Ромизи Парвиз, сароянда, шоир ва оҳангсози ҷавони тоҷик чанд қабл писадор шуд. Мегӯянд, ки кас то худ падару модар нашавад, ба қадри заҳматҳои волидон намерасад. Пас аз тавлиди писар дар руҳияи Ромиз чи тағйироте ба вуҷуд омад?
-Ҳар як мард орзу дорад, ки соҳиби писар шавад. Шумо ҳам ташнаи писар будед ё духтарча мехостед?
-Аслан ҷинси кӯдак бароям аҳамият надошт, чунки ман ташнаи фарзанд будам. Сад шукри худованд, орзуям амалӣ гашт ва соҳиби писарча шудам.
-Шербачаро чӣ ном гузоштед?
-Ман мехостам Мубориз ном гузорам, вале “шеф”-и хона Парвиз Пулодӣ номи ким-кайҳо дар умқи дил пинҳон кардаашонро ба набераашон гузоштанд-Иқболҷон!
-Падар будан душвор аст ё осон?
-Падар будан масъулияти азим будааст. Нав дарк кардам, ки падару модарам ар тарбияи ман чи қадар заҳмат кашидаву бо чи азобҳо маро ба камол расонидаанд. Пас аз писардор шудан ба қадри волидонам бештар мерасидагӣ шудам.
-Фарзанд бодому набера мағзи бодом мегӯянд. Иқболҷон азизи дили бобою бибиаш будагист?
-Оҳ напурсед! Модарам кӯдакро шабу рӯз дар замин намонда, мудом дар оғӯшашон гирифта мегарданд. Гумон мекунам, ки акнун аз ман дида, писарамро бештар дӯст медоранд. Метарсам, ки кӯдак аз ин меҳрубониҳои бибию бобояш эрка нашавад. (механдад)
-Худованд умри Иқболҷонро дароз намояд ва дар оянда номбардори падару модар ва бобою бибаш гардад!