Боварии комил дорем, ки агар Афандӣ зинда мешуд, дар назди Гулбаҳор Ғаффорова ба зону задаю пораи бисёре дода, зорию тавалло мекард, ки ӯро ба шогирдӣ қабул кунад, зеро Гулбаҳор як кони бузурги ҳаҷву ханда аст.
Баробари пайдо шудани ин бонуи “химчамиён” дар саҳна ҷиддитарин тамошобинон ҳам аз ханда рӯдакан мешаванд, зеро ба гапҳои қоғазпечи ин зани аҷоибу ғароиб нахандида намешавад. Одатан барои ҳаҷвнигорон адибон саҳнаҳои намакини ҳаҷвӣ менависанд, вале ӯ ниёз ба ягон нависандаю ҳаҷвнигор надорад. Ҳайрон шуда мепурсед, ки чаро? Ҳаёти шахсии Гулбаҳор он қадар қиссаҳои аҷиб ва хандаовар дорад, ки барои садҳо саҳнаи ҳаҷвӣ мерасад.
Мехоҳед донед, ки чаро Гулбаҳорро дар кӯдакӣ аз мактаб пеш кардан мехостанд?
Оё медонед, ки Гулбаҳор чанд кило вазн дорад?
Чаро вақти болои тарозу баромадан Гулбаҳор “вой дод, очаҷон, ёрӣ диҳед” гуфта, фарёд мекашид?
Бо усули хоси Гулбаҳор хароб шудан мехоҳед?
Мехоҳед донед, ки Гулбаҳор чи тавр Шабнами Сурайёро қоил кард?
Пас мутаваҷҷеҳ бошед ба сӯҳбати намакини мухбири Оила-ТЧ бо ин ҳаҷвнигори машҳур.