Санаи 6-уми июли соли равон дар ноҳияи Варзоб ҳодисаи даҳшатангезе ба амал омада, соҳибкори ҷавон Шӯҳрат Ғолибов ва ҷиянаш Исломиддинро ба таври ваҳшиёна бо табар зада куштанд.
Дар ин ҷинояти вазнин Алиҷон Ализода ном навраси 15-сола гумонбар дониста мешавад. Худи Алиҷон дар барномаи “Сипар”-и ВКД гуноҳро ба гардан гирифта, чӣ тавр ба қатл расонидани Шӯҳрат Ғолибови 25-сола ва Исломиддини 14-соларо ба тафсил нақл карда бошад ҳам, аксарият, ҳатто модари марҳум Шӯҳрат Ғолибов-Гулнисо Маҳмудова бовар надорад, ки ин ҷинояти ваҳшатоварро як кӯдаки 15-сола ба танҳоӣ содир намуда бошад.
Пас аз ду моҳи сар задани ин ҳодисаи даҳшатангез падари Алиҷон Ализода-Тағоев Ботур Алиевич, сокини ноҳияи Варзоб, ҷамоати деҳоти Варзобқалъа, деҳаи Варзобқалъа ба идораи Оила муроҷиат намуда, хоҳиш ва илтимос кард, ки арзу доду ӯро ба Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомотҳои болоӣ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Суди Олии Тоҷикистон расонем. Ин мард мегӯяд, писараш дар куштори Шӯҳрат Ғолибов ва Исломиддин Шаҳидов даст надорад, аммо гуноҳро зӯран ба гардани ин кӯдаки 15-сола бор кардаанд. Беҳтараш биёед арзи дили ин мардро аз забони худаш мешунавем.