ бовар намуданд.

Дар ниқоби душман

Шоҳзода Ҷаҳонгир қаҳрамони асосии филм набошад ҳам, ин ҳунарпешаи ҷавону зебо бо бозии бисёр моҳирона ва чашмони нилгуни хеш маҳбуби тамошобинон гашта, азизи дили мардум гашт. Толга дар суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки силсилафилми таърихии “Великолепний век” пур аз мубориза ва душмании аҳли дарбор барои расидан ба ҳадафҳои хеш бошад ҳам, ҳунармандоне, ки ин нақшҳоро офаридаанд, берун аз филм бо ҳамдигар бисёр муносибати гарм ва бародарона доштанд. Сотираш мегӯяд маҳз муҳити гуворои дӯстона ва кӯмаки беғаразонаи ҳунармандони машҳур аз қабили Арас Булут ва Эгон Озтюрк замина фароҳам овард, ки ӯ нақши шоҳзода Ҷаҳонгирро бисёр табиӣ ва пурҷозиба бозида, ба дили тамошобинон роҳ ёбад...

Розҳои “Бачаи авбош”

Пас аз “Великолепний век” Толгаро ба филми пурмоҷарои боевикии “20- Минут” даъват намуданд. Ҳунарпешаи ҷавон исбот намуд, ки аз уҳдаи тирпаронӣ ва занозанӣ низ ба хубӣ мебарояд. Коргардонҳо дар симои Толга Сотираш авбоши гузароро дарёфта, нақши асосиро дар филми “Плохой парен” ба ин ҷавони чусту чолок бахшиданд. Филми мазкур аз рӯйи романи нависандаи шинохтаи турк Бушра Кучук рӯи навор омада, Толга дар он нақши Меричеро мебозад. Мериче ҷавони авбошсурат ва бисёр бераҳм аст, аммо вохӯрӣ бо Кайлаи нозанин ҳаёти ӯро такорӯ карда, ин бачаи дилозорро ба марди ҷасур бо нангу номусе табдил медиҳад, ки барои ишқ дунёро зеру забар карда, иҷозат намедиҳад, ки ба пойи маҳбубаш хоре халад. Нақши Кайларо дар филм Афра Сарочоглу мебозад. Кайла пас аз марги модараш маҷбур мешавад, ки ба назди падари сарватмандаш, ки замоне аз мастӣ ӯву модарашро партофта буд, баргардад. Падар бо ҳар роҳ мехоҳад дили шикастаи духтарашро аз нав ба дасти биёрад, вале Кайла азобҳои модари зорашро ҳеҷ фаромӯш карда натавониста, барқасди падараш бо бачаҳои бад ҳамроҳ мешавад. Саркардаи гурӯҳ Мериче ба кайла ошиқи зор гашта, ишқи Кайла ин ҷавони авбошро тамоман ба одами дигар табдил дода, исбот менамояд, ки дар зери ниқоби иблис, ки Мериче онро ба рӯяш кашидааст, дили софу бе кинае ниҳон аст...

Толга кай домод мешавад?

Дар экран ин ҷавони ҳунарманд сад чеҳра дорад, имрӯз авбош мешавад, фардо шоҳзода, рӯзи дигар Маҷнун, аммо дар зиндагӣ якрӯю якдил ва бисёр хушчақчақ аст. Ҷангу ҷанҷол ва баҳсу мунозира карданро дӯст намедорад. Толга гули сари сабади маҳфили дӯстонаш буда, қариб аз ҳар як вохӯрии рафиқонааш дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграмма аксҳои ҷолибро мегузорад. Дар бораи муносибатҳои ошиқонаи ин ҷавон сару садоҳо хеле зиёд буданд. Аввалҳо Толга аз худ бачаи бисёр шармгин сохта, мегуфт касеро дӯст намедорад, вале рози ин ситораи синамо аз чашми журналистони кунҷкоб пинҳон намонд. Вақте ки расонаҳо аксҳои ошиқонаи Толгаро бо ҳунарпешаи ҷавони ба мисли фаришта зебо Бушра Пекин чоп карданд, роҳи дигари инкор намудани ҳақиқатро наёфта, вай ночор иқрор шуд, ки ошиқи зори ин зебосанам гаштааст. Қабл аз ин дар бораи муносибатҳои ошиқонаи Толга Сотираш бо Ханда Эрчел, ки дар силсилафилми “Духтарони Гюнеш” ҳамроҳаш нақш мебозад, овозаҳои бисёре пайдо шуда буданд, вале худи Толга ин овозаҳоро рад карда, мегӯяд барои ӯ ба ҷуз аз арӯсаш Бушра дигар ягон зан дар дунё вуҷуд надорад.

Ҳанӯз маълум нест, ки тӯйи арӯсии ин ду ҷавони зебову ҳунарманд кай ва дар куҷо баргузор мешавад, вале мо ба ин ҷуфти зебо бахти сафед хоҳонем!

Шаҳло Ниёзӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД