Ғалабаи духтарони тими “Душанбе” дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол
81

Дар варзишгоҳи марказии пойтахт санаи 23-юми октябр “Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои духтарони то 17 сола” ҷамбаст шуда, тими духтарони футболбози “Душанбе”-и шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал гашт.

11 бурди тими “Душанбе” дар 12 бозӣ

Мусобиқа моҳи майи соли 2025 оғоз ёфта, дар он 15 дастаи духтарони футболбоз аз 3 минтақаи кишварамон иштирок ва рақобат намуданд. Тими духтарони футболбози зери синни 17-солаи шаҳри Душанбе дар доираи ин мусобиқа дар гурӯҳи худ 12 бозӣ гузаронида, дар 11 бозӣ ғалаба ба даст овард.

Ҳамин тавр аз байни 15 даста аз 3 минтақаи ҷумҳурӣ ба даври нимфиналии мусобиқа танҳо 4 даста роҳхат гирифтанд.

Ғалабаи деринтизор

Дар даври финалии мусобиқа тими духтарони футболбози зери синни 17-солаи “Душанбе” чемпиони 5 каратаи Тоҷикистон дастаи “Бишкент”-и ноҳияи Носири Хусрав ва тими “Бунҷикат”-и Суғдро мағлуб намуда, сазовори ҷойи аввал гардид.

“Ин ғалаба ба осонӣ ба тими мо даст надодааст. Ҳарду рақибони дастаи мо командаҳои таҷрибадор буданд. Аз ҷумла “Бишкент” чемпиони панҷкаратаи ҷумҳурӣ буда, на ҳар тим метавонист ин дастаро шикаст диҳад, аммо духтарони зери синни 17-солаи тими футболи “Душанбе”-и шаҳри Душанбе дар ҳақиқат қаҳрамонӣ нишон дода, ин дастаи пурқувватро мағлуб намуданд”,- мегӯяд мураббии таҷрибадор Гасимова Зебо Холовна...

Қаҳрамонии духтари дарвозабон

Албатта тамоми духтарони тими футболи “Душанбе” дар ин ғалаба саҳми арзанда гузоштанд, вале тавре ки мураббии даста мегӯяд, нақши дарвозабон Нозофарин Иброҳимова дар ин ғалаба калон аст.

“Дарвозабони тими “Душанбе” Нозофарин Иброҳимова бегуфтугӯ қаҳрамони ин бозӣ буд. Вай зарбаҳои пай дар пайи ҳарифонро ба дарвозаи “Душанбе” моҳирона дошта, тамоман имкон намедод, ки рақибон ба ҳадафи худ бирасанд ва тубро вориди дарвозаи мо созанд. Бозингарони дигари даста бошанд, моҳираона ба дарвозаи ҳарифон гол мезаданд ва ҳамаи ин ба мо ғалаба овард. Ғалабае, ки мо дер боз интизораш будем,”-мегӯяд Зебо Холовна бо ифтихор.

Ҷоизадорони мусобиқа

Хулоса, дар “Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои бонувони зери синни 17 сола “дастаи “Душанбе”-и шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал, тими “Бунҷикат”-и Суғд сазовори ҷойи дуюм ва дастаи духтарони футболбози “Бишкент” сазовори ҷойи сеюм гашт.

Дар баробари дастаҳои ғолиб ҳамчунин беҳтарин бозингарон эълон карда шуданд.

Ҳамин тавр Нозофарин Иброҳиммова “Беҳтарин дарвозабон”, , Камила Расулова “Беҳтарин нимҳимоятгар” ва Сайёра Саидова “Беҳтарин мураббии U17” эълон шуданд.

Ғолибонро чӣ гуна бояд истиқбол намуд?

Тавре ки зикр намудем, дастаи духтарони футболбози “Бунҷикат”-и вилояти Суғд дар “Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои бонувони зери синни 17 сола” сазовори ҷойи дуюм гашт. Футболбоздухтарони ин дастаро дар вилоят хеле гарм пешвоз гирифта, дар Шаҳристон бо карнаю сурнай истиқбол намуданд.   Намояндагони ҳукумати маҳалли ноҳияи Шаҳристон аз сазовори ҷойи дуюм гаштани даста шод гашта, хотири духтарони футболбози тими “Бунҷикат”-ро бо мукофотҳо болида гардонидаанд. Барои ин амалашон, ки боиси дилгарм шудани духтарон ба яке аз беҳтарин намудҳои варзиш-футбол мегардад, мо ба онҳо сад офарин мехонем!

Қадрдонӣ духтарони варзишгарро дилгарм месозад

Дар шаҳри Душанбе, ки қалби Тоҷикистони соҳибистқлол ба шумор меравад, ташкилотҳои зиёде ҳастанд, ки бо варзиш ва масоили занон сарукор доранд. Хуб мебуд, ки ин ташкилотҳо аз мардуми Шаҳристон ибрат гирифта, ғолибони “Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни бонувони зери синни 17 сола”-Тими “Душанбе” –и шаҳри Душанберо чунин қадрдонӣ менамуданд, то ки духтарон ба футбол боз ҳам бештар дилгарм шаванд.

Набояд фаромӯш кард, ки як сухани хуб, як туҳфаи ночиз, як амали хурдакак, ки нишонаи қадрдонӣ ва қадршиносӣ мебошад, барои варзишгарон як ҷаҳон маънӣ дорад ва метавонад онҳоро барои фатҳи қуллаҳои нав ба нав таҳрик диҳад ва ғалабаҳои пай дар пайро ба бор орад!

Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД