Гулнисо Маҳмудова, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба идораи сомонаи ОИЛА-ТЧ бо шикоят муроҷиат карда, ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд, ҳамчун як модари фарзандгумкарда хоҳиш намуд, ки тавассути сомона арзу доди ӯро ба самъи Вазири Корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Ҳамроҳ, Прокурори генералии ҷумҳурӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва дигар намояндагони воломақоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бирасонем.
Ин зани аламзада аз он шикоят дорад, ки писараш Шӯҳрат Ғолибов ва ҷияни 14-солааш Исломиддинро санаи 6-уми июли соли равон дар ноҳияи Варзоб бераҳмона ба қатл расонидаанд. Гулнисо Маҳмудова мегӯяд: “Писарамро 3 табар заданд, чашмони ҷияни 14-солаамро кофта, ҳардуро ба дарё патофтанд ва дар ин ҳама Алиҷон ном як бачаи 15 соларо гунаҳкор медонанд. Ман ба ин шубҳа дорам, зеро Алиҷон ба танҳоӣ наметавонист чунин корҳои ваҳшатоварро кунад. Ман ҳамчун модар аз Сарвари давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳиш ва илтиҷо мекунам, ки як кӯдакро гунаҳкр накарда, қотилони асосии писарамро ёбанд...”
Беҳтараш шикояти ин модари зорро, ки писари ягонаашро аз даст додааст, аз забони худаш бишнавед...