Arzon march 2024
Шамъигулро бо чашми гирён меҷӯянд!
4816


Сокини Маҳаллаи Навбунёд (поёни деҳаи Оби хурд)-и шаҳраки Дарбанд Ҳақбердиева Шаъмигул Сафаралиевна рӯзи 20-уми августи соли ҷорӣ аз хона баромада, бо ҳамин бе ному нишон ғайб задааст.

Хешовандонаш мегӯянд, Шаьмигул каме касалии рӯҳӣ дошта бошад ҳам, худро идора карда метавонад. Пештар ӯ ягон маротиба бе огоҳӣ ба ҷое нарафтааст, аз ҳамин сабаб пайвандонаш сахт дар изтироб буда, бо чашми гирён Шамъигулро дар тамоми гӯшаву канор ҷустуҷӯ доранд. Як ронандаи таксӣ дар истгоҳи Нордонак ӯро дида будааст, вале баъди ин Шамъигул ба куҷо рафту куҷо ғайб зад, касе намедонад. Шамьигул хонанишин буда, нияти ба ягон ҷо меҳмонӣ рафтан надоштааст. Хешовандонаш аз он дар ҳарос ҳастанд, ки мабодо бо вай ягон ҳодисаи нохуш рӯй надода бошад.


Ҳанӯз соли 2006 ӯ маро ба тӯйи домодиаш даъват карда, гуфта буд, ки ман мухлиси шумо ҳастам. Аввалин саҳначаи ҳаҷвии якҷояамонро мо дар тӯйи Мугамбо бозидем ва аз ҳамон вақт мисли акаву додар ҳастем.


Ҳамватанони азиз! Ба ин акс бодиққат назар андозед. Агар ин хоҳарро дар ҷое дидаед ё дар борааш чизе медонед, лутфан бо рақами 900-81-98-28 ба хешовандони Шаъмигул занг занед! Як паёми неки шумо метавонед кӯҳи ғамро аз шонаи пайвандони Шамъигул фурӯ резад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД