Бино ба иттилои хабаргузории РИА-новости як блогери 17-солаи русро ба таври даҳшатбор ба қатл расонидаанд. Дар ин куштори ваҳшиёна ошиқи духтари сарбурида гумонбар дониста мешавад...
Духтарак 17 сол дошта, дар Донишгоҳи Тиббии Маскав таҳсил мекард ва дар сомонаҳои иҷтимоӣ расмҳои нимурёнаш гузошта, ҳамеша дар бораи муносибатҳои маҳрамона бо мардҳои пиру пулдор ҳарф мезад. Саҳифаи ин духтарро дар сомонаҳои иҷтимоӣ баъд аз маргаш пайдо карданд.Ӯ тақрибан 80 ҳазор подписчик доштааст.
Духтарак номи аслиашро пинҳон дошта, дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси “Леди Китти” расму видеоҳои нимурён мегузоштааст. Мегӯянд, ки ин блогердухтар бо мардҳои пулдори ҳамсинну соли падараш сӯҳбат намуда, мулоқотҳои ошиқона меоростааст.
Дар видеоҳояш худи духтарак иқрор шудааст,ки бо ҷавонписарон ишқварзӣ карданро намеписандад, баръакс ба ӯ мардҳои калонсоли таҷрибадор маъқуланд.
Дар яке аз баромадҳояш ин блогер ба духтарони ҷавон рӯй оварда гуфтааст: Ҷавони бистсола шуморо ба кино мебарад, баъдан ба ягон ҷо қаҳва ё чойнӯшӣ меравед ва бо ҳамин тамом! Шуморо ба хонаатон гусел мекунад. Заррае романтика нест! Ин рафтори аблаҳона аст.
Хадамоти матбуотии SSUSK аз боздошти як ҷавон, ки дар куштори ин духтар айбдор мешавад, хабар додааст. Ҳангоми бозпурсӣ ин мард иқрор шуда аст , ки бо блогердухтар муносибатҳои ошиқона дошт ва аз рашки зиёд гулӯяшро бо корд буридааст...