Sebiston new 2024 october
Дугонаам зани дуюми шавҳарам шуд
6764


Касе, ки ба дугона бовар мекунад, аблаҳ аст, мисли мани сода, ки ба дӯсти нокас бовар карда, зиндагии орому осудаамроаз даст додам.

Ману Замира аз синни шашсолагӣ дугонаҳои ҷонӣ будем. Чунон бо ҳамдигар қарин будем, ки бисёриҳо моро Фотимаю Зӯҳро гумон мекарданд. Волидони Замира қашшоқ буданд, падару модари ман бошанд ҳарду духтур буданд ва ҳаёти серу пур доштем. Замира барои оилаи мо оодами худӣ шуда буд ва ҳар гоҳ, ки модарам аз бозор барои ман чизе хариданӣ шавад, ба дугонаам низ мехарид. Пас аз хатми мактаби миёна бо ёрии падарам ману Замира ба коллеҷи тиббӣ дохил шуда, онро бо муваффақият хатм намудем. Волидонам баъди хатми коллеҷ маро ба шавҳар доданд, Замира бошад, ягон талабгор надошт. Шавҳари ман тоҷир буда, зиндагии серу пур доштем. Замира тез-тез дар хонаи мо меҳмон мешуд. Мани сода заррае гумони бад набурда аксаран ӯро бо шавҳарам танҳо гузошта, аз дасти пухтупаз мешудам.


Мо, одамон бояд дар муносибат бо дигарон баробарӣ ва адолату инсофро риоя намоем, аз ҷумла дар муносибатҳои оилавӣ.


Оқибати ин меҳмондориҳо ҳамин шуд, ки дугонаи кӯрнамакам дили шавҳарамро ба даст оварда, аввал маъшуқа, сипас зани дуюми ӯ шуд. Ҷангу ҷанҷол ва гиряву нла кунам, хушдоманам маро гунаҳкор карда мегӯяд: “Худат як фоҳишаро оварда ба бағали шавҳарат андохтӣ, боз чӣ ин қадар фиқ-фик гиря карда, асаби ҳамаро хароб мекунӣ, беақл!” Падару модарам кӯрнамакии дугонаи ҷониямро фаҳмида, гиребони тавба доштанд. Онҳо ба ман маслиҳат дода истодаанд, ки хотири ду фарзандам тоқат карда, аз шавҳарам ҷудо нашавам. Хушдоманам низ мудом таъкид мекунад, ки шавҳаратро-ку бо ду дасти адаб бароварда ба дугонаи фоҳишаат додӣ, нашавад, ки небараҳоямро гирифта аз хона баромада равию ҳавлию ҳарами бачаамро насиби он бадзоти кӯранамак гардонӣ. Ҳушатро ба сарат гир, духтар!
Як бор ба сари Замира рафтам. Дугонаам бо чашмони пуроб гуфт, ки агар мекушӣ, маро куш, охир чӣ кор кунам, шавҳаратро дӯст медорам. Намедонам сарамро ба куҷо занаму чӣ кор кунам, дар байни дуроҳаи зиндагӣ зору ҳайрон мондаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед?
Нигора, сокини кӯчаи Борбади ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
сабр беҳтар мешавад ки наравед аз қар 2019-10-06, 20:02
сабр
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
сабр беҳтар мешавад ки наравед аз қар 2019-10-06, 20:02
сабр
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД