Дар шаҳри Вермонт Этан Зоннеборни 14-сола номзадии худро ба мақоми губернатори иёлот мондааст.
Тавре писарбача иброз намудааст: «Аксари сиёсатмадорон танҳо дар фикри иттиҳодияву манфиатҳои шахсии худ ҳастанд. Фикр мекунам, ки насли ҷавон аз уҳдаи роҳбарии иёлот хубтар мебарояд». Дар сурати ба даст овардани ғолибият, писарбача таҳсилро партофта, рӯ ба сиёсат меорад. Вермонт ва Канзас —ягона иёлотҳое ҳастанд, ки дар он барои номзадӣ ба вазифаи губернаторӣ дар синну сол маҳдудият вуҷуд надорад. Дар Канзас номзади хурдтарин 16 сол дорад.