sebiston july new
Ваҳдат: Ҳабибаро шавҳараш бо хишт зада кушт! (Видео)
9089
Ваҳдат:  Ҳабибаро шавҳараш бо хишт зада кушт! (Видео)

Зӯроварӣ нисбати занону духтарон солҳои охир торафт авҷ гирифта, аксаран боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегардад


Чунин як фоҷиаи даҳшатангез санаи 15-уми июн дар шаҳри Ваҳдат ба вуқуъ пайваста, як сокини 48-солаи деҳаи Сангпар ҳамсарашро бо хишт зада кушт.

Барои фаҳмидани сабабҳои сар задани ин моҷарои хунин мо роҳи макони ҳодиса-деҳаи Сангпари шаҳри Ваҳдатро пеш гирифтем.

Ҳамсояҳо ва хешу ақрабои марҳум мегӯянд, зоҳиран муносибати зану шавҳар хуб буд. Шавҳараш дар кору бори хона ба Ҳабиба ёрӣ мерасонд ва нисбати ӯ мудом ғамхорӣ зоҳир менамуд.

Шавҳари Ҳабиба аз соли 1998 ба бемории рӯҳӣ гирифтор буда, қаблан чанд маротиба ба сари одамони наздикаш даст бардоштааст ва ба онҳо зарари сахт расонида будааст, аммо касе интизор надошт, ки рӯзе ин марди девонаавзоъ модари бачаҳояшро зада мекушад ва ҳашт фарзандашро, ки чаҳор нафарашон аз зани якумаш ҳастанду парастории онҳоро низ Ҳабибаи ноком бар дӯш дошт, ятим месозад. 

Шарҳи муфасали ин ҳодисаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи "Оила" мутолиа намоед!

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД