Сарояндаи ҷавон ва боистеъдоди тоҷик Фаррух Ҳасанов дар озмуни бонуфузи байналмилалии мусиқии «Интервидение» баромад намуда, Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
Дар ин бора имрӯз Матлубахон Сатториён, Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст.
Тавре ки вазир зикр намудааст, Фаррух Ҳасанов аллакай барои иштирок дар ин озмуни бонуфузи мусиқӣ даъватнома гирифтааст. Озмуни байналмилалии мусиқии «Интервидение» моҳи сентябри соли равон дар Русия баргузор хоҳад гашт.