arzon replenishment
Панҷакент: Арӯс як рӯз пеш аз тӯй худро ба дарё партофт
16001

Дирӯз дар деҳаи Марғедари шаҳри Панҷакент боз як ҳодисаи нохуш рӯй дода, боиси марги як духтари нозанин гашт, ки мебоист имрӯз маҳфили арӯсиаш баргузор гардад.

Дар ин бора ду нафар сокинони шаҳри Панҷакент бо шарти ифшо накардани ному насабашон ба хабарнигорони сомонаи ОИЛА-ТЧ хабар доданд.

Тавре ки шоҳидони ҳол мегӯянд, духтараки даст ба худкушӣ зада Ситораи Туғён ном дошта, муҳасили курси чоруми Донишгоҳ арӯсаки дар фотиҳа будааст. Мебоист пагоҳ, яъне рӯзи шанбе, 20-уми июл ҷашни арӯсии Ситора баргузор гардад, аммо ду рӯз пеш аз тӯй ин арӯсаки нозанин даст ба худкушӣ зада, худро ба дарё партофтааст.

Аз рӯйи овозаҳо гӯё волидонаш бидуни розигии духтар ӯро ба шавҳар додаанд. 
Ситора бо баҳонаи гирифтани фатта ва куртаи сафеди арӯсӣ аз хона баромада, бо ҳамин дигар бар намегардад. 
Овозаи дигар низ вуҷуд дорад, ки Ситора ва домодшаванда ҳамдигарро дӯст медоштанду касе маҷбуран арӯсакро ба дарё партофтааст, аммо ҳақиқати ин ҳодиса то ҳол маълум нест. 

Меҳмонон аллакай ба маҳфили арӯсии Ситора даъват шуда буданд, аммо ба ҷойи либоси сафеди арӯсӣ ба ин нозанин кафан пӯшонда, бо нолаҳои зор ҷисми беҷонашро имрӯз, соати 16-дар оромгоҳи зодгоҳаш ба хок супурданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(7)
Малика 2019-07-22, 19:47
Манам мачбур карда доданд пеш аз туям дору хурдам ба худкуши даст задам лекин додам оиладор шудам у мард кати зиндаги карда натонистам чудо шудем як фарзандор шудам бад чи давоими зиндаги падару модар бо дашном медихан ки холо худад сабабгор сабр меген лекин вакте дар як болоишт сар мемонед одамеки намехохан дар хаетатон бошад мачбур худкуши мекунан а инро тохол традиция говарят что выходишь замуж за незнакомые мужчино который на все жизнь тебе будеть противна.
Посух
Меҳрафруз 2019-07-26, 18:41
Раҳимова Ситора ҳамкурсам буд. Бисёр як духтари зебо буд,ҳам аз ҷизати сират ва ҳам аз ҷиҳати сурат.Бо ҳама ҳамкурсон меҳрубон буд. Инчунин дониши хуб дошту дар ҳама дарсҳо фаъол буд.Муйҳояш мушки дароз буд ки то лаби доманаш мерасид. Ҳама духтарон бо ҳавас ба муйҳои дарозу руймолбандиаш менигаристем.Ҳама ҳамкурсон дусташ медоштем.Аз номи ҳамаи ҳамкурсонам ба волидонаш таслият мегуям ва Худованд барояшон сабри ҷамил ато фармояд.Худованд руҳи Ситорабонуи нокомро шод гардонад.Бигзор Худованди мутаол яке аз дарҳои биҳиштро ба руяш боз гардонад. Биёед дустон ҳамакаса дар ҳаққи ин аруси ба ҷои чодари аруси кафан ба бар намуда дуо кунем. ХУДО РАҲМАТАТ КУНАД СИТОРАИ ҶАВОНМАРГ
Посух
чанат 2019-10-23, 20:45
Илохо чояшро чанат бикун Ин хама насибу кисмат
Посух
Мебахшед 2019-12-21, 08:49
Шодруз кия худтона муарифи мекарде
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД