sebiston july new
Рустам дар Русия бе ному нишон гашт
2826


Рустам ном ҷавони 23 солаи тоҷик дар Русия бе ному нишон гум шудааст ва модараш бо ашки шашқатор ӯро меҷӯяд. Ин ҷавонро дар Русия аксарият бо лақаби Рустик мешинохтанд.

Рустам дар як тарабхона ба сифати пешхизмат кор мекард. Моҳи октябри соли гузашта хабари марги падараш ба гӯши ӯ расида, аз дарду алам хаёлӣ мешавад ва пас аз чанд рӯз ғайб мезанад. Пайвандонаш баъди ҷустуҷӯҳои зиёд, моҳи марти соли равон Рустамро тариқи интернет пайдо мекунанд. Модараш ба ӯ пул мефиристад, то ки чиптаи ҳавопаймо харида ба Ватан баргардад, аммо то имрӯз модар ба дидори писари азизаш нарасидааст. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо ин ҷавон дар шаҳри Ростови Русия қарор дошта, ягон ҳуҷҷати муаянкунандаи шахсият надоштааст, аммо ин овоза то куҷо ҳақиқат дорад, маълум нест, зеро чанд моҳ боз телефони Рустам хомӯш буда, аз ӯ ягон хату хабар нест. Модари чашминтизори Рустам аз тамоми шахсоне, ки писарашро дар ягон ҷо дидаанд ва ё дар борааш маълумоте доранд, хоҳиш ва илтиҷо менамояд, ки ба ӯ дарак диҳанд. Орзуи ягонаи ин модари ба дидори писар он аст, ки ақаллан як бор садои фарзандашро шунавад.

Шахсоне, ки дар бораи ин ҷавон чизе медонанд, метавонанд ба идораи сомонаи ОИЛА-ТЧ муроҷиат намоянд ё ба рақамҳои зерин занг зананд: 93-180-77-81

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД