Имсол ҷашни Истиқлол ба Ҳабиба Давлатова ва Рустами Нур хурсандии дучанд адо намуд.
Дар ин рӯзи фараҳбахш ин ду сарояндаи номдор риштаи тақдири фарзандонашонро ба ҳам пайваста, қудо шуданд. Тӯйи арӯсиву домодии фарзандони ин ду ситораи санъати тоҷик бо риояи қонуни танзим барпо гашта, дар он дӯстони наздики ин ду хонавода иштирок доштанд. Хабарнигорони сомонаи Оила.ТЧ барои муборакбодӣ ҳам бо Ҳабиба Давлатова ва Рустами Нур занг зад.
-Салом акои Рустам! Ман Шабнам, аз сомонаи Оила. Чаро моро ба тӯйи арусии духтаратон даъват накардед?
-Даъват карданӣ будаму аз серкорӣ аз ёдам рафтааст. Узри маро қабул кунед.
-Шӯхӣ мекунам. Ман барои муборакбодӣ занг задам. Тӯй чи гуна гузашт?
-Ман қонуни танзимро риоя карда, тӯйи духарамро дар хона одиякак танҳо бо иштироки хешу табори наздик гузарондам. Холаи тӯйдори асосӣ Ҳабиба буд. (Механдад).Суолҳои дигаратонро ба ӯ диҳед.
-Ташаккур! Мо аз номи сомонаи Оила-ТЧ бори дигар шуморо муборакбод гуфта, ба навхонадорон бахти сафед орзу менамоем.
Аввали моҳ ҳодисае рух медиҳад, ки шуморо ба коми ноумедиву руҳафтодагӣ мебарад. Дӯстдоштаатон дар лаҳзаҳои душвортарин такягоҳи шумо мегардад, ӯро аз худ наронед.
-Раҳмат! Шуморо ҳам ба чунин рӯзҳои нек худованд бирасонад.
Пас аз ин мо ба Ҳабиби Давлатова занг задем, то бифаҳмем, ки аз келини нав розист ё не.
-Салом апаи Ҳабибаҷон!
-Салом! Мебахшед, шуморо нашинохтам.
Ман Шабнам, хабарнигори сомонаи Оила.ТЧ.
Дар хона ҳастед ё дар ягон базм?
-Навакак ба кошонаи ҳусн омадам, интизори машшота нишастаам.
-Келин кардед, акнун дастатон хеле сабук шуд. Муборак бошад хонаободии ду ҷавон!
-Раҳмат! Чунин хушбахтиро ба шумо ҳам орзу мекунам.
-Ростӣ, ман ҳеҷ гумон надоштам, ки Ҳабиба Давлатова бо чунин ҷавониаш писари баркамоли ба домодӣ тайёр дорад...?
-Духтари Рустами Нурро ба ҷиянам келин кардем, вале вай барои ман мисли фарзанд аст, чунки худам калонаш кардаам.
-Фаҳмо! Хайр, аз келин розӣ ҳастед ё не?
-Аз тӯяшон ҳанӯз як ҳафта ҳам нагузаштааст, барои ҳамин ҳоло ба келин баҳо додан душвор, вале барои ман аз ҳама муҳимаш хушбахтии ҳамин ду ҷавон аст. Ҷавонҳо бо меҳру муҳаббат зиндагӣ кунанд, кофист. Мо танҳо дуогӯи бахту саодати онҳо ҳастем.
-Бори дигар муборак бошад! Ба хоҳаратон Моҳира Тоҳирӣ салом расонед.
-Ҳатман мерасонам. Вақт ёфта ягон рӯз ба меҳмонӣ биёед, якбора арӯсро ҳам мебинед.
-Иншооллоҳ меоем. Ташаккур барои сӯҳбат.