Дирӯз дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб дар наздикии мавзеи Ҳушёре як автомашинаи сабукрав ба дарё афтидааст.
Ҳангоми аз роҳ баромада ба дарё паридани мошин писарбачаи тақрибан 12-сола ва як мусофири дигар аз тарс худро ҷонҳавл аз мошин ба берун ҳаво медиҳанд ва сарашон ба харсангҳо зада, ҷароҳатҳои ниҳоят вазнин мебардоранд.
Дилором Зунунова, як шоҳиди ҳодиса дар саҳифаи файсбукиаш навиштааст, ки сари писарак ва марди аз мошин худро ҳаво дода ба харсангҳо бархӯрда, дар як лаҳза дар хуни худ ғарқ гаштанд. Ба назар чунин мерасид, ки писарак ҷо ба ҷо мурд, вале баъдтар маълум гашт, ки хушбахтона ҳарду зиндаанд.
Ба қавли Дилором, ҳаёти ронанда ва мусофирони дигари мошин низ дар сари як мӯй бозӣ мекард. Мошин дар байни дарё дармонд ва ронандаю мусофири ҷон ба саломат бурда бо азобҳои алим хазида-хазида ба болои капоти мошин баромаданд.
Шоҳидони ҳодиса қариб 10 мошини раҳгузарро нигоҳ дошта, хоҳиш кардаанд, ки писарак ва марди захмӣ шударо ба ягон беморхона бубаранд, аммо касе ин кори хайрро бар дӯш гирифтан намехост. Ронандагоне низ буданд, ки худро нодида вонамуд карда, бепарвоёна гузашта мерафтанд.
“Хушбахтона, дунё бе одамони нек нест ва ниҳоят як ҷавони чорбоғӣ пайдо шуда, ҳамроҳи ду-се рафиқаш ҷабрдидагонро аз коми марг наҷот дод. Мошин аллакай дар байни дарё алвонҷ мехӯрд, агар ин ҷавон камтар дер мекард, ронандаю мусофир аниқ ба коми дарёи одамхӯр афтида, дар байни амвоҷи пурталотум ҷон ба ҷонофарин месупурданд” мегӯяд Дилором.
Ҳамин тавр, бо кӯмаки одамони нек тамоми зарардидагони ин фоҷиа, аз ҷумла он писараки 12-сола ва ронандаю мусофирони дигари мошин ба беморхона интиқол дода шуданд.
Дар охири нақлаш Дилором Зунунова бо таассуф менависад, ки аз сар задани ин ҳодиса қариб як соат гузашта бошад ҳам, на аз кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулода дарак буд ва на аз табибон, агар рохгузарон ба имдод намешитофтанд, эҳтимол ҳамаи касоне, ки дар он мошини фалокатзада буданд, ҷони худро аз даст медоданд...