Formula novemver 2024
Хизматрасонии ройгони тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия
3440

 

Муҳоҷирони кории тоҷик, ки ба умеди ёфтани ризқу рӯзии худ ва аҳли хонаводаашон роҳи Русияро пеш мегиранд, тез-тез дар ин кишвар ба бемориҳои гуногун гирифтор шаванд ҳам, на ҳамеша ба табибон муроҷиат менамоянд.

Иддае, агар бо сабаби надоштани маблағ аз рафтан ба духтурхона худдорӣ намоянд, тоифаи дигари муҳоҷиронро надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва шаҳрвандии Русия аз муроҷиат намудан ба табибон бозмедоранд. Саломатӣ ганҷи бебаҳо буда, бепарвоӣ метавонад ба сари инсон фалокатҳои зиёдеро биёрад. Аз ҳамин хотир, мо тасмим гирифтем, ки оиди хизматрасониҳои ройгони тиббӣ ба муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба шумо маълумот диҳем.

Тиб барои ҳама

Ҳама шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки муваққатӣ ё доимӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия истиқомат мекунанд, аз ҳуқуқи истифодаи хизматрасониҳои ройгони тиббӣ бархурдор ҳастанд. Шумо ба Русия омада, танҳо корти муҳоҷират гирифта бошед, ҳатто дар сурати надоштани патент барои фаъолияти корӣ, иҷозатнома барои буду бош дар дохили ин кишвар (РВП) ё иҷоза барои зиндагӣ (Вид на Жителство) ва полиси ҳатмии суғуртавии тиббӣ (ОМС) ё полиси ихтиёрии суғуртаи тиббӣ (ДМС) низ имкон доред, ки дар ҳолатҳои фавқуллодае, ки ба ҳаётатон хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, хизматрасонии бе пули тиббӣ бигиред.

Қарори № 86-ро фаромӯш накунед!

Ҳуҷҷати асосие, ки ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамчунин ба гурӯҳҳои гуногуни муҳоҷирон гирифтани хизматрасонии ройгони тиббиро кафолат медиҳад, ин Қарори Ҳукумати Федератсияи Русия “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои пешниҳоди кӯмаки тиббӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Русия” аз 6-уми марти соли 2013 таҳти № 186 мебошад.

Кадом ҳолатҳо фавқуллода ё таҳдид ба ҷон ба шумор мераванд?

Дар асоси қисми 3 –и қарори зикргардида “ Кӯмаки тиббӣ дар шакли фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулода ҳангоми хуруҷи беморҳои шадид ва касалиҳои музмине, ки ба ҷони бемор хатар доранд, ба шаҳрвандони хориҷӣ тавассути ташкилотҳои тиббӣ ройгон расонида мешавад.Ба чунин ҳолатҳо дохил мешаванд:Осеб дидани косахона ва мағзи сар, шикастани устухонҳо, латёбӣ, баромадани дасту пой, захми кушода (открытый перелом) сӯхтан ё заҳролудшавӣ аз моддаҳои кимиёвӣ ё терметикӣ, дучор шудан ба садамаи нақлиётӣ, заҳролудшавӣ аз ягон навъи хӯрока ё доруворӣ, якбора бад шудани вазъи саломатӣ, сактаи дил, илтиҳоби шуш, хурӯҷи бемориҳои куҳнашуда, ки дардҳои тоқатфарсоро доранд, масалан санги гурда, шадид шудани дард ҳангоми афзоиш ёфтани гастрит, захми меъда, ногузароии рӯдаҳо (непроходимост кишечника) ва дигар ҳолатҳое, ки ба ҷони инсон хатари ҷиддӣ таҳдид менамояд. Дар ҳолатҳои дар боло зикргардида бояд зуд ба 03 занг зад ва ёрии таъҷилиро даъват намуд.    

Агар табиб ҳуҷҷат пурсад?
Ҳангоми даъват кардани мошини ёрии таъҷилӣ кормандони тиб метавонанд аз шумо ҳуҷҷати полиси ҳатмии суғуртавии тиббӣ (ОМС) ва ё полиси ихтиёрии суғуртаи тиббӣ (ДМС)-ро пурсон шаванд. Табибоне ҳастанд, ки бо сабаби ОМС ё ДМС надоштани бемор аз расонидани ёрии тиббӣ ба ӯ даст мекашанд. Талаби ҳуҷҷат аз ҷониби гурӯҳи фаврии тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулода, ки бемор метавонад бо марг мувоҷеҳ гардад, дағалтарин шакли вайронкунии қонунгузории Федератсияи Русия мебошад. Дар ҳолатҳои дар боло овардашуда новобаста аз доштан ё надоштани ҳуҷҷатҳои номбурда бояд ба бемор ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шавад, бинобар ин, вақте аз шумо ҳуҷҷат талаб менамоянд, ба аъзоёни гурӯҳи ёрии таъҷилӣ дар бораи ғайри қонунӣ будани талабашон рӯирост гап зада, барои тасдиқи гуфтаҳои хеш қарори болоро мисол оред. Пас аз овардани қарор низ табибон аз расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ саркашӣ намоянд, талаб кунед, ки шуморо бо роҳбарияти маркази Ёрии таъҷилӣ васл кунанд. Шумо метавонед худатон низ бо хати таъҷилӣ (Горячая линия) ба шӯъбаи тандурустии шаҳр ё ноҳияе, ки шумо дар он ҷо қарор доред, занг зада шикоят намоед. (Телефонҳои фаврӣ дар сомонаҳои шӯъбаҳои “Ёрии таъҷилӣ” зикр карда шудаанд). 

ОМС ё ДМС мепурсанд?Д
ар баъзе ҳолатҳо табибон ёрии аввалини тиббиро расонанд ҳам, аз бистарӣ кардани муҳоҷир сарпечӣ намуда, полиси ҳатмии суғуртавии тиббӣ (ОМС) ва ё полиси ихтиёрии суғуртаи тиббӣ (ДМС)-ро пурсон мешаванд. Вақте ки табибони ёрии таъҷилӣ аз бистарӣ кардани шумо ё беморатон дар беморхона даст мекашанд, ҳатман боз ҳамон қарори ҳукумати ФР-ро ба ёдашон расонед, махсусан ҳамон қисми “ Ёрии махсусгардонидаи фаврии тиббӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳолатҳои беморӣ, садама, осеб дидан, заҳролудшавӣ ва дигар ҳолатҳое, ки кумаки фаврии тиббиро талаб мекунад, ройгон расонида мешавад.” 

Ба клиникаҳои шахсӣ наравед!
Ногуфта намонад, ки қарори зикршуда танҳо ба муассисаҳои тиббии давлатӣ ва шаҳрӣ дахл дошта, клиникаҳои шахсӣ ва пулакӣ вазифадор карда нашудаанд, ки хизматрасониҳои ройгони тиббӣ барои муҳоҷиронро ба роҳ бимонанд. Муҳоҷирон аз клиникаҳои шахсӣ ин чизро талаб карда наметавонанд.  

Муҳлат, ки ба итмом расид...

Чунин ҳам мешавад, ки беморро дар ҳолати вазнин ба бемористон оварда, дар шуъбаи эҳё бистарӣ менамоянд, вале баъди се рӯз ҳолаташ беҳтар шуда, зарурати ӯро ба палатаи умумӣ гузаронидан пеш меояд. Табибон мегӯянд, ки табобати ройгон ба итмом расид ва аз ин пас шумо бояд барои табобати минбаъдаатон ва кати хоб маблағ супоред. Ин ҳам дағалона вайрон кардани қарор ва қонунгузории ФР мебошад, чунки қарори дар боло зикршуда муҳлати расонидани ёрии ройгони тиббиро муайян накардааст. Ин қарор танҳо тартиби расонидани ёрии ройгони тиббиро дар ҳолатҳои “таҳдиди хатар ба ҷон” муқаррар намудааст. Ҳолатҳое мешаванд, ки беморро бо асбоби нафасгирии сунъӣ дар шуш ва кӯкҳои нокандаи пас аз ҷарроҳӣ ва ё рӯда дар роҳи пешобдон ба ҳуҷраи умумӣ гузаронида, талаби пардохти табобати минбаъдаро мекунанд. Дар ин ҳолат, агар хатар ба ҷони бемор то ҳол таҳдид мекарда бошад, дар ҳолати беҳушӣ бошад, мустақилона нафас гирифта ё роҳ гашта натавонад, табибон вазифадор ҳастанд, ки ба ӯ ёрии тиббии ройгон бирасонанд.  

Бе пул ба таваллудхона!

Саволе ба миён меояд, ки оё таваллуди тифл метавонад ба рӯйхати хизматрасониҳои ройгони тиббӣ дохил шавад? Мувофиқи қонунгузории ФР ёрии тиббӣ ҳангоми тавлид дар муассисаҳои давлативу шаҳрии тиббӣ ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар як қатор ҳолатҳо роҳбарияти таваллудхона пас аз тавлиди муваффақонаи тифл модар ва навзодро ба ҳуҷраи умумӣ мегузаронад ва барои ин ҳуҷра маблағ талаб мекунад, ки ин амал ғайриқонунӣ мебошад. Агар саломатии модар ва кӯдак хуб ва ҳамаи ваксинаҳо гузаронида шуда бошанд, одатан пас аз 3 рӯз модар ва навзодро аз таваллудхона ҷавоб медиҳанд. 

Агар тифл норасид бошад?
Чӣ бояд кард, агар маъмурияти таваллудхона барои хизматрасониҳои тиббӣ маблағ талаб намояд, хоса дар ҳоле, ки ин хизматрасонӣ ба навзоди пеш аз мӯҳлат таваллудёфта лозим бошад?Хизматрасонии тиббӣ дар чунин ҳолатҳо бояд ба таври ройгон расонида шавад, зеро тавлиди тифли норасид низ “хатар ба ҷони инсон” ҳисоб мешавад.  

Духтур муфаттиш нест!
Ҳастанд ҳолатҳое, ки аз муҳоҷири дар ҳолати вазнин ба беморхона овардашуда шиноснома, ҳуҷҷати суғурта ва корти муҳоҷират мепурсанд. Ин ҳамааш бар хилофи қонунгузорӣ ва дастурҳои ҳукумат аст. Кормандони муассисаи тиббӣ муфаттиш ё кормандони ВКД-и Русия нестанд ва ҳаққи талаб намудани ҳуҷҷату муайян кардани қонунӣ ё ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия кору зиндагӣ кардани шуморо надоранд, бинобар ин, вақте ки ба ҷойи аз паси табобат шудан аз шумо ҳуҷҷат мепурсанд, ба роҳбарияти бемористон арз кунед ё ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи муҳоҷирати Русия муроҷиат намоед!  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД