Ҳамсояамон Моҳнисо ду сол боз дар Русия аст. Ин зани бетақдир аз шавҳараш ҷудо шуда барои хӯрондану пӯшондани фарзандонаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд.
Ду духтараш дар маҳаллаи Гипрозем зиндагӣ мекунанд. Модарашон ҳар моҳ аз Русия ба онҳо пул мефиристад, вале ин ношукрҳо обрӯи модарро резонда чунон корҳое мекунанд, ки ба гуфтан забони кас намегардад. Шабу нисфишаб кавалерҳояшонро ба хона оварда бо мардҳои ношинос то саҳар айшу ишрат мекунанд. Борҳо ба ин духтарҳои беақл гуфтам, ки дигар ин номаъқулиашонро накунанд, модарашон фаҳмад, меранҷад, вале ба гӯшашон на панд медарояду на насиҳат. Ба ҷойи шарм доштан лабашонро бурма карда «ҳар кас ба духтари худаш кор гирад, ҳамсоя» мегӯянд. Дилам ба ҳоли Моҳнисо месӯзад, бечора занак дар ҳамин фасли сард дар яхбандиҳои Русия бо сад азоб кор карда истодааст, ки фарзандонам гуруснаю луч намонанд, вале ин худобехабарон пулҳои бо сад ранҷу ситам ёфтаи модарашонро сарфи буққаҳояшон мекунанд. Бероҳа шуданашон як бало, бар замми ин боз шароб ҳам менӯшанд. Шабу нимашаб аз дискоклубҳо масту аласт омада доду фарёдзанон тамоми биноро ба сарашон мебардоранд. Аз доду войи онҳо на одами беморро хоб мебараду на одамони коргар шабро осуда саҳар карда метавонанд. Ҷони мо, ҳамсояҳоро ба лабамон расонидаанд ин духтарони бероҳаю беҳаё. Аз ҳамин хотир ба «Оила» муроҷиат намудам, ки бо воситаи саҳифаи «Муҳоҷир» ба Моҳнисо бигӯям:
Ҳамсояҷон, тезтар баргашта духтаронатро соҳибӣ кун, ки фоҳишаи таппа тайёр шудаанд! Ту дар мулки ғурбат азоб мекашию ин бешармҳо бо рафтори бадашон дар ин ҷо туро шарманда карда гаштаанд. Метарсам, ки ягон рӯз ба СПИД ё ягон балои дигар гирифтор нашаванд. Обрӯро бо пул харида намешавад, Моҳнисо, баргард!
И., аз Гипрозем