Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ногаҳон мефаҳмед, ки шахси дӯстдоштаатон бо фикру назари шумо ҳамақида будааст. Пас беҳуда андешаҳои худро аз ӯ пинҳон мекардед. Нимаи дуюми рӯзро ба корҳои хона ва аҳли оила бахшед. Дар кор худро зиёд хаста насозед ва аз корҳои душворе, ки диққати зиёд талаб мекунанд, дурӣ ҷӯед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Барои омода кардани ҳуҷҷатҳо ва муроҷиат ба идораҳо рӯзи муносиб аст.
Савр (21 апрел-21 май)
Ҳаёти шахсии шумо ҳанӯз пурра ором нашудааст. Шояд сабаб дар он бошад, ки шумо аз шахси дӯстдошта талаботи зиёд мекунед. Имрӯз эҳсосотро идора кунед ва қаҳру ғазаби худро ба сари дигарон нарезед. Дар кор эҳтимоли баъзе иштибоҳҳо вуҷуд дорад. Шахсе, ки нисбат ба шумо меҳр дорад, метавонад шуморо хушҳол намояд. Ба зудӣ вазъи молиявии шумо беҳтар мешавад. Ба саломатӣ ва истироҳати худ диққати бештар диҳед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Ҳоло вақти он расидааст, ки каме аз вохӯриҳои ошиқона дур шуда, бештар ба масъалаҳои зиндагӣ ва молия диққат диҳед. Оила ва хона имрӯз барои шумо манбаи оромиш мешаванд. Барои омӯзиш ва рушди шахсӣ рӯзи хуб аст. Эҳтимол бо ҳуҷҷатгузорӣ ё гуфтушунид машғул мешавед. Шахсе, ки пештар ба ӯ бовар надоштед, метавонад ба шумо кумак кунад. Аз харидҳои беҳуда худдорӣ намоед ва ба хаёлҳои беҳосил дода нашавед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар ҳоло танҳо бошед, ба атрофиён бодиққат назар кунед, эҳтимол бахти шумо дар наздикӣ қарор дорад. Барои беҳтар шудани фазои хонаводагӣ дастархони оилавӣ ороста, дӯстони деринаро даъват намоед. Дар кор вазифаи ғайриодӣ ба шумо супорида мешавад, ки диққату нерӯи зиёд талаб мекунад. Ин таҷриба барои пешрафти касбии шумо муфид хоҳад шуд. Барои ояндаи худ нақша тартиб диҳед ва зиндагии худро ба тартиб дароред.
Асад (23 июл-23 август)
Агар хоҳед, ки муносибатҳои ошиқонаатон ҷиддитар шаванд, ба шахси дӯстдоштаатон ишора кунед, ки дар бораи тӯй фикр доред. Имрӯз корҳои рӯзгор қисми зиёди вақти шуморо мегиранд. Роҳбарият ташаббусҳои шуморо хуб қабул мекунад, вале аз ҳад зиёд худро хаста насозед. Барои омӯзиш ва фароғат рӯзи муносиб аст. Агар муддати дароз орзуи хариди гаронбаҳо доштед, акнун вақти хуб барои иҷрои он расидааст. Барои санҷиши саломатӣ низ рӯзи мусоид аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз вохӯриву суҳбатҳои зиёд шуморо интизоранд. Бо вуҷуди ин, нафарони танҳо ҳанӯз шахси орзуҳои худро пайдо намекунанд. Дар оила фазои гарму ором ҳукмфармо мешавад. Рӯз каме душвор аст ва аз шумо эҳтиёткорӣ талаб мекунад, махсусан ҳангоми нигоҳ доштани сирру асрор. Имрӯз имкони пайдо кардани роҳи нави даромад вуҷуд дорад. Барои истироҳат, маҳс ва шиноварӣ рӯзи хуб аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Миёни шумо ва шахси дӯстдошта каме сардӣ пайдо мешавад. Беҳтараш чанд рӯз ба ҳамдигар фосила диҳед, то муносибатҳо ором шаванд. Дар корҳои шахсӣ аз роҳҳои санҷидашуда истифода баред. Имрӯз хабари хуш ё вохӯрии гуворо интизоратон аст. Роҳбарият қобилияти эҷодии шуморо қадр мекунад, вале барои пешрафт бояд заҳмати зиёд кашед. Эҳтимоли дарди сабуки миён вуҷуд дорад, бинобар ин бештар истироҳат кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз худро пур аз илҳом эҳсос мекунед. Аз ин фурсат истифода бурда, шахси дӯстдоштаатонро бо сюрпризи хуш шод гардонед. Дар хона корҳои зиёде пайдо мешаванд ва эҳтимоли вайрон шудани ягон таҷҳизоти хонагӣ низ ҳаст. Дар масъалаҳои тиҷоратӣ ҳама чиз аз маҳорати гуфтушунид ва робитаҳои кории шумо вобаста мешавад. Вазъи молиявии худро аз нав баррасӣ кунед ва дар бораи таътил фикр намоед. Бо одамони хушбин бештар муошират кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз беҳтараш ба дунёи ботинии худ диққат диҳед. Муҳаббат ба худ ба шумо кумак мекунад, ки бо дигарон низ самимӣ бошед. Шумо хуб меҳнат кардед ва акнун вақти каме истироҳат кардан расидааст. Барои мулоқот бо дӯстон ва одамони дӯстдошта вақт ҷудо кунед. Дар кор заҳмати зиёд мекашед, вале ин ба даромадатон таъсири хуб мерасонад. Имрӯз имкони гуфтушунидҳои муваффақ ва пешниҳоди нави корӣ вуҷуд дорад. Оромии рӯҳиро нигоҳ доред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар сарнавишти шумо тағйироти ногаҳонӣ рух медиҳанд. Имрӯз метавонад имкони амалӣ шудани орзуҳои шахсиатон пайдо шавад. Вақтро бо фарзандон ва аҳли оила гузаронед. Шумо метавонед ба одамоне, ки пештар қобилияти шуморо нодида мегирифтанд, таъсири хуб расонед. Барои мустаҳкам кардани робитаҳои корӣ рӯзи бисёр хуб аст. Дар байни кор ва истироҳат тавозунро нигоҳ доред, то аз хастагӣ дур монед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Шахси дӯстдошта метавонад аз шумо ранҷида бошад, бинобар ин сабаби онро бо оромӣ фаҳмед. Шояд шумо ба ӯ вақти кам ҷудо мекунед. Имрӯз дастгирии наздикон барои шумо муҳим мешавад, аз ин рӯ, эҳсосоти худро пинҳон накунед. Барои соҳибкорон рӯзи бобарор аст ва имкони бастани созишномаи фоидаовар вуҷуд дорад. Шумо имрӯз истеъдод ва қобилияти худро дар чанд самт нишон медиҳед. Дар ғизо эҳтиёткор бошед, зеро эҳтимоли зиёд шудани вазн вуҷуд дорад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Агар танҳо бошед, бештар ба атроф назар кунед, эҳтимоли пайдо шудани муносибати ҷиддӣ хеле баланд аст. Дар оила мумкин аст нофаҳмиҳо ба вуҷуд оянд, вале бо сабру мулоимӣ онҳоро ҳал кардан мумкин мешавад. Эҳсосоти худро идора кунед, то ҷанҷоли калон сар назанад. Муносибатҳои шахсӣ ва кориро бо ҳам омехта насозед. Имрӯз эҳтимоли хариди беҳуда аз рӯйи эҳсосот вуҷуд дорад. Ғизои солимро интихоб кунед ва аз таомҳои тезтайёр дурӣ ҷӯед.