Arzon march 2024
Шоира дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуд
9792


Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади ин ҷавондухтари 21-соларо ба хок супурданд. Тавре ки шоҳидони ҳодиса ба хабарнигори сомонаи ОИЛА-ТЧ гуфтанд, Шоира Ғуломова дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст...

Шумораи занону духтароне, ки аз таънаю маломати хешу табор, мушту лагади шавҳар ва ҷабру ҷафои хушдоману хоҳаршӯй ба ҷон расида, худро ба коми дарё мепартоянд, сол то сол меафзояд, аммо ҳодисае, ки мо ин ҷо зикр мекунем, ба худкушию зӯроварии хонаводагӣ ягон иртибот надорад. Духтараке, ки қурбони амҷови пуртуғёни дарёи Кофариниҳон гаштааст, дар оилаи солим ба воя расида, ягон мушкилоте надошт, ки боиси даст ба худкушӣ задан гашта тавонад. Шоира духтари дӯстдоштаи хонадон ва гули сари сабади хешу табор буд, аммо тақдири бераҳм ин гули хушбӯйро дар айни шукуфоии умр решакан намуд.Тавре ки Умедҷон, шоҳиди ҳодиса мегӯяд, ҳамон рӯз ӯ дар соҳили дарёи Кофарниҳон бо моҳидорӣ машғул будааст. Як вақт духтари ҳамсояашон Шоира пайдо шуда, боодобона бо ӯ аҳволпурсӣ мекунад ва таъкид менамояд, ки эҳтиёт шавад, мабодо барои як моҳӣ шуда, ба коми дарё фурӯ наравад. Пас аз ин духтарак зарфи пур аз партовро дар як гӯша холӣ карда, бо мақсади шустани сатил ба соҳил бар мегардад. Вақте ки Шоира барои гирифтани об хам мешавад, якбора пояш лағжида ба дарё меафтад. Амвоҷи пуртуғёни дарёи Кофариниҳон дар як лаҳза ҷисми наҳифи духтарро дар коми худ печонда, мисли аждар фурӯъ мебарад.
Умедҷон аз марги фоҷиавии Шоираи нозанин афсӯс хӯрда, мегӯяд, ҳарчанд кӯшиш кардам, натавонистам ҳамсоядухтари ба мисли фаришта покамонро аз марг наҷот диҳам.
Кофариниҳони одамхӯр танҳо баъди маргаш ҷасади Шоираи нокомро ба соҳил баровард. Пайвандону наздиконаш ҷисми беҷони Шоираро бо нолаҳои зор дар оромгоҳи деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД