Arzon march 2024
Саида шавҳари Саёҳатро ҷоду кард
2139

 

Саёҳат ном дорам. Ҷавонзани бадбахте, ки ба маслиҳат шумо ниёз дорад. Ҳанӯз айёми мактабхонӣ ба ҷавоне дил бастам.

Вай ҳам ба гуфти худаш маро дӯст медошт ва ҳар рӯз дар гӯшам қиссаи ишқу муҳаббат хонда, қасам болои қасам мехӯрд, ки то охири умр ҳамсафарам хоҳад гашт. Мани сода ба гапҳои ширини ӯ бовар карда, хаёлан қасри бахт месохтам, аммо баъдтар маълум шуд, ки ошиқи дуруғгӯям аз замони кӯдакӣ номзад дошта, бо духтари холааш гаҳворабахш будааст. Пас аз хатми мактаб волидонаш ӯро бо ҳамон духтар хонадор карданду риштаи умеди ман бурида шуд. Аз байн чанд вақт гузашту маро ба ҷавонмарде ба шавҳар доданд. Пас аз тӯй фаҳмидам, ки шавҳарам пеш аз ман як зани дигар гирифта будааст ва аз ӯ як писарча ҳам доштааст.


МОДАРИ БАЧАКУШ КӮДАКРО ДАР ГАҲВОРА КУШТ


Ҳарчи бодо бод гӯён, ба тақдир тан дода, зиндагиамро бо ин марди зандида идома додам. Аввалҳо муносибатамон бад набуд, вале баъди духтарча таваллуд карданам, шавҳарам аз ман ким-чихел дилхунук шуда, дигар ба ман аҳамият намедодагӣ шуд. Шабҳо ба хона намеомад, дар куҷо буданашро пурсам, ба сарам дод зада мегуфт, ки вай дар назди зану бачааш буд. Тоқатам тоқ шуда қаҳр карда ба хонаамон омадам. Чанд вақт шуд, ки дар хонаи волидонам зиндагӣ мекунам. Зани якумаш бо муллогӣ ва сеҳру ҷоду чунон сари шавҳарамро тоб додааст, ки ману духтарчаашро суроғ намекунад. Ояндаи духтарчаамро фикр карда, ҷигархун мешавам, ки ин кӯдаки бечора бе падар чӣ хел калон мешуда бошад. Шавҳарам ҳанӯз талоқи маро надодааст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Ба хонаам баргардам ё аз шавҳарам талоқамро талаб карда, аз паси зиндагии худ шавам?

Саёҳат, ш.Душанбе

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД