Даричаи ошноӣ
Ҳоҷибибӣ Гавҳар Умарова 7-уми апрели соли 1951 ба дунё омада, соли 1967 мактаби миёнаи № 38-и шаҳри Душанберо хатм намудааст. Ихтисосаш журналист. Дастпарвари факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира ДМТ) мебошад.
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон,
Аълочии Радио ва телевизиони Тоҷикистон,
Корманди шоистаи Тоҷикистон,
Барандаи ҷоизаи ба номи А. Лоҳутӣ,Номзади илмҳои филологӣ.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.
-Гавҳарбону, дар як ҷо таваллудатон 1951 асту дар дигар ҷо 1954, ба кадомаш бовар кунем?
-Аслан соли таваллудам 1954 аст. Азбаски ман дар синни 5 солагӣ ба мактаб рафтаму донишамро ба назар гирифта, якбора маро аз синфи якум ба синфи 3-юм гузарониданд, зарурати калон кардани соли таваллудам пеш омадааст.
-Устоди аввалинатонро ёд доред?
-Албатта! Дасти маро зани хирадманд Бозгул Додхудоева рост карда буданд.
-Дар 5-солагиатон шуморо ба синфи 3-юм гузаронида бошанд, дар чандсолагӣ донишҷӯ шудед?
-Донишҷӯ шуданам таърихи бисёр аҷиб дорад. Имтиҳоноти дохилшавиро супорида, чанд рӯз пас ман барои фаҳмидани холҳоям ба донишгоҳ рафтам. Дар назди дар ду нафар донишҷӯро нозир монда будаанд. Онҳо касеро ба бино даромадан намемонданд. Қаду қомати хурдакаки маро дида якеашон мағрурона гуфт: «Эй духтарча! Ту дар инҷо чӣ кор мекунӣ? Канӣ, зуд аз ин ҷо рав!» Ман аз дӯғ задани нозирон тарсида, бо чашми гирён рост ба Иттифоқи нависандагони пештара, ки дар кӯчаи Свериденко буд, рафтам. Нависанда Фазлиддин Муҳаммадиев маро ба назди устод Мирзо Турсунзода бурданд. Баробари аз дари утоқи кориашон даромадан аламам бештар шуд ва мисли духтаре, ки ҳама нозашро ба падараш мекунад, устод Турсунзодаро оғӯш карда гиристаму гуфтам, ки маро ба донишгоҳ роҳ надоданд. Устод гумон карданд, ки аз имтиҳонҳо афтидам ва маро дилбардорӣ карда худи ҳамон замон ба ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ Солеҳ Ашӯров занг заданд. Ректор ба рӯйхати дохилшавандагони факултаи рӯзноманигорӣ нигариста, гуфтаанд, ки ин духтарак дохил шудагӣ. Ин хушхабарро шунида аз кабинети устод Турсунзода бо чеҳраи шод ба сӯи донишгоҳ гӯё парвоз кардам. Дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» дар бораи ман бо номи «Студенткаи 15-сола» мақола ҳам чоп шуда буд.
-Ҳамон замонҳо ҳам «тағобозӣ» буд? Бо кӯмаки кӣ шумо ба телевизион роҳ ёфтед?
-Он замонҳо «тағо» не, ҳунар қадр дошт. Соли 1972, пас аз хатми донишгоҳ маро бо роҳхат ба телевизиони Тоҷикистон ба кор фиристоданд. Пас аз як моҳи дар шуъбаи танзим кор карданам, ба шуъбаи кӯдакону наврасон, пасон ба идораи барномаҳои адабӣ-бадеӣ гузашта 40-соли ҳаётамро ба телевизион бахшидам.
-Шуморо ҳамчун аввалин ташкилкунанда ва барандаи барномаи «Оила» дар телевизион мардум хуб мешиносанд. Идеяи ташкил кардани барномаи «Оила» чи тавр пайдо шуд?
-Соли 1992 зарурати ташкил намудани ин барнома ба миён омад, зеро дар ду майдони пойтахт фарзандони як «оила» тоҷикон ҷамъ омада буданд. Ман аз ҳарду майдон одамонро ба барномаи «Оила» даъват намуда ба ваҳдату ягонагӣ ҳидоят менамудем. Шахсони номдор, оилаҳои намунавиро даъват мекардем, то чашми хиради мардум кушода шавад. Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Юсуфҷон Акобиров ва даҳҳо чеҳраҳои шинохтаи дигар ба барномаи «Оила» ташриф оварда, мардумро ба якдигарфаҳмӣ даъват менамуданд.
-Аз ҳамаи барномаи хотирмонатон кадом буд?
-Барномае, ки дар бораи Аҳлиддин Авезов буд. Ҳангоми таваллуди ӯ модараш вафот мекунад ва падараш аз уҳдаи тарбияи тифлак набаромада, Аҳлиддинро ба ятимхона месупораду дигар суроғ намекунад. Аҳлиддин дар хонаи бачаҳо калон шуда дар факултети ҳуқуқшиносӣ мехонд. Ин ҷавони меҳнатқарин се моҳ дар Вокзали Роҳи оҳан аз вагонҳо бор мефарорад, то пул кор карда барои худ либос харад. Вақте ки ман ӯро дарёфта ба барнома даъват кардам, гуфт, ки ҳанӯз дар донишгоҳ сағирагии маро касе намедонад. Ҳамин тавр, Аҳлиддин дар барномаи «Оила» бо ниқоб баромад карда, аз ҳаёти талхи худ нақл намуд. Рӯзи дигар дар назди бинои телевизион одамони зиёде ҷамъ омаданд, то ба ӯ кӯмак расонанд. Яке дар даст ҷомаю тоқию куртаю попушӣ дошт, дигарӣ кӯрпаю кӯрпача, сеюмӣ мегуфт, ки ман ду духтар дораму тайёр ҳастам, ки ин бачаро ба домодӣ қабул намоям. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низ баъди барномаи «Оила» Аҳлиддин Авезовро дастгирӣ намуда ба ӯ хона доданд. Ҳоло бо ёрии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва барномаи «Оила» Аҳлиддин донишгоҳро хатм карда, дар сафоратхонаи Тоҷикистон, дар Вашингтон кор мекунад. Оиладор ва соҳиби 5 шоҳписар аст.
-Худатон кай оиладор шудед?
-25 декабри соли 1972 бо ҳамкорам Хушбахт Бекзода тӯйи арӯсӣ барпо кардем.
-Аз шавҳаратон розӣ ҳастед?
-Албатта! Хушбахт дар тӯли 45-соли хонадорӣ ягон бор ба ман гапи сахт назадаанд. Мо соҳиби 6 фарзанд: Хуршед, Фарангис, Зарангис, Хушдил, Беҳрӯз, Далерҷон ва набераҳо ҳастем. Сад шукр, ҳамаи фарзандонамро соҳиби маълумоту соҳибкасб гардондем.
-Кадом хислатҳои шавҳаратонро меписандед?
-Ростгӯӣ, ростқавлӣ, поквиҷдонӣ ва қавииродагиашро дӯст медорам.
-Аз падари бачаҳоятон сирри ниҳонӣ доред?
-Як донаро зери хок кунем, хуб месабзад ё рӯи хок? Албатта зери хок. Зан бояд сирру асрори ниҳон дошта бошад. Ҳамчуноне, ки тифлро дар батн бардошта мегардад, зан бояд сирру асрори зиндагиашро низ ниҳон дорад.
-Мегӯянд, ки баъди 5-соли зиндагӣ муҳаббати мард нисбат ба зан кам мешавад. Ҳамин чизро шумо дар таҷрибаи зиндагиатон эҳсос кардаед?
-Ин гап дурӯғ аст. Ба фикри ман, чӣ қадаре, ки зиндагӣ ширин бошад, ҳамон қадар зану шавҳар азизи якдигар мешаванд.«Асоси ҷамъият оила асту асоси оила муҳаббат»-гуфтааст мутафаккири бузург А.И.Сино. Дар ҷамъият оила набошад, ҷамъият вуҷуд дошта наметавонад. Агар дар оила ҳам меҳру муҳаббат набошад, он оила пойдор намемонад.
-Ҳамеша бо Хушбахтатон хушбахт бошед!
Зан аз нигоҳи мард
Хушбахти Бекзод:
Гавҳарро дидаму Маынун шудам!
Хушбахти Бекзод 6-уми августи соли 1945 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи № 2 ба номи М. Горкий (ҳоло ба номи Қутбӣ Киром), пасон Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айниро хатм намудааст.
Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии Матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии Телевизион ва радиои Тоҷикистон, Дорандаи медали «Корманди шоиста» мебошад.
Ҳамсари мушфиқу меҳрубони Гавҳар Умарова ва падари ғамхори фарзандонаш.
-Хушбахт, росташро гӯед, шумо ҳамчун мард дар оиладорӣ хушбахтед?
-Ман Хушбахти хушбахтам! Дар тӯли зиндагии 43-солаамон ҳамсарам ягон маротиба рафторе накардааст, ки боиси малоли хотири банда гашта бошад
-Кай бори аввал ошиқ шудед?
-Ман 9 сентябри соли 1969, пас аз хатми донишкада ба Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ба кор омадам. Тобистони соли 1972-юм буд. Дар рӯи ҳавлии назди ҳавзи бинои телевизион, ки дар се тарафаш гулҳои садбарг шинонида шуда буданд, сайру гашт доштам. Аз ҷуши оби фаввораҳо шамоли нарме мевазиду аз ҳавои софи он нафас мегирифтам. Ногоҳ салом додани касе риштаи хаёлашро бурид. Овоз ба назарам шинос намуд. Ба тарафи овоз нигаристам. Дар рӯ ба рӯям духтараки зебоеро бо мӯйҳои майдабофӣ дида ҳайрон шудам. Ин духтаракро пештар ман дар куҷое дида будам, вале ҳарчанд фикр мекардам, ҳеҷ ба ёдам намерасид.
-Шояд мафтуни ҳусну ҷамолаш гашта ӯро шинос пиндоштед?
-Не, баъдан ба хотир овардам, ки ман ӯро ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар мактаби миёнаи № 38-и пойтахт, дар хонаи пионерон дида будам.
-Беҳуда бо як дидан шиносу бо ду дидан дӯст намегуфтаанд…
-Бале, бале! Духтарак мисли оҳанрабо ақлу ҳуши маро ба худ кашид. Ҳатто фаромӯш кардам, ки аз танаффуси нисфирӯзӣ қариб ду соат гузаштааст. Оҳиста –оҳиста гӯё бори вазнинро дар ду китф бардошта бошам, аз зинаҳо баромада, дар ошёнаи дуюм ба дафтари корӣ ворид шуданӣ будам, ки сардор маро ба наздаш хонд. Ҳамон духтареро, ки чанд лаҳза пеш сари калобаамро бо диданаш гум карда будам, дар утоқи сардор дида ҳайрон шудам. Рухсораҳояш ҳамоно лолагун буданд. «Ин кас коргари навамон, Гавҳар Умарова» моро шинос намуданд сардор. Худам нафаҳмида «Гавҳар, дар ҳақиқат номаш ба худаш мувофиқ» гуфта мондам. Сардор маънидорона табассум кард.
-Ишқи аввалину охиринам ҳамин Гавҳар буд гӯед!
-Намедонам ин ишқ буд ё чизи дигар, вале Гавҳарро дидаму оташаки дилам аз нав аланга гирифт. Гавҳар бо чашмони шуълабораш маро чунон ҷоду кард, ки оламу одамро аз ёд бурдам. Дар умрам бори аввал ба чунин ҳол гирифтор шудам.
-Чунон дар бораи Гавҳар бо меҳру муҳаббат ва шоирона сухан кардед, ки ба ҳақиқат доштани достонҳои Лайлию Маҷнун ва Фарҳоду Ширин боварӣ ҳосил намудам. Боз одамон мегӯянд, ки баъди никоҳ ишқ мемирад…
-Ин гап дурӯғи маҳз аст. Ҳар қадар, ки зиндагӣ ширину гуворо гузарад, ҳамон қадар муҳаббати зану шавҳар ба якдигар зиёдтар мешавад.
-Вақте ки зан кӯдакдор шуд, серташвиш шуда барои шавҳараш дигар хеле кам вақт меёбад. Шумо шаш фарзанд доред, наход ягон бор аз гирумони бачаҳо хаста шуда, майли бо ягон хонуми зебо дам гирифтан накарда бошед?
-Фарзандон муҳаббати маро бо оилаам боз ҳам қавитар месохтанд. Ба назарам чунин мерасид, ки ҳар дафъаи таваллуд карданаш занам боз ҳам зеботар мешавад.
-Кадом хислатҳои ҳамсаратонро меписандед?
-Фурӯтанӣ, хоксорӣ, меҳнатдӯсту заҳматкаш буданаш.
-Аксари мардҳо аз зани босавод гирифтан метарсанд, чунки гумон мекунанд зани коргар шавҳарро ба қавле патаки пайтоба мекунад…?
-Ин андеша ғалат аст. Ҳар қадаре зан босавод бошад, ҳурмату эҳтироми якдигар ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Инро ман аз таҷрибаи худам мегӯям.
-Сирре доред, ки то имрӯз аз ҳамсаратон пинҳон медоред?
-Ман ягон сирри махфӣ надорам. Ҳамаи гапу корамон ҳам ошкоро аст.
-Ба Гавҳарбону тез-тез туҳфаҳои қиматбаҳо тақдим мекунед?
-Ҳамсари ман чизпараст нест. Ба зару зевар аслан шавқу ҳавас надорад. Вай шайдои илму фарҳанг ва туҳфаи беҳтарин барояш китоб аст.
-Ҳамсаратон ҳамеша зани серкор буданд. Бо ин қадар ташвиш чӣ хел барои тарбияи бачаҳоятон вақт меёфтанд?
-Барои бо фарҳанг шудани фарзандону наберагон Гавҳар тамоми ҳастии худро мебахшид ва то имрӯз чунин фидокор аст. Дар тӯли зиндагиамон ягон бор аз каму беши зиндагӣ шикоят накардааст. Барои ҳамин аз забони шоир мегӯям, ки:
Хушбахт касест, ки хизмати ёр кунад,
Ҳарҷо ки қадам гузошт, гулзор кунад,
Зангӯлаи гаҳвораю гиряи тифл,
Ҳар субҳ варо з-хоб бедор кунад.
-Кӣ беҳтар хӯрок мепазад: Шумо ё Гавҳархон?
-Ҳардуямон гӯям ҳам, хатто намекунам. Ҳангоми хурд будани фарзандон ҳарду баробар кори хонаро иҷро мекардем. Ҳоло шукри келину бачаҳо, худашон ҳамаро саранҷом мекунанд. Рӯзҳои истироҳат барои фарзандону набераҳоям худам оши палав мепазам.
-Гавҳарбону кадом таомро ба дараҷаи олӣ мепазанд?
-Ҳамсарам аз уҳдаи пухтани ҳама хӯрокҳо ба хубӣ мебарояд, вале дар пухтани хӯрокҳои хамирӣ ҳамто надорад.
-Саволи охир, Шумоён ҳар рӯз 24 соат бо ҳамдигар ҳастед. Дар телевизиону радио ва ҳоло дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебо бо ҳам кору фаъолият мекунед. Ба дили якдигар назадед?
-Ҳеҷ гоҳ! Ҳамкор будан баръакс меҳру садоқати моро ба ҳамдигар меафзояд.
-Бароятон умри дарози бобаракат хоҳонем!