Дирӯз, тахминан соатҳои 19-и бегоҳ аз назди маркази савдои Садбарг гузар намуда, хостам барои кӯдаконам ширинӣ, ҳасиб ва тухм харам. Чашмам тасодуфан ба зане афтид, ки дар рӯйи хараки сари роҳ дароз кашида хобида буд.
Зан дар тан куртаи тоҷикию дар сараш рӯймол дошт, вале пойҳояш луч буданд. Ду писарчаи шӯх дар даст пуфак дар гирдаш давутоз карда, масхараомез пуфакро гоҳ ба рӯю гоҳ ба биниаш мерасонданд, вале зан мисли он ки мурда бошад, ҳатто намеҷунбид. Ростӣ, бо дидани ин манзара ба ташвиш афтидам, гумон кардам, ки зан ягон беморӣ дораду дардаш якбора хуруҷ карда дар кӯча аз ҳуш рафтааст. Мабодо намурда бошад, гӯён наздиктар рафтам. Ҳамин вақт зан чашмонашро кушод ва сараширо бардошта, гаранг-гаранг ба атроф нигарист. Бачаҳо ӯро ба якдигар нишон дода механдиданд. Хандаи ин кӯдакони шӯх ғаши занро овард ва бо овози баланд онҳоро чунон дашномҳои қабеҳе дод, ки забони кас ба такрор карданашон намегардад. Кӯдакон тарсида аз ӯ дур шуданд. Зан аз ҷояш хестанӣ шуд, вале пойҳояш тамоман мадор надоштанду сараш мекалавид.
-Апа, ба шумо чи шуд? Касалии дил доред ё фишоратон баланд шуд, гӯён аз китфаш дошта хостам ба ӯ ёрӣ расонам, аммо бӯйи бади шароб ба димоғам зада, дилам беҳузур шуд.
-Даф шав аз пешам,-дод зад зан ва бо нафрат маро аз худ дур карда ба дашном додан сар кард.
Дар як лаҳза одамони зиёде дар гирду атрофи мо ҷамъ шуданд. Мардум бепарвоёна ин кинои бепулро тамошо карда, ӯро мазаммат менамуданд, зан бошад, ҳамоно мастомаст касеро дашномҳои қабеҳ дода мегуфт: “Ҳаётма сӯхт номарди худозада, илоҳи рӯзи хуша набинад, худо ҷувонимарг шавад, таги мошин монад, хонаш сӯзад...”
-Айба намедонӣ, ки зани тоҷик арақ мехӯрӣ?! Аз ин рӯза мурдани ту барин зан беҳтар аст! Маймуни худозада, хез хонат рав, ки ҳамая шарманда кардӣ,-аз китфи зани маст гирифта, ӯро аз ҷояш хезонданӣ шуд як марди роҳгузар.
Зани бадмаст мардро тела дода аз худ дур кард ва бо тамоми овоз дод зад: -Шумо дарди дили мана аз куҷо медонед! Беваи хушдоманум ҳар рӯз бачаша алов мемонду ҳаво медод, ки ин гови қисира дафъ карда, зани дигар бигир. Оқибат шӯйи номурдум дар болои ман зан гирифт ва ранги саги бесоҳиб мара аз дар берун кард. Сағерадухтарум, ягон ҷойи рафтан надорум. 12 рӯз мешавад, ки дар ҳамин шаҳр дар кӯчаҳо хоб меравум. Рӯзма бо гадоӣ пеш бурда истдам. Аз алами дилма арақ мехурум...
Зани майзада шавҳару хушдоманашро ҳамчунон дашном дода истода пойи луч аз роҳ гузашт. Одамон гиребони тавба дошта, байни худ пичир-пичир мекарданд, ман бошам, аз дил мегузарондам, ки худо рӯзи ин зани бадбахтро ба сари ягон зан ё духтари тоҷикро набиёрад.