new banner new years
Холмуроди Сиддиқ: Аз Пединститут арӯс ёфтам! (Видео)
3178

Холмуроди Сиддиқ, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 маи соли 1953 дар деҳаи Искичи ноҳияи Ҳисор, дар оилаи боғбон таваллуд шудааст

Соли 1969 пас аз хатми мактаби миёнаи №7-и деҳа ба факултаи санъати Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченко дохил мешавад. Пас аз як соли таҳсил ӯҳуҷҷатҳояшро аз нав барои дохил шудан ба Институти театрии ба номи Луначарскии шаҳри Маскав месупорад ва аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, донишҷӯи факултаи актёри драма ва кино мешавад. Баъди хатми донишгоҳ соли 1976 Холмуроди Сиддиқ ба Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов ба кор омада, то имрӯз дар ин даргоҳи ҳунар фаъолият дорад. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва 5 набера.

–Холмурод, қариб дар тамоми саҳнаҳоятон образи зан ҳаст. Шумо чи гуна занро олиҳа мешуморед?
–Зан, бояд мисли фаришта пок, меҳрубон ва босаводу бомаърифат бошад. Баробари дидани зан, мисли он ки «Лаҳзаҳои гуворо»-ро мебинӣ, бояд шоду хурсанд шавӣ, на ин ки аз диданаш табъат хира гардад.

– Табъи шумо ҳамеша болида аст, аз ин мебарояд, ки ҳамсаратон дорои чунин хислатҳост.
– Бале, ман инро рӯирост мегӯям.

– Бо ишқу муҳаббат хонадор шудед ё интихоби падару модар буд?
– Албатта, бо муҳаббат!

Агар махфӣ набошад, дар бораи вохӯрии аввалинатон нақл мекардед?
– Ман нав донишгоҳи шаҳри Маскавро тамом карда, ба Душанбе омада будам ва рӯзе ба дидорбинии бародарам, ки дар факултаи забонҳои хориҷӣ, дар бахши забони франсузии Институти педагогии пойтахт мехонд, рафтам. Ҳангоми аз назди ҳавлии донишгоҳ гузаштан, нохост чашмам ба як духтараки хушқаду қомати кушодачеҳра афтоду аз ӯдар куҷо будани факултаи забони франсузиро пурсидам. Духтарак хеле боадабона ба саволам ҷавоб дод ва ҳатто роҳнамоӣ карда маро ба факулта бурд. Фаҳмидам, ки ӯ дар курси якуми факултаи забони русӣ мехондааст. Пас аз ин бародарамро тез-тез хабар мегирифтагӣ шудам. Ҳамин тавр, риштаи муҳаббати мо рӯз то рӯз мустаҳкамтар шуд. Пас аз хатми донишгоҳ соли 1980 тӯйи хонадоршавиамон барпо гашт. Шукри Худо, то имрӯз бо ҳам меҳрубон ҳастем.

– Кадом хислати ҳамсаратонро бештар меписандед?
– (Механдад) Ҳангоме ки ӯ хоб аст, тамошо карданашро дӯст медорам.

– Кадом хислати занатон ба шумо писанд нест?
– Вақте ки пул мепурсад. (ҳазл)

– Кадом хӯроки пухтаи ҳамсаратонро баҳ-баҳгӯён мехӯред.
– Ҳамаи таъомҳои пухтаашро бо иштиҳо нӯши ҷон мекунам.

– Худатон кадом хӯрокро пухта метавонед?
– Агар гӯям, ки ягон хел хӯрок пухта наметавонам, бовар мекунед? Ҳамсарам ба таваллудхона рафту чанд рӯзи набудани ӯ ба кӯдакон фақат тухмбирён карда додам. Бечора бачаҳоям дар хоб ҳам тухму мурғро медидагӣ шуданд. Хаёл мекардам, ки шабҳо кӯдакон мисли чӯҷаҳо садо мебароранд. Ҳа, ногуфта намонад, чой дам карда метавонам.


– Овозае ҳаст, ки Холмуроди Сиддиқ бо ти
ҷорат низ машғул аст?
– Ин дурӯғи маҳз аст! Ман ҳатто як ҷои «семичкафурӯшӣ» надорам.

alt


Маърифат Ниёзова:
Холмурод дар хона қаламфури тез аст
Даричаи ошноӣ:
Махфират Ниёзова, омӯзгор, 27 июни соли 1958 дар ноҳияи Панҷ ба дунё омадааст. Соли 1975 мактаби миёнаи №21-и ноҳия ва соли 1981 факултаи забон ва адабиёти руси Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченкоро (ҳоло Донишгоҳи омӯзгорӣ) хатм кардааст.
Солҳои зиёдест, ки ба хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз фанни забон ва адабиёти рус дарс медиҳад.

Оиладор, модари 3 фарзанд: Фирдавс, Зуҳро ва Манижа.

– Махфиратбону, шавҳари шуморо дар Тоҷикистон касе нест, кинашиносад, вале ба ҳар сурат ҳар кас дар зиндагӣ идеале дорад. Марди идеалӣ аз нигоҳи шумо?
– Марде, ки пеш аз ҳама шавҳари хуб ва падари меҳрубону ғамхор бошад, мисли шавҳари ман Холмуроди Сиддиқ!

– Кадом хислати Холмуродин қадар писанди шумост, ки ӯро идеалӣ мешуморед?
– Ба назари ман,ҳама хислату одатҳояш олӣ менамоянд. Марди меҳрубону саховатманд ва нисбати фарзандонамон ғамхор аст. Мардро сутуни хонадон мегӯянд, вале дар ин замона мардоне, ки сутун шуда тавонанд, хеле кам мондаанд. Хушбахтона, дар ҳама ҳолат шавҳарам дастгиру мадад­гори ман аст. Холмурод шоҳсутуни устуворест, ки ман ҳамеша ба ӯ такя карда метавонам.

– Ҳастанд ҳунармандоне, ки дар саҳна мардумро механдонанду дар хона занро мегирёнанд…?
getImage
– Холмурод, ҳарчанд ҳунарманди ҳаҷвнигор бошад ҳам, дар хона бисёр одами ҷиддӣ аст. Сухани бадеро то имрӯз аз забонаш нашунидаем. Марди бекина аст, касеро ғайбат намекунад.

Шавҳаратон хӯрдани кадом хӯрокро дӯст медорад?
– Хӯрокҳои сабук, аз ҷумла оши угроро дӯст медораду бо иштиҳои том мехӯрад.

– Ҳамчун зан, модар ва омӯзгор ба ҷавононе, ки оила барпо карданианд, чӣ маслиҳат медиҳед?
Ҷавонони имрӯз бисёр бесабру бетоқатанд. Маслиҳат медодам, ки вақте оила барпо мекунанд, махсусан духтарон сабур бошанд. Гапгардонӣ накунанд. Нисбати хусуру хушдоман эҳтироми зиёд дошта бошанд. Онҳоро мисли падару модари худ дӯст доранд. Меваи сабр ширин аст. Одатан, дар рӯзи тӯйяшон дар сари тахти арӯсиву домодӣ дар паҳлуи якдигар нишаста бо меҳру муҳаббати беандоза ба ҳам менигаранд, бигузор, тамоми умр ана ҳамин тавр ба якдигар бо меҳру муҳаббат назар кунанд, он гоҳ зиндагияшон ширину гуворо мешавад.

alt

«Оила», № 47, 25.11.2015

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД