Шаби 8 ба 9-уми июн як ҷавонмарди 34 солаи нораки, ҳангоми рондани Гидросикл дар ин обанбори Норак ғарқ шудааст.
Ҳодисаи мазкур дар наздикии бӯстонсарои Карел тақибан соатҳои 8-9-и шом рӯй додааст. Аз рӯи гуфтаи шоҳидон ронандаи гидросикл Ҷӯрабек ва ду меҳмоне, ки бо нияти тамошои Норак омада буданд, ба коми амвоҷи дарё рафтанд. Як шоҳиди ҳодиса бо шарти ифшо накардани ному насабаш гуфт, ки Ҷӯрабек ва бародаронаш дар бӯстонсаройи Карел кор мекарданд. Онҳо соҳиби чанд гидросикли шахсӣ буданд ва меҳмононро ба тамошои Норак бурда, аз ҳамин ҳисоб маблағи хуб ба даст меоварданд.
Шаби ҳодиса меҳмонон аз Ҷӯрабек хоҳиш мекунанд, ки онҳоро ба сайри Норак барад. Дар байни об онҳо аз ронанда талаб менамоянд, ки суръати гидросиклро тезонад , то аз вазиши бод ва тамошои амвоҷи пуртуғёни Норак ҳаловат баранд. Ин саросемагӣ боиси дар бозгашт чаппа шудани гидросикл гашта, дар як лаҳза ҷони Ҷӯрабек ва ду меҳмони ҳамроҳашро рабуд. Шоҳидон мегӯянд дарҳол ба гидросиклҳо нишаста ба кӯмаки эшон шитобидем, аммо наҷот додани Ҷӯрабек ва ҳамрҳонаш ба мо муяссар нагашт.
Ҷисми беҷони ду меҳмонро, ки аз куҷо буданашон маълум нест, ба соҳил бароварданд, аммо ҷасади Ҷӯрабек то ҳол пайдо нашудааст.
Як хеши ҷавони маҳрум мегӯяд, Ҷӯрабек бачаи ситорагарм ва шухчақчақ буд. Вай ҳар саҳар ба бӯстонсарои Карел омада, меҳмононро ба сайри Норак мебурд ва аз ҳамин ҳисоб зиндагии зану фарзандонашро пеш мебурд, аммо амвоҷи пуртуғёни об оқибат сари ин ҷавони меҳрубонро хӯрда, ӯро ба коми худ кашид. Аз Ҷӯрабек се фарзанди хурдсол ятим монд.